(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нуҳ моҳи соли 2018 таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва бо иштироки муовини аввали Раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода маҷлиси фаъолон баргузор гардид.

Нахуст, оид ба оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нуҳ моҳи соли 2018 Ҷамшед Абдуқаюмзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ дода аз ҷумла афзуд, ки мардуми шарафманди Хуҷандшаҳр ҳамеша ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо заҳмати ҳамарўзаи худ ба пешрафт ва шукуфонии давлати соҳибистиқлоламон саҳмгузорӣ намуда истодаанд. Дар нуҳ моҳи соли 2018 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 4113 адад муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардид. Аз теъдоди умумии муроҷиатҳои воридгардида вобаста ба масъалаи гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 12,9 фоиз, бақайдгирии манзил ва биноҳои сохташуда 8,4 фоиз, оид ба гирифтани қитъаи замин барои сохтмон 8,8 фоиз, оид ба сафари ҳаҷ 7,3 фоиз, оид ба таъмин шудан бо манзили истиқоматӣ 5,3 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 4,8 фоиз, оид ба ҳифзи иҷтимоиёт ва кўмаки моддӣ 5,5 фоиз, ҳифзи ҳуқуқи кўдак 4,0 фоиз ва ғайраҳоро ташкил менамояд.

altЗикр гардид, ки дар шароити ташаккулёбии иқтисоди бозоргонӣ ва дар натиҷаи фаъолияти пурмаҳсули ҳамаи соҳаҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ҳамчун ҳадафҳои стратегӣ ҳамарўза беҳтар кардани раванди иҷроиши буҷет ва ислоҳоти андоз тақвият меёбад, ки он ба ислоҳоти идоракунии молиявии давлат, шаффофият, самаранокӣ ва иҷрои қатъии қисми даромади буҷет равона мешавад. Татбиқи амалии ин ҳадаф собит менамояд, ки дар давоми нуҳ моҳи соли 2018 нақшаи қисми даромади буҷети давлатии шаҳр 101,3 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 278,6 млн. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқ гардида, 3,6 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ба маблағи 25,0 млн. сомонӣ ё 9,9 дар сад зиёд мебошад. Дар ин давра ба буҷети маҳаллии шаҳр 112,3 млн. сомонӣ ворид гардид, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2017 ба маблағи 10,5 млн. сомонӣ ё 10,3 фоиз афзудааст. Бояд қайд намуд, ки доир ба масъалаҳои мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ чораҳои амалӣ андешида шуда, нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ бо тағйироташ дар ин давра 115,6 млн. сомонӣ буда, иҷроиш 115,4 млн. сомониро ташкил намудааст, ки баробари 99,9 фоизи нақша мебошад. Бандҳои ҳимояшавандаи қисми хароҷоти буҷети шаҳр яке аз омилҳои асосии таъмини босифати буҷет ба ҳисоб меравад. Умуман, дар давраи ҳисоботӣ барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ хусусан маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ 96,1 млн. сомонӣ ё 83,2 фоизи маблағҳои харҷгардидаи буҷетӣ равона карда шудааст.

Боиси тазаккур аст, ки бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои амалӣ шудани ташаббусҳои соҳибкорони ватанӣ, дар минтақаи шимолу шарқии шаҳр таъсиси минтақаи нави саноатӣ дар майдони 49,2 га. муайян гардидааст. То имрўз ба 15 нафар соҳибкорони ватанӣ барои сохтмони коргоҳу корхонаҳои саноатии маҳсулоташон воридотивазкунанда, қитъаҳои замин ҷудо карда шудааст. Қайд намудан зарур аст, ки тибқи нақшаи муфассал дар ин минтақаи нави саноатӣ ҷойгир намудани 51 адад субъектҳои соҳибкории истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.

altҶамшед Абдуқаюмзода гуфт, ки дар давраи ҳисоботӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” 11 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, аз тарафи онҳо ба маблағи 84,0 млн. сомонӣ истеҳсоли маҳсулот, корҳои сохтмонӣ, савдо ва хизматрасонӣ ба иҷро расонида шудааст. Дар ин росто аз тарафи ҷамъиятҳои дорои масъулияташ маҳдуди “Реал” ба маблағи 4,9 млн. сомонӣ, КМ “Стар Пласт” 12,0 млн. сомонӣ, “Равзана Пластик” 874,5 ҳазор сомонӣ, КМ ТТ “Тоҷпроф” 46,0 млн. сомонӣ, КМ “Силкоат Бойя” 9,8 млн. сомонӣ, КФ “Фартуна Ко” 3,3 млн. сомонӣ, “Тоҷикполиэтилен” 3,0 млн. сомонӣ мол истеҳсол шудааст.

