(0 овоз, миёна 0 аз 5)

 Додгоҳи олии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломиро, ки аз соли 2015 боз дар хориҷа ба сар мебарад, дар ғайбаш ба “муддати тӯлонии зиндон” маҳкум кард. Мурофиа паси дарҳои баста сурат гирифт.

Як манбаъ дар Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 5-уми октябр эълони ҳукм алайҳи раиси ҳизби мамнӯи наҳзатро тасдиқ кард, вале гуфт, салоҳияти ифшои ҷузъиёт, аз ҷумла ба чанд соли ҳабс маҳкум шудани ӯро надорад. Бар асоси иттилои манбаъ, додраси парванда ҳукмро рӯзи 2-юми октябр хондааст.

"Азбаски парвандаи Муҳиддин Кабирии 53-сола махфӣ буд, аз ин рӯ, додрасҳо аз интишори ҳукм худдорӣ карданд. Ҳамин қадар мегӯям, ки ҳукм сангин аст", - гуфт ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Додгоҳи олии Тоҷикистон то ба ҳол расман ин ҳукмро эълон накардааст.

Аз ташкили иттиҳоди ҷиноӣ то исён

Қаблан мақомоти Додгоҳи олӣ гуфта буданд, ки мурофиаи паси дарҳои бастаи Муҳиддин Кабирӣ дар оғози соли ҷорӣ дар ғайбаш шурӯъ шуд ва ӯро дар нақзи 18 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор карданд. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 23-юми июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе ваъда дода буд, ки ҷузъиёти парвандаи Муҳиддин Кабирӣ баъди содир шудани ҳукмаш нашр мешавад.

Масъулини Додгоҳи олӣ дар ҳамин нишасти хабарӣ аз 18 моддае, ки Кабирӣ дар нақзи онҳо муттаҳам мешавад, 10 номгӯи онро эълон карданд.

Онҳо гуфтанд, Кабирӣ аз ҷумла ба ташкили иттиҳоди ҷиноӣ; барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ; ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ; тасарруфи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш; одамкушӣ; исёни мусаллаҳона, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба соҳибияти каси дигар додани лавозимоти ҷангӣ муттаҳам мешавад. Ҳамаи ин моддаҳо мӯҳлатҳои тӯлонии зиндонро пешбинӣ мекунанд.

Чаро паси дарҳои баста?

Дар гузашта раҳбарияти ҲНИТ дар хориҷа мурофиаи додгоҳӣ нисбат ба Муҳиддин Кабирӣ ва муттаҳам шудани ӯро дар нақзи наздики бист моддаи Кодекси ҷиноӣ маҳкум карда, онро дорои ангезаҳои сиёсӣ номидаанд. Аз ҷумла, Маҳмудҷон Файзраҳмонов, яке аз фаъолони ҳизб қаблан гуфта буд, ки пушти дарҳои баста баргузор шудани мурофиа ба он хотир аст, ки "воқеиятҳо ошкор нашавад".

Худи Муҳиддин Кабирӣ ҳамаи ин иттиҳомотро беасос ва тӯҳмат ба хотири аз байн бурдани ҳизби сиёсиаш дар Тоҷикистон унвон карда буд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳизби наҳзатро дар ташкили ошӯби мусаллаҳона ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон муттаҳам карданд. Дар амалиёти зидди ошӯбгарон, ки аз 4 то 16-уми сентябри соли 2015 идома кард, дар маҷмӯъ тақрибан 50 нафар кушта шуд.

Ба дунболи ин ҳодисаҳо, Додгоҳи олии Тоҷикистон ҲНИТ-ро мамнӯъ ва як созмони террористӣ эълон кард. Сипас сездаҳ узви раёсати ин ҳизб, аз ҷумла муовинони раис Муҳаммадалии Ҳаит, Саидумар Ҳусайнӣ ва дигарон аз 14 соли зиндон то ҳукми абад маҳкум шуданд. Баъди ин даҳҳо узви ҳизб ҳам барои даст доштан дар ошӯби мусаллаҳона пушти панҷара рафтанд.

Ду тараф дар ҷаласаи САҲА

Ҳамаи ин мурофиаҳо пушти дарҳои баста гузаштааст ва ҷузъиёти ҷараёни мурофиа барои ҷомеа нашр намешавад. Танҳо аз рӯи иттилои парокандаи фаъолони ҳуқуқ ва наздикони маҳкумшудаҳо, аксари аъзои раёсати ҳизб дар додгоҳ ба бегуноҳии худ пойфишорӣ карда гуфтаанд, ки ҳизб дар ташкили ошӯб даст надорад ва ҳукми онҳо дорои ангеҳзаҳои сиёсӣ аст.

Моҳи сентябри имсол Муҳиддин Кабирӣ ва аъзои ҳизбаш ҳамроҳ бо аъзои ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ дар ҷаласаҳои САҲА дар як толор иштирок карданд. Мақомоти тоҷик дар ин нишаст бори дигар ба “террористӣ” ва “ғайриқонунӣ” будани ин ҳизб таъкид карданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...