(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Бо ҳукми тақдир ва зарурати шахсӣ, муаллифи ин сатрҳо, ки марбути доираҳои хабарнигории ҷумҳурӣ мебошам, дар рӯзҳои таърихсози Бадахшон, санаи 12 то 16.10.2018с., ки ба таърихи авҷи мусодираи миқдори силоҳ ва таъмини волоияти қонун баробар омад, шоҳиди дигаргуниҳои куллӣ дар зеҳни мардум ва дар низоми тартиботи ҷамъиятӣ гаштам.

Талошҳои хастагинопазири Ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ, ки се роҳбари ниҳодҳои муътабари қудратӣ (КДАМ, ВКД ва Прокуратураи генералӣ) гардонандагии чархи фаъолият ва чорабиниҳои асливу сарнавиштсози таъсиррасони он маҳсуб мегарданд, шаҳодати воқеияти ҳол ва гӯё аст, ки ба маҳзи мусодираи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ аз саркардаҳои гурӯҳҳои ҷиноятӣ ва таъмини волоияти қонун, мардуми шарифи шаҳри Хоруғ аз завлонаи 30-солаи беқонунӣ, ақибмондагӣ ва вопасгароӣ раҳо шудааст.
Бо камоли тааасуф бояд иқрор шуд, ки дар шаҳри Хоруғ бо сабабҳои айниву зеҳнӣ, ки тафсири муфассалашро ба дафъи дигар вомегузорем, дар тӯли 27 сол насли ҷавоне дар атрофи хонаҳои “сарон”-и бемағзи гурӯҳакҳои ҷиноятӣ дар маҳаллаи УПД, Бархоруғ, Болнисен, Хчордев, Шошхоруғ ва Тишори Поршнев ба воя расидааст, ки парастиши аъмоли ғайриқонунии саркардаҳои ин гурӯҳҳои ҷиноятиро, ҷузъи ҷаҳонбинии танги маҳаллии худ мепиндоранд ва гароиши онҳо дар зери таъсири корҳои фаҳмондадеҳӣ ва мусоидатии мардум ба сӯйи оромиву субот; водор шудани қисми наврасон ба тобеияти қонун, ки аз тарафи ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ орифона ва тоҷикона сурат гирифт, тақозои замон ва посухгӯйи даврони ҷомеаи қонунмадор буд.
Ба истиснои тадбирҳои пешгирикунанда бо истифодаи нерӯи нарм, раҳо кардани ин ҷавонон аз вартаи андешаи ҷиноятпарварӣ, “қонунияти зиндонӣ” ва парастиши шахсияти ҷинояткорон, нақшаи алоҳидаи дастаҷамъӣ, иродаи мустаҳками намояндагони мақомоти марказӣ ва маҳаллиро тақозо менамояд.
Дар суҳбатҳои сарироҳӣ бо кормандони Бунёди Оғохон маълумам гашт, ки падидаи фарқкунанда аз шаклгирии ҷаҳонбинии табақаҳои пайрави гурӯҳҳои ҷиноятии шаҳри Хоруғ дар он сӯйи дарёи Панҷ – дар зеҳни мардуми вулусволиҳои исмоилнишини Бадахшони Афғонистон ба мушоҳида мерасад.
Намояндагони ин минтақа ба саволҳои мансубияти ҳувияти миллӣ, худро мутлақо тоҷик медонанд ва забони тоҷикиро ба ҳайси абзори миллии муқаддас мепиндоранд, ҳунару мусиқии қадимии миллиро ҳифз ва онро дар байни бегонагон тарғиб менамоянд. Дар воқеъ, ин қишри омма ба тафовутҳои мазҳабии исмоилӣ ва ҳанафӣ эътибор қоил ҳастанд ва низ эътиқодманд ҳастанд, ки тафаккури динӣ ба ҳеҷ сурат сарҳади худшиносии миллиро шикаста наметавонад ва дар муборизаи беамони тамаддунии миллатҳо, омили миллӣ нақши барҷаста ва сарнавиштсоз дорад.
Барои намуна ва улгунамоии хислатҳои волои миллӣ, фаъолияти овозхонони машҳури Бадахшони Афғонистон-Мир Мафтун ва Довуди Пажмонро барои ҷавонони маҳаллаҳои дар болозикршудаи шаҳри Хоруғ овардан мумкин аст, ки дар талоши тоҷиксозии Хуросони таърихӣ-Афғонистони кунунӣ, тавассути қалам, қадам ва лаҳни хушсадояшон, дилҳои худиву бегнаро чунон тасхир кардаанд ва худро пайравони хомасароёни Шарқ: Одина Ҳошиму Давлатманд Хол ва Акашариф Ҷураеву Абдулло Назрӣ медонанд.
Ҷавонони хоруғӣ оё ҳеч вақт фикр кардаанд, ки як хатлонӣ-Пир Шоҳ Носири Хисрав, чӣ қадар дар дилу дидаи онҳо ҷойгоҳ дорад, бо тарки макону ҷойдоди худ, дар як кунҷи дурдасти кӯҳистони Бадахшон замингир шуд ва ӯро чӣ водор ба фирор кард?! Ҳамин ҳувияти миллӣ буд, ки ӯро бадахшониҳо пазируфтанд ва пешвои худ донистанд. Оё пайванди мардуми Кӯлоб ва Бадахшонро, метавон ба ҳарзагӯйии 3 ҷинояткор латма зад? Оё суғдиҳо ҳамон васлгарони қавми яғнобӣ бо забони қадими шуғнӣ чӣ гуноҳ доранд, ки дар Хоруғ изи по надошта бошанд? Ислоҳи ин каҷравиҳои зеҳнӣ вазъиятро дар шаҳри Хоруғ беҳбуд мебахшад. Пирӯзии миллати тоҷик муборак.

Ф.Додов, хабарнигор-таҳлилгари масоили сиёсӣ

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...