Дар маҷмўъ, дар давраи ҳисоботӣ 3 намуд маҳсулотҳои саноатии рақобатпазир, ки аз ҷониби субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” аз қабили ранги сохтмонӣ ва профилҳои алюминӣ истеҳсол гардидааст, ба маблағи умумии 9,3 млн. сомонӣ берун аз кишвар содирот карда шудааст.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, дастрас намудани оби тозаи ошомиданӣ ба аҳолӣ, баланд бардоштани хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёти мусофиркашонӣ, инчунин соҳаи коммуналӣ, ки ба ҳифзи муҳити зист нигаронида шудааст. 3 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ “Марҳилаи сеюми Барномаи беҳтаргардонии низоми таъминоти оби нўшокӣ ва рафъи партовоб”-и шаҳр, лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд” ва лоиҳаи “Марҳилаи дуюми Барномаи идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд” амалӣ гардида истодааст. Мавриди зикр аст, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳо дар шаҳр 10,8 млн. доллари амрикоиро сармояи хориҷӣ дар бар мегирад, ки тибқи қарордоди қабулгардида, барои амалишавии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ворид гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар самти тақвияти иқтидори соҳаи саноати кишвар, теъдоди корхонаҳои истеҳсолии хурду миёна ба 164 адад расида, он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 11 адад афзудааст. Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатии шаҳр давоми марҳилаи ҳисоботӣ ба миқдори 844,1 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 96,9 млн. сомонӣ, ё 13,0 дар сад афзудааст. Дар шаҳр 73 намуд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда мешавад, ки аз онҳо ҳаҷми 45 намуд маҳсулотҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 зиёда аз 100,0 фоиз таъмин карда шудааст. Дар соли ҳисоботӣ аз тарафи 11 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 146,9 млн. сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шуда, ҳачми он дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2017 ба маблағи 17,6 млн. сомонӣ ё 13,6 дар сад зиёд шудааст. Инчунин аз ҷониби 45 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 233,7млн. сомонӣ истеҳсол гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ба маблағи 33,1 млн. сомонӣ, ё 16,5 фоиз зиёд мебошад.

Таъкид гардид, ки ҳамчун тадбирҳои меҳварӣ ва муҳим ҷиҳати беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ то имрўз барои таъмин намудан бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ 3730 адад муроҷиати оилаҳои эҳтиёҷманд оид ба гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ қабул ва 842 нафар барои таъмин шудан бо хонаи истиқоматӣ ба навбат гирифта шудааст. Бояд қайд намуд, ки дар қитъаҳои замини барои сохтмони биноҳои баландошёна ҷудо гардида 57,2 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ бо истифода аз унсурҳои инноватсионӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 1,8 ҳазор метри мураббаъ ё 3,3 дар сад афзоиш ёфтааст.

Дар рафти гузаронидани корҳои назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин 230 адад қонунвайронкуниҳои замин дар майдони 80270,5 м.кв. муайян карда шуда, нисбати ин қонунвайронкунандагон дар асоси моддаи 55-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 113,0 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудааст, ки аз он 90,2 ҳазор сомонӣ пардохт гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд дар асоси Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2010, таҳти №479 тасдиқ гардида, минбаъда корҳои сохтмонию меъморӣ танҳо дар асоси ин ҳуҷҷати муҳим амалӣ карда шуда истодааст.

Дар ин давра 17 иншооти маданию маишӣ, истиқоматию коммуналӣ ва саноатӣ сохта ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, маҷмааи меҳмонхонаи “Парламент” бо маблағи 16,1 млн. сомонӣ, бинои истиқоматии 6-ошёна бо манзара (мансард), дар ошёнаи якум маркази савдо ва хизматрасонӣ, кўдакистон барои 240 нафар, бинои 5-ошёна бо манзара бо маблағи умумии 42,2 млн. сомонӣ ва бинои истиқоматӣ бо маблағи 12,7 млн.сомонӣ ва дигарҳо ба маблағи 15,5 млн. сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.

