(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Имрӯзҳо яке аз хатарҳои ҷиддии сайёра терроризм буда, фаъолияти он ҳамеша ба ҳадафҳое, чун харобкорӣ, қатлу куштор, зўроварӣ ба хотири тағйирдиҳии шаклҳои идоракунии давлатӣ, сохти давлати сиёсӣ ва барҳам задани фаъолияти сохторҳои давлатӣ равона гардидааст. Ҳамакнун терроризмро метавон ба «вабои асри XXI» ташбеҳ дод, чунки он аз рўи қувваи харобкории худ на камтар аз ин бемории марговар аст. То замоне, ки ин падидаи номатлуб аз байн бурда нашавад, ҳеҷ кас ва ҳеҷ минтақае наметавонад худро дар амонӣ эҳсос намояд.

Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад. Танҳо дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда садҳо миллиард долларро ташкил медиҳад.  Бино ба таҳлилҳо танҳо дар қаламрави Афғонистон соли гузашта бар асари ҷангу амалҳои террористӣ беш аз 10 ҳазор нафар аҳолии осоишта зарар дида, тақрибан 4 ҳазор нафар қурбон шудаанд. Сию ду фоизи қурбониён ва 53 фоизи маҷрӯҳонро занону кӯдакон ташкил додаанд. Пӯшида нест, ки дар чунин вазъият кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои афзояндаи амнияту осоиш комёб гарданд ва сулҳу суботро таъмин намоянд.

Баъд аз истиқлолият ва ҷорӣ шудани сиёсати дарҳои боз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми мусулмони тоҷик дар маърази иттилооти гуногун ва фарогири диниву мазҳабӣ қарор гирифтанд. Мардуме, ки шинохти зарурӣ аз дину мазҳаб надоштанд, мумкин буд ба ҳар самту равияе кашида шаванд.

Барои ҳифзи якпорчагии миллати мусулмони тоҷик Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии динии мардумро амалӣ намуданд. Чопи китобҳои бузургони дин, ки намояндагони миллати тоҷиканд, тарҷумаи Қуръони карим ба забони тоҷикӣ, муаррифии шахсиятҳои барҷастаи динӣ аз қабили Имом Абӯҳанифа, Имом Бухорӣ, Имом Ғаззолӣ ва ғайраҳо тибқи ин барнома амалӣ шуданд.

Воқеан ҳам пеш аз истиқлолият ё дар аввалҳои истиқлолияти давлатӣ мардуми мусулмони тоҷик маълумоти лозимӣ дар бораи дину мазҳаб надошт. Кам касе дар бораи Имоми Аъзам чизе медонист ё дар бораи дигар бузургони дину мазҳаб. Иҷро шудани ин барномаи маърифатӣ бо ташаббуси Пешвои миллат боис гардид, ки дар муддати кӯтоҳ мардуми тоҷик аз ин маълумот бархӯрдор шаванд ва дар гӯшаву канори кишвари азизамон шахсиятҳои барҷастаи олами ислом ва ҳатто дар бораи осори онҳо маълумот пайдо намоянд. Ин барнома бо ҳадафи ҳифзи ваҳдати миллӣ, якпочагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шинохти дурусти дину мазҳаб, ҳифзи дини ислом аз ҳар гуна фикру андешаҳои носолим, мубориза алайҳи тундгароӣ ва муаррифии мазҳаби таҳаммулгароии ҳанафӣ буд.

Мутаасифона дар ҷомеаи мо гуруҳҳо пайдо шуданд, ки бо номи ислом ба амалҳои терорристию экстремистӣ даст мезананд, ки ба дини мубини ислом ифрот меоранд.

Муқовимат бар терроризм яке аз самтҳои асосии таъмини амнияти миллии мамлакат ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон терроризмро бо тамоми зуҳуроташ қотеъона маҳкум менамояд ва аз талошҳои дастҷамъонаи ҷомеаи башарӣ дар мубориза бар зидди ин падидаи марговару хатарнок пуштибонӣ менамояд.

Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар ин робита иброз доштанд, ки «Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд».

Ҳамин тавр, терроризм ба унвони як зуҳуроти номатлуб аз худ қурбониҳои зиёди инсонӣ ба бор оварда, арзишҳои моддию маънавӣ ва фарҳангиро хароб менамояд, ки дар тӯли асрҳо наметавон онро барқарор сохт. Он дар байни гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва миллӣ бадбинию набоварӣ тавлид месозад.

Ситора Ҳамдамова,
омӯзгори коллеҷи тибббии шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...