(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt11 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Дастаи мунтахаби футболбозони навраси то 16 - солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғолибони Чемпионати Осиё оид ба футболро, ки бо медалҳои нуқра ба Ватан баргаштаанд, бо нишони қадршиносӣ ба ҳузур пазируфтанд.

Иқдоми шоистае, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аъзои ин даста амалӣ гардид, аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 33 нафар, ба ҳар яки онҳо 20 ҳазор сомонӣ, дар маҷмуъ 660 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.

Зимни суҳбат бо варзишгарон нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғалабаи дастаро дар Чемпионати Осиё ба Федератсияи футболи кишвар, ба варзишгарон ва ба мардуми ҷумҳурӣ муборакбод гуфтанд.

Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки ғалабаи наврасон дар таърихи футболи тоҷик дастоварди бузург аст ва ин натиҷаи талошҳову тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи кишвар ва заҳмати содиқонаи худи футболбозон мебошад, ки дар як чорабинии бузурги варзишӣ бо натиҷаҳои арзанда ба Ватан баргаштанд.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки дар байни 45 дастаи олам сазовори ҷойи дуюм гардидан ва парчами давлатиро боло бардоштан, ин шарафи бузург аст ва ҳам боз як омили муаррифии давлату миллат ва болоравии обруву нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввал ва интихобии Чемпионати Осиё оид ба футбол байни дастаҳои мунтахаби то 16 сола дар тамоми кишварҳои Осиё, аз ҷумла дар Тоҷикистон аз 16 то 29 сентябри соли 2017 баргузор гардида буд.

Чемпионати Осиё оид ба футбол байни наврасони то 16 сола дар  ду марҳила бо иштироки 45 кишвари қитъаи Осиё баргузор гардид.

Марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё байни наврасон моҳҳои сентябр-октябри соли ҷорӣ дар кишвари Малайзия бо иштироки 16 кишвари қитъаи Осиё баргузор гардида, тими мунтахаби Тоҷикистон аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон дод. Варзишгарони тоҷик сазовори ҷойи дуюм гардида, ба Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол байни наврасони зери 17 сола, ки соли 2019 дар кишвари Перу баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.

Дар ҳақиқат ғалабаи мунтахаби футболбозони навраси то 16 - солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғолибони Чемпионати Осиё оид ба футбол руҳияи мардуми шарафманди тоҷикро боло бардошта, дар дили наврасон шавқу ҳавасро нисбат ба ин бозии оламшумул бедор кард. Аксари кулли мардуми ҷумҳурӣ бозиҳои ниҳоиро тамошо карда, ба дастаи дӯстдоштаи худ мухлисӣ карданд.

Дар охири суҳбат Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ғалабаро ба варзишгарони тоҷик муборакбод гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки наврасони ҷумҳурӣ бо садоқати баланд, масъулият ва машқу тамринҳо дар Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар кишвари Перу бо ғалаба ба Ватан бармегарданд ва бори дигар шарафи кишварро дар арсаи олам ҳимоя менамоянд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...