(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Тавре ки ҳамаи мардуми Тоҷикистон огоҳанд,  16 ноябри соли равон чархаи аввали НБО «Роғун» ба кор медарояд. Орзуи деринаи мардуми кишварамон амалӣ мегардаду саҳифаи наве дар таърихи миллат боз мегардад.

Албатта, ин рўзи таърихӣ, ки иншооти муҳими аср ба фаъолият оғоз мекунад ва Тоҷикистонро ба кишвари аз ҷиҳати саноати энергетикӣ ќудратманд табдил медиҳад, ҷашни бузург мебошад. Аммо ин тантанаҳои идона  барои мардуми созандаву ободкору худшиносу худогоҳ аст, на барои ду-се худбохтаи наҳзатие ки ба хориҷа фирор  карда, бо ҳарзагўиву дурўғпароканӣ нисбат ба ин ватану миллат хиёнат мекунанд.

Аз нигоштаҳои чанд рўзи охири бадтинатону бадфитратони наҳзатӣ ва дигар ғуломтабиатон рашку ҳасрат намудор аст. Ин дилсиёҳону бадниятон дар ҳамин рўзҳои фарҳабахшу фирўз  ќаламашонро танҳо ба сиёҳнависиву бадгўи истифода мебаранд. Дар ҳамин лаҳзаву соат бо андешаи ботилу бадбинонаи худ фазои иттилотиро бо суханони ғаразноку иғвоангезонаашон пур намудан, магар мухолифи манфиатҳои миллӣ  будани онҳоро нишон намедиҳад?

Ё ҳама пешрафтҳою хушиҳои зиндагиро бо чашми  баду нотавонбинонаи  худ бад шинохтану ҳисобидан мояи зиндагии чунин нафарон аст?

Дар  сархати расонаҳои ифротие, ки журналистикаро танҳо чун василаи бадгўиву иғроќпароканӣ дар мавриди сиёсату иҷтимои Тоҷикистон истифода мекунанд, сайтҳои хабарии «Аkhbor.com», «Payom.net», «isloh.net», «ozodandishon.com», «Vostoknews.org», «Кимиёи саодат» ва чанде дигар ќарор доранд. Инҳо ҳамагӣ вобастаи моддию маънавии ТТЭ ҲНИ ва сармоягузорони хориҷиашон ҳастанд, ки ба хотири ќути лоямут ва дар он ғарибиҳо намурдан аз гушнагӣ чунин амалҳои зиддимиллӣ ва зиддиинсониро анҷом медиҳанд. Боз нашармида инҳо (масалан, Мирзои Салимпур, Муҳаммадиќболи Садриддин ва ғайра) фаъолияти душманонаю хоинонаашонро «мубориза» ва пулҳои ба гадоӣ талабидаашонро «грант» меноманд.

Имрўз Роғун омили пешрафту инкишофи саноати Тоҷикистон мегардад, ба хонаву дари мардум рўшноӣ меораду ба дилҳои соҳибватанон нуру зиё ато мекунад. Аммо хоинону нотавонбинони  миллати тоҷик ҳоло ҳам дар торикию  зулмот боќӣ мемонад. Ин торикдилон имрўз баръакси мардуми кишварамон мотам доранду ғаму андуҳ онҳоро мехурад. Пас, ба ин ғуломтабиатони наҳзатӣ ва косалесони онҳо таъзия изҳор мекунем! Барои инҳо сабр хоҳонем, то дар оташи  ғаму андуҳ сухта хокистар нашаванд!


Диловари Хуршед


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...