(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altМардуми сулҳпарвару адолатхоҳи кишвар хизматҳои бузургу шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамарўзу ҳамасоат мебинад, мушоҳида мекунад ва ба номи шарифу аъмоли мондагорашон арҷ мегузорад.

Таърих ёд дорад, 26 сол муқаддам, 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти барои халқу ватани мо ниҳоят ҳассосу сарнавиштсоз доир гардида, дар он марди ҷасуру диловар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва ба мардуми чашмнигарон муроҷиат намуданд: «Ман ба шумо сулҳ меоварам!»

Дар кўтоҳтарин фурсат ин нияти мубораки миллатсоз бо талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат пиёда гардида, ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари моро ҳамчун узви ҷудонопазири хеш шинохт. Дар баробари ин, таҷрибаи сулҳофариние, ки дар низоми таълимоти сиёсии Сарвари давлат ҷойгоҳи махсус касб кард, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ беназир эътироф шуда, ҳамчун намод ё модели оштии зидҳо дар давлатҳои рў ба ташаннуҷи сиёсӣ ба кор гирифта шуд. Аксарияти сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ, чун Кофе Анан, Владимир Путин, Нурсултон Назарбоев, Ян Кубиш, Муҳаммад Навоз Шариф, Кочерил Раман Нараянан ба ин таълимоти сиёсии сулҳофаринии Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, татбиқи онро дар воқеияти бархурдҳои сиёсии ҷаҳони муосир таъсиргузор ва муфид арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон, нақши Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар таҳкими сулҳи тоҷикон, балки пойдории сулҳ дар минтақа, хусусан кишвари ҳамҷавори Афғонистон низ бузургу носутуданист, ки иқдомоти наҷиби дар ин арса анҷомдодаи Сарвари давлати мо аз ҷониби аксари коршиносони масоили байналмилалӣ, сиёсатшиносону донишварон ва давлатмардону ходимони ҷамъиятии ватаниву хориҷӣ эътироф гардидааст. 
Аз рўзҳои нахустин Сарвари кишвар барномаҳои мукаммали давлатиро тарҳрезӣ намуданд, ки асоси онҳоро рушд ва эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, таҳкими истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ чун стратегия ва дурнамои тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол ташкил намуд. Дар бахши таҳкими истиқлолияти энергетикӣ дар кўтоҳтарин фурсат тибқи шартномаи сармоягузории шарикони боэътимоди стратегӣ ду нерўгоҳи бузурги барқи обӣ «Сангтўда-1» ва «Сангтўда-2» сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин раванд «Барномаи давлатии дарозмуддати бунёди силсилаи нерўгоҳҳои хурди барқӣ дар давоми солҳои 2009-2020» ба имзо расид ва даҳҳо нерӯгоҳҳои хурду миёна сохта ба истифода дода шуданд. Маркази барқу гармидиҳии Душанбе 2 (400 МВт), «Помир-1» ва нерӯгоҳҳои барқи обии хурд (30 МВт), сохтмони зеристгоҳҳои барқии 500 кВт «Душанбе-500», «Суғд-500», «Дастгоҳи тақсимкунандаи пўшидаи элегазии 500 кВт дар НБО-и Норак», зеристгоҳҳои барқии 220 кВт «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», хати интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол», хатҳои интиқоли барқи 220 кВ «Лолазор-Хатлон», «Тоҷикистон-Афғонистон», «Хуҷанд–Айнӣ» ва «Қайроққум-Ашт», хатти баландшиддати CASA-1000 ба шумор мераванд.
Аз соли 2008 сохтмони нерӯгоҳи азими аср-НБО «Роғун» дубора оғоз гардид ва 16 ноябр агрегати аввали ин иншооти бузург ба истифода дода шуд, ки марҳалаи муҳим дар таърихи истиқлолияти энергетикӣ маҳсуб меёбад. Фараҳмандиву ифтихор, ватандӯстиву садоқати мардуми Хуҷандшаҳр имрӯз бештар аён гардида истодааст, зеро бо талошҳои пайгиронаи абармарди дунёи сиёсат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мардумии кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин Кохи муҳташам бунёд гардид ва агрегати аввалини он ба истифода дода шуд. НБО «Роғун» на танҳо хонаҳои мардуми моро равшан месозад, балки чандин муаммои иқтисодии кишварро ҳал менамояд.
