(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи дастури Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади тарғиби Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №1059 бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаҳмонидани мазмуни қарорҳои иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум аз 26 сентябри соли 2018 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Бофанда №2”, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар МТМУ №2-и шаҳр бо интихобкунандагон мулоқоти озоду ошкоро анҷом дод.

Нахуст, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Бофанда №2”, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода доир ба раванди корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Хуҷанд ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №1059 бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амри Раиси шаҳр аз 7 июни соли 2018, №109 аз ҳисоби роҳбарони идораҳо ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гурўҳи корӣ таъсис дод, ҳамзамон нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 2018 тасдиқ карда шуд. alt Нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ аз 129 банд иборат буда, дар он корҳои ободонию бунёдкорӣ, аз он ҷумла, таъмиру таҷдиди роҳҳои кӯчаву хиёбонҳо ва маҳаллаҳои шаҳр, бунёди корхонаҳо ва коргоҳҳои истеҳсолию саноатӣ, сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ, сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна ва маъмурию хизматӣ, сохтмони ҳамом, чойхона, толори ҳусн, марказҳои хизматрасонӣ ва ғайраҳоро дарбар гирифтааст, ки дар давраи аз соли 2018 то соли 2021 сохта ба истифода дода мешаванд. Баҳри тақвияти корҳои ободониву бунёдкорӣ ва амалӣ гардонидани нақшаи чорабинии мазкур санаи 8 июни соли 2018 дар маркази фарҳанги шаҳр бевосита бо иштироки роҳбари гурўҳи корӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, аъзоёни гурўҳи корӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳр ҷаласаи нахустини гурўҳи корӣ гузаронида шуда, ҳамчунин дар назди раиси шаҳр то имрўз 6 маротиба ситоди корӣ гузаронида шуд.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки мардуми шарафманди Хуҷандшаҳр ҳамеша ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо заҳмати ҳамарўзаи худ ба пешрафт ва шукуфоии давлати соҳибистиқлоламон саҳмгузорӣ намуда истодаанд, ки ин нишондиҳандаҳо ва дастовардҳо аз он шаҳодат медиҳанд. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рўзҳои ҷашнгирии Иди Ваҳдати миллӣ тибқи иҷрои банди 12 нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳи корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия “Арча - мебел” дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арча” дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” бо 52 ҷойи нави корӣ, тибқи иҷрои банди 32-и нақшаи мазкур азнавбарқароркунӣ ва ифтитоҳи Муассисаи томактабии №28 дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳр барои 320 нафар кӯдакон ва тибқи иҷрои банди 72-и нақшаи мазкур ифтитоҳи Маҷмааи биноҳои истиқоматии ширкати сохт-монии ҶДММ «Иморатсоз» бо маркази савдо, чойхона, кошонаи ҳусн ва кӯдакистон барои 240 нафар дар маҳаллаи Суuдиёни шаҳр амалӣ гардонида шуд.

