(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини мо мебошад, самимона табрик мегӯям.

Забони миллӣ мисли шаҳсутун бинои маънавии давлатро побарҷо нигоҳ дошта, маърифату фарҳанг, ахлоқу одоб, бинишу афкори миллатро чун ойина дар худ инъикос мекунад.

Ин аст, ки забони тоҷикӣ асоси ҳувияту худшиносии миллии мо ба шумор рафта, барои ҳар фарди тоҷик азизу муътабар мебошад, зеро танҳо ба василаи забони миллӣ метавон ҳофизаи таърихиву фарҳангиро пос дошта, пайванди хешро бо адабиёту фарҳанг ва илму дониши дар тӯли ҳазорсолаҳо офаридаи халқамон эҳсос намуд.

Дар баробари ин, гиромидошти забони миллӣ аз ҷониби давлату ҷомеа пуштибонии махсусро тақозо менамояд.

Яъне мо ба забон пайваста мисли ҷисми зинда бояд ғамхорӣ кунем, барои рушди минбаъдаи он ва поку беолоиш нигоҳ доштани ин забони ширину шоирона мунтазам саъю талош намоем.

Дар акси ҳол, забони миллӣ зери таъсири омилҳои гуногуни манфӣ метавонад мавриди ҳуҷуми унсурҳои бегона қарор гирифта, меъёрҳои адабии он халалдор гарданд ва забон ҷойгоҳи аслии худро дар ҷомеа аз даст диҳад.

Ҳамин гуна вазъи ногувор ба сари забони мо қабл аз ноил гардидан ба истиқлолияти давлатӣ омада буд.

Роҳи ягонаи наҷоти забони тоҷикӣ ба маснади давлатӣ нишонидани он буд.

Ба ин хотир, забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун забони расмии кишвар пойдор гардид ва давлат забонро дар паноҳи сиёсии худ қарор дод.

Дар ин росто, мо нахуст ҷанбаҳои ҳуқуқиро муҳайё сохта, забони тоҷикиро дар Конститутсияи кишвар забони давлатӣ эълон намудем ва барои дар амал татбиқ намудани он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кардем.

Минбаъд барои пешрафти забони давлатӣ ва густариш пайдо кардани доираи истифодаи он шароити мусоид фароҳам омада, тамоми монеаву маҳдудиятҳои сунъӣ, ки дар замони то истиқлолият мавҷуд буданд, бартараф карда шуданд ва забони модарии мо ба шоҳроҳи тараққиёти озодона ворид гардид.

Имрӯз бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мамлакат муваффақона ва бомаром идома дорад.

Аз ҷумла, имрӯз масъалаҳои коргузорӣ, хусусан, мукотиба дар байни мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, инчунин, забони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, воситаҳои ахбори омма, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, номгузорӣ ва ғайра ба забони давлатӣ таъмин гардидааст ва кор дар ин самт ҳамеша дар маркази диққати давлату Ҳукумат қарор дорад.

Гузашта аз ин, маҳз дар даврони истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикӣ ба арсаи байналмилалӣ баромада, имрӯз аз баландтарин минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид садо медиҳад, ки боиси ифтихори ҳар як фарди миллат мебошад.

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои ғаниву сарватманди ҷаҳон буда, қудрати ифода кардани кулли мафҳумҳоро дорад.

Бо ин забон на танҳо адабиёти оламшумули беш аз ҳазорсола офарида шудааст, балки аз ҷониби донишмандони бузурги мо асарҳои пурарзиш дар самтҳои мухталифи илмӣ таълиф ёфтаанд, ки ба пешрафти минбаъдаи илмҳои табииву дақиқ дар ҷаҳон мусоидат намудаанд.

Ба ибораи дигар, забони тоҷикӣ аз даврони қадим на танҳо забони фарҳангу адаб, балки забони илм, аз ҷумла илмҳои дақиқу табиӣ низ ба шумор мерафту меравад.

Вазифаи мо, махсусан, олимону донишмандон имрӯз аз он иборат аст, ки дар шароити рушди босуръати илму техникаи муосир қудрати забони модариамонро боз ҳам афзун намуда, бо истифода аз сарвати бузурги луғавии забони тоҷикӣ онро ҳамқадами замона гардонем.

Ҳамзамон бо ин, маданияти нутқ ва ҳифзи фасоҳату балоғати забони модарӣ бояд ҳамеша дар мадди назари мо бошад.

Зеро эҳтирому қадр кардани забони модарӣ аз риояи меъёрҳои забони адабӣ ва одоби муошират вобастагии зич дорад.

Аз ин лиҳоз, мо бояд ба фарҳанги суханварӣ ва тарзи баёни хоси ин забони ширин пайваста диққат диҳем, забони равону шевои тоҷикиро аз ҳар гуна олоишҳои бегонаву нозарур эмин нигоҳ дорем.

Ба ин хотир, мо дар давраи истиқлолият ҷиҳати таблиғу ташвиқи забони тоҷикӣ ва баланд бардоштани сатҳи сухандонӣ корҳои назаррасро анҷом дода, ин равандро беш аз пеш густариш дода истодаем.

Аз ҷумла, ҳамасола нашри осори адибони барҷастаи классикӣ ва муосирро ба роҳ монда, дастраси хонандагон менамоем.

Вобаста ба ин, махсусан, насли наврас ва ҷавононро зарур аст, ки аз ин неъмати бебаҳои маънавӣ ҳарчи бештар истифода карда, барои дурусту бехато навиштан ва бо забони давлатӣ муошират кардан кӯшиш намоянд.

Бори дигар хотирнишон менамоям, ки забон, миллат ва давлат ҷузъҳои ҷудоинопазири якдигар ба ҳисоб рафта, устувории давлат, бақои умри миллат ва ҳувияти ягонаи миллӣ ба василаи забон таъмин мегардад.

Ҳастии забон гарави ҳастии миллат, худшиносиву худогоҳии миллӣ, замонати бақои фарҳангу тамаддуни он мебошад, зеро кулли ганҷинаи илмиву адабӣ ва фарҳангии миллат, пеш аз ҳама, ба василаи забон ҳифз мегардад.

Бо дарназардошти ин, вазифаи муқаддаси давлату ҷомеа, махсусан, аҳли зиё дар баробари даъват ба омӯзиши амиқи забони тоҷикӣ, инчунин, таблиғу ташвиқи он чун забони умумимиллӣ дар тафаккур ва зеҳни ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад, ки ин ҳадафи худро мо марҳала ба марҳала амалӣ хоҳем кард.

Бори дигар кулли ҳамватанони азиз ва ҳар фарди ватандӯсту ватанпарварро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо пирӯзиву саодатмандӣ ва дар роҳи ҳифзу рушди забони ширину шевои модариамон комёбиҳо орзу менамоям.

Ҷашни забони давлатӣ, муборак бошад!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...