Дар бахши амнияти озуқаворӣ муҳимтарин корҳо ба анҷом расиданд. Ислоҳоти замин дар аввалин мавқеъи давлатдории Сардори давлат қарор дорад. Ба қавли худи Пешвои миллат, замин ба дасти соҳибаш расид. Деҳқон бо дастгирӣ ва пуштибонии Пешвои миллат соле як не, ду-се кишт мегузаронад ва ҳосили дилхоҳ мебардорад. Бо ин васила, деҳқони соҳибкор бозори кишварро бо масолеҳи деҳқонӣ фаровон намуда, ба хориҷи кишвар низ содирот карда истодааст.
Зина ба зина, сол ба сол ҳадафҳои созанда ва бунёдкоронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳалли худро ёфта истодаанд. Яке аз муҳимтарин ва муқаддамтарин ҳадафҳои ҳукумати Ҷумҳурӣ такмил ва рушд ёфтани соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Баҳри амалӣ гаштани ин ҳадаф Қонунҳои силсилапайванд ба мисли Қонун дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд», Қонун дар бораи «Танзими оила», Қонун дар бораи «Танзими анъана ва ҷашну маросим», Қонун дар бораи «Пешгирии зўроварӣ дар оила» ва ғайра аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расидаанд, ки дар пиёда намудани ин қонунҳо аҳли ҷомеа дастаҷамъона камари ҳиммат бастааст. Ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат дастур ва супориш доданд, ки шумори мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва муассисаҳои томактабӣ зиёд гарданд. Дар ин раванд Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд нақшаи мукаммал тартиб дод ва ба иҷрояш шурӯъ намуд.
Баҳри худшиносии миллӣ ва огаҳ будан аз меросдории ниёгон Пешвои миллат 1100-солагии давлатдории Исмоили Сомонӣ, 675-солагии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кўлоб, 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷик Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, зодсоли Мир Саидалии Ҳамадонӣ, 3000-солагии Ҳисори шодмон, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, «Соли тамаддуни ориёӣ», «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ», «Соли Имоми Аъзам» ва амсоли онро дар қаламрави кишвар эълом доштанд. 
Бо ибтикор ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаммои об дар сатҳи байналмилал аз соли 2003-юм мавриди омўзиш ва баррасии коршиносон қарор дорад ва барномаи навтарини «Об –барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» низ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқболи гарм ёфт.
Соли равон пас аз сукути анқариб бистсола муносибатҳои дипломатӣ ва дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии ӯзбекистон барқарор шуданд ва Президентҳои ҳарду кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев дар ин замина даҳҳо созишномаро баҳри рушди пайдарпайи муносибатҳо дар самти соҳибкорӣ, маориф, роҳу нақлиёт ва ғайра ба имзо расониданд. Бунёди муҷассамаҳои классикони тоҷику ӯзбек Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Тошканд амалишавии созишномаи фарҳангии ин ду кишвар маҳсуб меёбанд.
Баҳри ба ҳам наздик кардани халқи тоҷик ва расидан ба ваҳдати воқеии миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бозсозии роҳҳои мошингарди минтақаҳои кишвар шуруъ намуд, ки нақбҳои Истиқлол, Шаҳристон ва роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ мисоли рўшани ин иқдомоти Сардори давлат аст. Тавассути ин роҳҳо роҳи сокинони кишвар дар дохили ҷумҳурӣ наздик гардида, ба кишварҳои ҳамсоя –ӯзбекистон, Афғонистону Покистон, Ҳинду Хитой, Қазоқистону Қирғизистон низ равуо мустақиман фароҳам омад. Ҳоло ҳам бунёди роҳҳо, ки кишвари моро бо ҷаҳон мепайвандад, идома дорад. Дар яке аз сафарҳояшон Пешвои миллат изҳор доштанд, ки дар шаҳри Хуҷанд ягон кўча ва паскўча бе таъмир ва таҷдид намонад, ҳамаи роҳҳо бояд асфалтпўш гарданд… Ин аст, ки барномаи амалисозии бунёд ва таъмири роҳҳо дар Хуҷанд идома доранд.
