(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ бахшида ба 60 солагии фаъолияти эҷодиёт ва 80 солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ифтихории Арбоби ҳунари Тоҷикистон, аъзои фаъоли Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод маҳфили бошукуҳ баргузор гардид.

Маъруф Муҳаммадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд зимни ироаи номаи табрикотии худ аз ҷумла қайд намуд, ки дар ҳаёти ҷомеа, алалхусус дар ҳаёти иҷтимоию фарҳангии ҳар халқу миллатҳои мухталифи олам илму маърифат нақши муҳим дорад. Маҳз донишу ҳунар, мероси илмиву маънавии эҷод намудаи ин қабил бузургон барои рушду нумўи давлатҳо мусоидат кардааст.

Таъкид шуд, ки тоҷикон низ бо бузургону абармардони хеш ифтихору сарбаландӣ доранд. Бисёр хушнуд аз онем, ки имрўз устод Муҳиддин Хоҷазод дар қатори бузургони миллат бо унвонҳои, муҳимтар аз ҳама ҳамасру ҳамнафаси мо ҳастанд. Устод Муҳиддин Хоҷазод бо азму иродаи қавии эҷодӣ дар рушди адабиёти муосири тоҷик, тарғиби беҳтарин анъанаҳои насрнависӣ ва сохтмонҳои бузурги аср – Нерўгоҳҳои обии барқии «Норак», «Сангтўда» ва «Роғун», баланд бардоштани фарҳангу маънавиёти мардум, тарбияву камолоти насли ояндасоз нақши бориз ва арзанда гузоштаанд.

altАсарҳои пурмазмун ва ҷолибу тозаэҷоди устод Муҳиддин Хоҷазод ҷанбаъҳои муҳими созандагӣ ва бунёдкории фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, халқи меҳнатӣ ва дастовардҳои муҳими даврони Истиқлолиятро тараннум намуда, онҳо дар дили ҳазорҳо нафар хонандагони ашъори нотакрорашон маъво гирифтаанд.

Сипас, аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо назардошти фаъолияти пурмаҳсули эҷодиву ҷамъиятии ба Муҳиддин Хоҷазод унвони «Шаҳрванди фахрии Хуҷанд» тақдим карда шуд.

Тоҷибой Султонзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд номаи табрикотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба Нависандаи халқии Тоҷикистон, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Муҳиддин Хоҷазод расонд.

Ҳамчунин раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагон Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ва гуруҳе адибон устод Муҳиддин Хоҷазодро бо 60 солагии фаъолияти эҷодиёт ва 80 солагии рузи милод таҳният гуфтанд.

Ровии хушбаён Аслам Каримов ва аҳли ҳунари шаҳри Хуҷанд ба маҳфил шукуҳи дигар зам намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...