08 Ноябр 2018
Дар толори варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ №6-и шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи якчояи бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба бадминтон байни духтарон ва писарон бахшида ба соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиб, рушду инкишофи бадминтон байни наврасону ҷавонон, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, пайдо намудани бозингарони беҳтарин ва муайян намудани варзишгарони беҳтарин ба дастаи яккачини шаҳр баргузор гардид.
Дар мусобиқа наздик 80 нафар муҳассилини макотиби шаҳр иштирок намуданд, ки аз онҳо 23 нафарашонро духтарон ташкил карданд, ки дар он 54 нафар писарон ва 23 нафар духтарон иштирок намуданд ва дар натиҷа байни духтарон.Дар натиҷаи қувваозмоӣ байни духтарон ҷои якум насиби Нозанин Юлдошева гардида, мақоми дуюмро Манижа Исматова ва ҷойи сеюмро Манижа Масаидова ба даст оварданд.
Аз байни писарон ҷойҳои 1-3-ро мутаносибан Хуршед Ахмедов, Ғолибҷон Ҳусейнов ва Акбаралӣ Зарифов мушарраф гардиданд. Ба ғолибони мусобиқа медал, диплом ва тўҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд