(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Имрӯз истифодаи истилоҳи «фейк» мӯд шудааст. Баъзе ба маъниаш сарфаҳм меравад, дигаре намедонад. Ҳамин дирӯз буд, ки як дӯсти донишгоҳиамро сари роҳ   дидам ва дарҳол аз ман пурсид, ки «фейк» чист? Ҳамоно ба ҷои посух пурсидамаш, ки дар куҷо хондӣ?

- Гуфт: дар мақолае дар интернет. Пай бурдам, ки туҳматномаи навбатии Кӯри Юнусро хондааст ва ҷавоб додам:

- «Фейк» асосан тахаллуси дурӯғини муаллифи мақола, навиштор, матлабро мегӯянд. Вале фарохтар аз он, агар ба умқи масъала равем, инсонҳоеро дармеёбем, ки худашон дар ҳаёт «фейк»-анд. Масалан, худи Кӯри Юнус. Кист ӯ?

Шахсе, ки мазҳаби аҷдодиашро фурӯхту шиа шуд.

Зани ҳалолу муштипарашро даст ба даст карду кушт, яъне беномус шуд.

Ватану миллати худро фурӯхт, яъне ватанфурӯш шуду асолатбохта.

Аз ҷавҳари инсоният дигар дар ниҳоди ӯ чӣ боқӣ мондааст? Ҳеҷ чиз. Пас ӯ «фейк» аст. Фейки хоҷагони охундаш. Ҳар матлабе менависад ва ҳар сухане, ки мегӯяд ҳеҷ гоҳ моли худаш нест. Гуфтору афкоре ҳастанд, ки дар мағзаш ҷо мекунанду аз забонаш берун мекашанд. Ҳатто ҳарфу истилоҳоте, ки баён медорад, моли онҳост. Сару либос, айнакгузории чашмаш,  ишваю ноз, ишора, шеваю тақлиди гуфтораш охундист. Чунин инсон ҳаргиз дигар шахсият нест. Фейки дигар шахсиятҳост.

Кӯри Юнус  ҳам нобинои ақлонист ҳам ҷисмонӣ. Пирони мазҳабиаш бо дасти ӯ талош мекунанд, ки дар Академияи илмҳо нифоқ ангезанд. Дирӯзи дурахшону равшани Академияи илмҳои Тоҷикистонро бо имрӯзи  боз ҳам рӯшантараш муқобил гузоранд. Шармашон ҳам намеояд, ки барои ба забон овардани ин даргоҳи муқаддас ҳатто ҳаққи маънавӣ надоранд.

Ҳай-ҳай-ҳай. Сад войи шумою фейки нобинои шумо!

Магар ҳамин шумо набудед, ки мехостед чароғистони илми тоҷикро ба торикистону ҷаҳолатистон табдил диҳед?

Магар дастуру маблағи охундии шумо набуд, ки барои қатли ваҳшиёнаи академикҳои тоҷик, устодон Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Моёншо Назаршоев ва даҳҳо пайравону шогирдони онҳо истифода гардид?

Ҳамаи ҷиноятҳоятон собит шуданд. Вале ҳатто бари рӯятон сурх нашуд. Зеро шарму изо дар вуҷуди бешарафатон ҷойгоҳ надорад. Ончунон бешармед, ки  аз дар бароранд аз тиреза медароед.

Ростӣ дар ҳаёт ҳаргиз ҳампою ҳамқадаматон набудааст. Тибқи фатвои сохтаю бофтаатон нигини ангуштарӣ даруни мушт тоб дода, дурӯғ мегӯед, бӯҳтон мебофед, фиреб мекунед.

Ба ту Кӯри Юнус – сиғаи пирони охундат писанд наомадааст, ки олимону ходимони Академия дар баробари ақидаю андешаҳои мағзхӯри аз ҳазорсола барои туву пиронат ва наҳзати пӯсидаи террористиатон меросрасида, садо баланд кардаанд.

Ин танҳо садои Академия нест.  Овози тамоми сокинони маърифатпарвар, босавод ва хоҳишманди тарзи ҳаёти дунявист, ки алорағми тамоми талошу ҷонканиҳои хоҷагонат роҳи фардои худро дар ҳамин Академия ва донишсароҳои дигар мебинад.

Садои миллатест, ки Мӯъҷизаи аср – Роғунро сохт. Нақбҳо, роҳу шоҳроҳоро бунёд кард. Душанбеи нозанинро чароғистону гулистон кард. Дору нодорашро барои созандагию ободонӣ сарф кардаву мекунад. Аммо ту кури маънави инро намебини, чунки кур астию аз акл берун.

На чун хоҷагони ту – эй Кӯри Юнус, ки «гурусна дар хонаю садақа биёбон» мекунанд. Миллионҳо маблағро барои ноором сохтани вазъи кишварҳои минтақа, дастгирии гурӯҳу ташкилотҳои террористӣ, қатли ваҳшиёнаи афроди саршиносу мондагор сарф мекунанд.

Барои ту кӯри худу бинои бегонагон ман ҳам фейкам. Фейке, ки ҳақиқатро бар чеҳраи фитнагару хиёнатпешаат мекашад. Бидон, ки  ҷомеаи тоҷик дигар ҳаргиз ба иғвою дасисаҳои террористони наҳзатӣ,  кӯрони таблиғгараш ва падарони охундашон дода намешавад ва намегузорад, ки саҳифаи сафедии таърихи миллатро бори дигар бо доғи беҳувиятӣ   сиёҳ  созед.


Эҳсони Қурбон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...