Итттилоъ дода шуд, ки дар соҳаи маориф дар асоси нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд. Аз он ҷумла, тибқи иҷрои банди 33 нақшаи чорабинии мазкур сохтмони мактаб-гимназияи №1 ба номи М.Беҳбудӣ идома дошта, моҳи октябри соли 2018 ба истифода дода мешавад. Бинои мазкур аз 3-ошёна ва 33 синфхона барои 640 хонанда дар як баст ва дар ду баст барои 1280 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Тибқи иҷрои банди 34 нақшаи чорабинӣ низ алҳол сохтмони ҳавзи шиноварӣ дар назди муассисаи давлатии “Мактаб барои хонандагони болаёқат”-и шаҳр оғоз гардидааст. Инчунин дар назди ин иншоот, як бинои маъмурӣ низ сохта ба истифода дода хоҳад шуд. Дар самти таъмиру азнавсозии биноҳои муассисаҳои маориф бошад, тибқи иҷрои банди 52-и нақшаи чорабинӣ бинои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №5 ва 16-и шаҳр бо харҷи беш аз 270 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва саҳми хатмкунандагони ин муассисаҳои таълимӣ аз таъмир бароварда шуданд. Инчунин дар ин давра тибқи иҷрои 53-и нақшаи чорабинӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 низ аз таъмири хушсифат бароварда шуда, ба соли хониши 2018-2019 пурра омода карда шуд. Баҳри солимгардонӣ ва ҷалби бештари аҳолӣ ба варзиши навъи шиноварӣ тибқи иҷрои банди 13-и нақшаи чорабинӣ корҳои таъмирӣ ва азнавсозии Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии “20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба анҷом расонида шуда, алҳол дар истифода қарор дорад. Инчунин дар ин радиф шиногоҳи соҳили дарёи Сир, воқеъ дар кӯчаи Сирдарё, ки солҳои дароз аз истифода берун монда буд, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки тибқи иҷрои банди 14-и нақшаи чорабинӣ дар шафати варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолият» як майдончаи футболи навъи пӯшида бо усули муосир ба истифода дода шуд. Ин майдончаи нави футбол бо фарогирии 200 ҷойи нишаст, бо утоқҳои ивази либос, оббозӣ ва тамрин сохта шудааст. Баҳри иҷрои банди 126-и нақшаи чорабинии мазкур дар микроноҳияи 32 назди биноҳои 1 ва 1а майдончаи варзишии кўдакона сохта ба истифода дода шуда, тибқи нақшаи чорабинии тасдиқгардида дар солҳои 2019-2021 сохта ба истифода додани беш 25 адад майдончаҳои варзишию бозии кўдакона дар ҳудуди маҳаллаҳои шаҳр ба нақша гирифта шудааст.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбари гурўҳи корӣ дар шаҳри Хуҷанд, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода тибқи иҷрои банди 11-и нақшаи чорабинӣ, вобаста ба таъмиру мумфаршкунии роҳи байни микроноҳияи 12-13 ба дарозии 1 км бо паҳноии 17 метр оғози мумфаршкунӣ амалӣ гардида, корҳои мумфаршкунӣ пурра ба иҷро расонида шуд. Тибқи иҷрои банди 36-и нақшаи чорабинӣ ҷиҳати азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди кўдакистони №3, воқеъ дар маҳаллаи Сари баландии шаҳри Хуҷанд ва сохтмони зеристгоҳи барқии “Темурмалик” 110/10 КВ бо насби 2 (ду) адад трансформатори иқтидори 16000/110/10 КВ ва хатти барқи ҳавоии 110 КВ санги асос гузошта шуд. Алҳол корҳои сохтмонӣ оғоз шуда, бомаром идома дорад. Бояд қайд кард, ки баҳри иҷрои корҳои мумфаршкунӣ соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд 32,5 км таъмири роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла 12,5 км таъмири роҳҳо ва кўчаю хиёбонҳо ва 20,0 км роҳҳои автомобилгарди байни биноҳои истиқоматии микроноҳияҳо ва дохили маҳаллаҳо ба нақша гирифта шуда, то имрўз беш аз 31 км роҳҳо аз таъмиру мум-фаршкунӣ бароварда шуда, корҳо дар ин самт идома дорад.

Доир ба иҷрои банди 64-и нақшаи чорабинии мазкур дар сохтмони боғи фар-ҳангию-фароғатӣ, расадхона ва хона-музейи ба номи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ дар микроноҳияи 32-и шаҳри Хуҷанд оғоз карда шуд. Вобаста ба сохтмону бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ва биноҳои маъмурӣ низ корҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, дар ин давра тибқи иҷрои бандҳои 70 ва 76 нақшаи чорабинӣ ду бинои истиқоматии 7-ошёна, яке дар кўчаи Камоли Хуҷандӣ ва дуюмӣ дар кўчаи 30-солагии Ғалаба, микроноҳияи 31 сохта ба истифода дода шуда, ғайринақшавӣ бошад дар ин давра 4 биноҳои истиқоматии баландошёна, 4 марказҳои савдою хизматрасонӣ ва 2 бинои маъмурӣ бо беш аз 100 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд. Алҳол бошад, тибқи иҷрои бандҳои 69, 75, 77, 78, 79, 80, 81, 101, 105-и нақшаи чорабинӣ дар ҳудуди шаҳр сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, гузаргоҳи зеризаминӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ ва тибқи иҷрои банди 117-и нақшаи чорабинӣ сохтмони бинои маъмурии Кумитаи идораи замини шаҳр ва Корхонаи фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” идома дорад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба иҷроиши банди 1-и нақшаи чорабинии мазкур оид ба гузаронидани корҳои ободо-нию бунёдкорӣ, сабзкорию гулкорӣ, ташкили ҳашарҳои оммавӣ дар кўчаю хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо, ҳудуди маҳаллаҳо, манзилҳои зисти шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва биноҳои маъмурӣ, ҳар ҳафта рўзи шанбе ва инчунин дар арафаи идҳову ҷашнҳои миллӣ дар шаҳр ҳашарҳои умумишаҳрӣ гузаронида шуда истода, корҳои тоза намудани ҷўйборҳо аз пар-тову хоклойҳо, тоза намудани алафу буттаҳои худрўй аз боғу гулгаштҳо ва соҳилҳои дарё, батартибдарорӣ ва гузаронидани бурриши сани-тарии дарахтон ва дигар корҳои ободонӣ ба роҳ монда шуда, дар ин самт корбарӣ идома дорад.