Сокинони Хуҷандшаҳри бостонӣ аз ташаббус ва ибтикороти Пешвои сулҳовари миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди бунёди як қатор иншооти ҳаётан муҳим - Маҷмааи муҳташами Исмоили Сомонӣ, Варзишгоҳ, Қасри варзиши «20-солагии Истиқлолият», Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», Маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол», биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, Кохи матбуот, биноҳои нави Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва ДДҲБСТ, Кўдакистони Президентӣ, Меҳмонхонаи «Парламент», Мактаби хонандагони болаёқат, корхонаҳои истеҳсолии навбунёд бархурдоранд ва шукронаи онро мекунанд, ки Хуҷанди қадим, вале ҳамешаҷавон дар қатори дигар шаҳру навоҳии мамлакат бо суръати кайҳонӣ рушду нумӯъ мекунад.
Мардуми Хуҷандшаҳр аз ҳар мулоқоту сафари дохиливу хориҷии Пешвои миллат хуб бохабар аст ва ба заҳматҳои хастанашавандаи эшон эҳтиром мегузорад. Ҳар сӯҳбат, ҳар мулоқоти Пешвои миллат ба ҳар сокини шаҳри Хуҷанд ва фикр мекунам, ба мардуми кишвар як нерўи тоза, илҳоми саршори фаъолияти пурсамар медиҳад, зеро эшон бо як самимият, бо бовар ба мардум ва орзуи дурахшонтари фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳарф мезананд. Мардуми шаҳри Хуҷанд Пешвои миллатро ҳамчун Президенти мардумӣ эътироф кардааст ва аз ташаббусу ибтикороти нав ба нави Сардори давлат шод мегардад, зеро ин ҳама баҳри шукуфоии Тоҷикистон, баҳри зиндагии шоистаи мардум, барои ояндаи аз ин ҳам хубтари кишвар нигаронида шудааст.
Беҳуда нест, ки 15-апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» тағйирот ворид намуд, ки тибқи он 16 ноябр дар мамлакат ҳамчун «Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил карда мешавад. Интихоби санаи 16 ноябр тасодуфӣ нест: маҳз ҳамин рўзи соли 1994 нахустин маросими савгандёдгунии Президенти нави Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудааст.
Ҳамзамон, дар асоси қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз 26 октябри соли 2016 дар Қонун «Дар барои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» тағйиру илова ворид гардид ва тибқи он ба Асосгузори сулҳу ва ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми «Асосгузори Тоҷикистони соҳибистиқлол» дода шуд.
Ин ҳама арҷгузорӣ ба заҳматҳои арзанда ва шаборўзии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилал нигаронида шудааст.
Мардуми шарафманди Хуҷандшаҳр имсол Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо ифтитоҳи агрегати аввали Қасри нур - Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» дар як рӯз – рӯзи 16 ноябр рост омад, таҷлил менамояд. Воқеан, Рӯзи Президент бори саввум дар Тоҷикистони навину соҳибистиқлол таҷлил мегардад ва онро мардуми сарбаланду ватандӯсти Хуҷандшаҳр бо ифтихор аз Пешвои хеш, бо шукрона аз фазои солиму созанда, бо қадршиносии талошу меҳнатҳои эшон ва орзуи саодатмандиву дарозумрии Президенти баргузидаи халқ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил менамояд.
Рӯзи Президинети Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

Раиси шаҳри Хуҷанд
Маъруф Муҳаммадзода

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...