(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҳар як фарди огоҳу бедор хуб медонад, ки душманону бадхоҳон ва  хиёнаткорони миллати тоҷик дар ҳама давру замон  муқобили манфиатҳои миллӣ баромада, ба хотири фоидаи шахсии худу хоҷагонашон оромию осудагии мардумро халалдор менамуданд ва монеаи пешрафти кишвар мешуданд. Барои онҳо миллату меҳан ҳеҷ арзише надорад ва ҳама вақт дар фикри душманӣ бо мардум ҳастанд.  Ин бадбахтону бешарафон ба миллат ва меҳан танҳо ва танҳо наҳсию касофатӣ меоранд. Онҳо ҳамеша аз бадию бадкорӣ ва ҷангу моҷаро сухан карда, ҳеҷ гоҳ сулҳу осоиштагӣ ва рушду пешрафтро дида наметавонанд. Аз кўчактарин ҳодисаи бад, як воқаи воҳиманоку даҳшатбори гўшношунид сохта мебароранд, ки ҳар фарди огоҳ аз асли воқеа онро мутолиа намояд, ҳуш аз сараш мепарад.

Бо вуҷуди ин ҳама бадкорию бадкирдорӣ, душманию хиёнаткорӣ ва иғвоангезии онон тавассути пойгоҳҳои хабаррасониашон, ки бо номҳои «Payom» ва «Akhbor» маълуманд, Тоҷикистони азизи мо дар тамоми самтҳо рушд менамояду мардум дар фазои сулҳу дўстӣ ва ваҳдату ягонагӣ осудаҳолона умр ба сар мебаранд. Ин хушию хушбахтии мардум ва рушду инкишофи Тоҷикистонро дида, душманону бадхоҳон ва ҳасудхўрону нотавонбинон аз рашку ҳасуд меноланду месўзанд. Чунки босираи бадбинонаи ҷуғз танҳо ва танҳо манзараҳои ҷангу ҷидол, вайронаю хароба ва даҳшату душманиро дида метавонад. Кормандони пойгоҳҳои террористонаю экстремистонаи иттилоърасонии «Payom» ва «Akhbor» ҳам мисли ҷуғзоне мебошанд, ки табиат онҳоро ба сурати инсон офаридааст. Дар асл, онҳо ҷуғзҳои одамсурат буда, манзараи зебову дилрабои мисли Тоҷикистонро вайронаю валангор ва ҷангзадаю пастрафта дидан мехоҳанд.

Барои мардуми шарифи Тоҷикистон чи гуна дидани ватани  маҳбубу  чи гуфтани ин душманону хоинон ва худбохтагону хиёнаткорон ҳеҷ аҳамияте надорад. Зеро халқи тамаддунофару фарҳангпарвари тоҷикистонӣ хуб медонад, ки: «Саг аккос мезанад, корвон бо роҳи худ меравад» ва «Саге буд дар дашт, Г.. хўрда мегашт…». Вале, ин беномусону бешарафон бар пояи саг ҳам нестанд ва ҳатто, пасттар аз саги дайдую оворагарданд. Ин афрод он қадар бешарафу беномус ва тангназару кўрдил ҳастанд, ки заррае пешрафту рушдро дида наметавонанд.

Имрўз, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кардани иншооти бузурги аср, кохи нури Тоҷикистони соҳибистиқлол - Неругоҳи барқии обии «Роғун»-ро истиқбол менамояд. Аммо ин бадбахтону рўсияҳон ва бешарафу беномусони наҳзатӣ аз ғаму ғусса ва гиряву нола гўлугир шуда, ҳар шабу рўз чун ҷуғзҳои бадхоҳ месўзанду меноланд.

Имрўз ҷавонмардони таҳамтантинату қавииродае, ки бо азму иродаи қавӣ, дар қаъри кўҳ шабҳои тору фаслҳои гарму сард барои қомат  афрўхтану рафшанӣ афкандани ин иншооти муҳташами минтақа ҷоннисориҳо карданд, ид доранд. Дар фазои кишварамон рўҳияи ҷашну идона ҳукмфармост. Одамоне ки дар сохтмони мазкур меҳнат кардаанду монеаҳои зиёдро паси сар кардаанд, имрўз ашк мерезанд, ашки шодию хурсандӣ!

Вале имрўз гиряву нолаи кормандони пойгоҳҳои террористонаю экстремистонаи наҳзатии «Payom» ва «Akhbor»  гиряи наҳсию касофатӣ аст. Онҳо муваффақиятҳои мардуми шарифи Тоҷикистон ва нуру зиёро  дидан намехоҳанд, зеро дар дилҳояшон танҳо бадию торикӣ мавҷуд аст.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҷавонмардону рустамтинату қавииродеро, ки дар бунёди Неругоҳи барқии Роғун саҳм гузоштаанд, табрику шодбош мегўем!

Ҳамзамон, изҳори тасаллият ва таъзияи амиқи худро ба душманону ҳасудхўрон ва худбохтагону хиёнаткорон, ки дар паси компютерҳо  нишаста, бо супориши хоҷагонашон дар пойгоҳҳои «Payom» ва «Akhbor» ҳар гуна суханони сохтаю бофта ва дурўғро зидди давлату миллат паҳн мекунанд, ирсол медорем.


Бо эҳтиром,

Нодири ҚОДИР, таҳлилгар


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...