Дар мавриди ободу зебо гардонидани шаҳр нақшаи ободонӣ ва гулзоркунии кўчаю хиёбонҳо Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода иттилоъ дода аз ҷумла афзуд, ки барои амалӣ намудани он чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Дар ин замина, аз тарафи қитъаи «Кабудизоркунӣ»-и корхонаи воҳиди давлатии коммуналии “Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии ман-зилию коммуналӣ”-и шаҳр дар кўчаву хиёбонҳои шаҳр ба миқдори 4839 адад дарахтони ороишии сояафкани ҳамешасабз, ба монанди дарахти ардач 3450 адад, каштан 600 адад, санавбар 303 адад, булут 170 адад, ёси ҳиндӣ 150 адад, дроги испанӣ 106 адад, бирючина 60 адад шинонида шуда, барои хуб нашуънамо гаштани онҳо тамоми чораҳо андешида шуда истодааст. Инчунин, дар ин давра дар боғу гулгаштҳо ва паҳлў-майдону мобайнмайдонҳои кўчаву хиёбонҳои шаҳр беш аз 836705 дона гулҳои ҳархелаи ороишӣ, 62425 дона буттагули садбарг ва 64500 дона гули канна шинонида шуданд.

Таъид шуд, ки санаҳои 11-ум ва 14-уми августи соли ҷорӣ аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баҳри иҷроиши банди 59 “Сохтмони бинои иловагӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷарроҳии дилу шараёни вилояти Суғд”, банди 106 “Азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди бинои “Маркази ҷавонон”-и шаҳри Хуҷанд” ва банди 109 “Бунёди роҳи танобӣ аз МД “Маҷмааи Қалъаи Хуҷанд” то Маҷмааи Исмоили Сомонӣ” барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ санги асос гузошта шуда, корҳои сохтмонӣ оғоз гардидааст. Ба ғайр аз ин, баҳри баланд бардоштани сатҳи хизмат-расонӣ ва таъмин намудани шароити мусоид, алҳол корҳои азнавбарқароркунӣ ва сохтмони биноҳои иловагии Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд дар кўчаи Камоли Хуҷандӣ 152 идома дошта, бомаром рафта истодааст.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои истиқболи шоистаи 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои бунёд-кориву ободонӣ вусъат гирифта, дар ин раванди неки ободкорӣ мардуми вилояти Суғд низ аҳлона иштирок намуда, барои боз ҳам зебо гардонидани диёри азизамон саъю талоши бештар карда истодаанд.

Дар анҷоми суханронии худ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Бофанда №2”, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зикр дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри амалӣ намудани бандҳои Нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумурии Тоҷикистон ва иловатан ба он ҳамарӯза корбарӣ намуда, барои дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ ва бо дастовардҳои бузурги меҳнатӣ, аз ҷумла сохтмону истифодадиҳии зиёда аз 500 иншооти таъкиноташ гуногун истиқбол намудани ҷашни бузурги миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза тадбирҳои зарурӣ хоҳад андешид.

Сипас, аз тарафи интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии “Бофанда №2, аз ҷумла Абдуҷалил Абдувалиев, Аюбҷон Раҳимов, Мақсуда Раҷабова, Тавҳида Баҳриддинова, Абдусалом Охунов ва дигарон ба ” ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Бофанда №2”, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар баробари сипосгузорӣ баҳри ободу хуррамгардонии шаҳр, ҳамзамон доир ба муаммоҳои ҷойдошта, аз қабили мумфаршкунии роҳи дохили маҳаллаҳо, бунёди майдончаҳои варзишӣ, таъмини бомароми оби нӯшокӣ, ташкили ярмаркаи хоҷагии халқ ва ғайра баён дошта, барои баррасӣ намудани он муроҷиат карданд.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба саолу пешниҳдҳои манзурградида ҷавобҳои дақиқ дода, аз масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо дастуру супоришҳо дод.

Дар анҷоми мулоқоти худ Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ва саҳмгузорӣ барои ободонии кӯчаву маҳалли хеш саъю талош варзанд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...