altТаъкид гардид, ки дар самти ободонӣ ҳамчун ҳадафҳои бунёдкорӣ ба роҳсозӣ ва таъмиру таҷдиди онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда истодааст. Дар ин ҷода барои хобонидани мумфарши хунук дар сатҳи чуқурчаҳои роҳ, миёнаҷои роҳҳои кўчаю хиёбонҳо, ҳамвор намудани бардюрҳои ду тараф, иваз намудани қубурҳои обгузар ва аз партов тоза намудани ҷўйборҳо ба маблағи 11,5 млн. сомонӣ корҳо иҷро гардидааст. Дар шаҳр 164,9 км роҳҳои автомобилгард, 318,0 ҳазор метри тўлонӣ роҳрав, 175,9 ҳазор метри тўлонӣ ҷўйборҳо, 1 адад заводи асфалтбарорӣ ва 2 адад кўпрук вуҷуд дорад. Тибқи нақшаи тасдиқшуда соли ҷорӣ 32,5 км таъмири роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла 12,5 км таъмири роҳҳо ва кўчаю хиёбонҳо ва 20,0 км роҳҳои автомобилгарди байни биноҳои истиқоматии микроноҳияҳо ва дохилии маҳаллаҳо ба нақша гирифта шуда, то имрўз зиёда аз 30,3 км роҳҳо аз таъмиру мумфаршкунӣ бароварда шудааст. Ба аҳолии шаҳр 5 ширкатҳои нақлиёти автомобилии мусофиркашони хусусӣ ва Корхонаи давлатии коммуналии “Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд” хизмат мерасонад. Музди миёнаи маоши кормандони хоҷагии халқи шаҳр дар ҳолати 1-уми сентябри соли 2018 ба 1296,1 сомонӣ расида, он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 5,1 фоиз ё ба маблағи 63,07 сомонӣ зиёд шудааст. Фонди музди меҳнати кормандони рўйхатӣ бошад 340,7 млн. сомониро ташкил намуда, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 8,3 дар сад ё 26,2 млн. сомонӣ афзудааст.

Баҳри татбиқи “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” Шўрои ҳамоҳангсозӣ таъсис дода шуда, дар асоси нақшаи чорабиниҳо фаъолият мебарад. Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳр дар ҳамкорӣ бо шўъбаҳои маориф, кор бо занон ва оила, бахшҳои фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо ноболиғон ва кумитаи маҳаллаҳо дар самти таъмини тарзи ҳаёти солим байни аҳолӣ корро ба роҳ мондааст. Аз тарафи кормандони Марказ дар муассисаҳои табобатии шаҳр нисбати пешгирии бемориҳои «Зуком», «Ботулизм», ОРЗ, зардпарвин, оид ба аҳамияти «Оби тоза», ВНМО, вараҷа ва ғайраҳо сўҳбату вохўриҳо мунтазам гузаронида мешавад. Дар якҷоягӣ бо Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр баҳри пешгирии бемории «Ботулизм» ҳамаи бозорҳою мағозаҳои шаҳр аз тафтиш гузаронида шуд.

Дар анҷоми маърӯзаи худ Ҷамшед Абдуқаюмзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд гуфт, ки маҳз аз баракоти сулҳу суботи комил, ваҳдату сарҷамъии миллат ва талошу заҳмати пайгиронаи мардум таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр афзуда, рушди устувор дар ҳамаи соҳаҳо таъмин гардида истодаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар оянда низ тамоми имкониятҳоро ҷиҳати рушду такомули иҷтимоиёту иқтисодиёт ва ҳаёти шоистаю арзандаи сокинон равона намуда, нақшаю чорабиниҳои вобаста ба эълон гаштани “Соли 2018 – соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва дигар иқдомҳои созандагию бунёдкориро бо сарбаландӣ иҷро хоҳад кард.

Сипас, аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода роҳбарони як қатор идораву ташкилот, аз ҷумла сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ, маориф, тандурустӣ, нозироти андоз, кумитаи маҳаллаҳо, раёсати молия, ҳифзи муҳити зист ва ғайраҳо доир ба вазъи иҷрои самтҳои фаъолият пурсиш ба амал оварда шуда, муҳлатҳои муайян гузошта шуд.

Ҳамчунин доир ба раванди маъракаи “Обуна 2018” муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ва вазъи иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ комиссари ҳарбии шаҳр подполковник Расул Абдуллозода гузориш доданд.

Рустам Раҳматзода, муовини аввали Раиси вилояти Суғд доир ба татбиқи Барномаву стратегияҳои миллӣ, вазъи иҷрои буҷаи маҳаллӣ, нақшаи даъвати ҳарбӣ, маъракаи “Обуна 2018” аз масъулин пурсиш ба амал оварда, эшонро вазифагузорӣ намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо муайян намудани рукнҳои минбаъдаи фаъолияти минбаъдаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр ба ҷаласаи фаъолон ҳусни анҷом бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...