(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Барҳақ мегӯянд, ки душман ҷуз бадӣ намебинад, дӯст ҷуз гулистон. Табиати душман ҳамин аст, ки ҳамеша кӯшиш мекунад то дар манзараи шаффоф нуқсон ёбад, камбудӣ ҷӯяд, агар дарёфт карда натавонад, ҳатман ба тӯҳмат, бадгӯӣ ва чирккобӣ оғоз мекунад. Агар нафаре ё ҷамъияте ба бурдбориву муваффақият, бахтиёриву хушбахтӣ ва ҷаҳонишавию созандагӣ рӯё оварад ва дар ин роҳ комёб  гардад, табиати нопоки душман бештар ҳамон вақт фаъол мегардад.

Айнан имрӯзҳо бурдбориву муваффақияти миллати тоҷик, бурдбориву созандагии халқ зоҳиру ботин, андешаву табъи палиди ҳамин хоинони Ватан, ба монанди Кабирию  Варқӣ, Юнусу Нуриддин ва даҳҳо пайравону алоқамандони ин фурӯмоягонро ба ташвиш овардааст, зеро табиати муғризона ва нопоку муфлиси хоинони Ватан, чун кирми саргин танҳо ба наҷосат хӯ кардаасту халос.

Инак аввалин агрегати НБО “Роғун” ба кор оғоз мекунад ва мардум ин рӯзро чандин сол ин ҷониб интизор ҳастанд. Миллати тоҷик чӣ рӯзҳои сахтеро паси сар карданд. Ҳама аз якгиребон сар бароварда, ҳолатҳои вазнинро гузарониданд. Бархилофи хоинону ватанфурӯшон ба ҳар ҷониб, мисли муши таги бурё гурез накарданд, ба дастурхони худ сангпартоӣ накарданд, ба намакдони худ ношукрӣ накарданд, баръакс шукр карданд, меҳнат намуданд ва имрӯзҳо ба ин муносибат хушнудиву сурур доранд. Азбаски ин душманони миллат худ аз саодат бебаҳраанд бо ҳар роҳ мехоҳанд бадгӯӣ нисбат ба ҳар кору рафтор, чорабиниву идҳои мардум кунанд.

Рӯзи дигар аз омадани ҳавои сард, ки ин тағйирёбии иқлим дар тамоми сайёра идома дорад, онро чун “офат” маънидод намуда, монанди хари белаҷом бо овози баду ликиданиҳои худ дар миёни мардум мехоҳанд як навъ ҳаросу ташвиш ворид намоянд ва бо ин роҳ мехоҳанд табъи мунаввари халқро халалдор созанд. Вале як нуктаро дарк намекунанд, ки ин ҳангосаи онҳоро дигар миллати тоҷик намешунавад ва шунидан ҳам намехоҳад ва агар шунавад ҳам, баръакс ба онҳо лаънат мегӯяд.  Зеро шахсе, ки як намунаи хурсандии мардумро ба маърази тамоми олам ҳамчун масхара рӯнамуд мекунад, ё ин ки якбора ба сари мардум омадани сарморо ҳамчун хурсандии худ қабул намуда, ба ҷои дистгирӣ руҳи мардумро мехоҳад, ки шиканад, ин навъ одамсуратон чигуна метавонанд ба дастгирии мардум умед кунанду худро аз миллати тоҷик шуморанд. Яъне ин девсиратон мехоҳанд бо ин роҳ аз хоҷагони хориҷии боз пулу мол гиранд, гурезгоҳи муваққатии худро устувортар созанд, аммо онҳо медонанд, ки рӯзе ба ин кирдорҳои худ ҷавоб хоҳанд дод


Исроил Ҳамдамов


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...