(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРӯзи 27-уми сентябри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Турсунзода бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии "Боғи Сомон" аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.

Сарони ду давлат аз вазъи феълии ангурбоғи хоҷагӣ, ки дар маҷмӯъ 500 гектарро ташкил медиҳад, дидан намуда, бо кормандони он аз наздик суҳбат карданд.

Тавре маълум гашт, айни замон аҳли заҳмати хоҷагии мазкур ба ҷамъоварии ҳосил машғул буда, ба иттилои масъулин, то ин дам аллакай 3 ҳазор тонна ангури хушсифат ҷамъовариву ба бозорҳои дохилу хориҷ интиқол дода шудааст.

Иброз гардид, ки "Боғи Сомон" яке аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарвари мамлакат ба шумор рафта, кормандони он таҷрибаи бойи нигоҳубини ток ва парвариши ангурро соҳибанд. Аз ин ҷост, ки соли 2017 Хоҷагии деҳқонии "Боғи Сомон" беш аз 5 ҳазор тонна маҳсулот ҷамъоварӣ намуда, ҳамин тавр дар таъмини бозори дохилии мамлакат бо ангури хушсифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар саҳм гузошт.

Ба меҳмонони олиқадр иттилоъ доданд, ки айни замон дар заминҳои хоҷагӣ 7 намуди ангур, аз ҷумла "Ҳусайнии сиёҳу сафед", "Ғалаба", "Шоҳона", "Пешпазак", "Кишмиши сиёҳу сафед" парвариш карда мешавад, ки тибқи нишондодҳо, имсол нисбат ба солҳои қаблӣ ҳосили бештар дорад.

Тавре маълум гашт, Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” баробари парвариши васеи навъу намудҳои гуногуни ангур, инчунин ба парвариши чорвои калону майда низ машғул аст.

Бояд тазаккур дод, ки Хоҷагии деҳқонии "Боғи Сомон" бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 ташкил ёфта, айни замон 1102 нафар саҳмдор дорад. Барои парвариш ва нигоҳубини ангур хоҷагӣ дорои таҷрибаи бой корӣ ва шароити мусоид буда, ҳамасола то 500 тонна маҳсулот дар сардхонаҳои он нигоҳ дошта мешавад.

Дар ин рӯз бо иштироки роҳбарони ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев сардхонаи нави хоҷагӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки ин иқдом имконияти нигоҳдории маҳсулотро ба тарзи чашмрас боло мебарад. Акнун дар маҷмӯъ хоҷагии мазкур имконият пайдо мекунад, ки то 2 ҳазор тонна маҳсулотро захира намуда, мувофиқи талабот дар дигар фаслҳои сол онро ба бозорҳои мамлакат барорад.

Сохтмони ин сардхона се сол қабл бо иштироки Пешвои миллат оғоз гардида буд ва дар ин муддат бо назардошти талабот бунёд ёфта, бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Дар ин иншоот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар номгӯи маҳсулоти ғизоӣ, ки аслан аз ангур омода мешаванд, дидан намуданд.

Ҳамчунин аҳли заҳмат навъҳои гуногуни ангурро, ки дар шаҳри Турсунзода парвариш меёбанд, ба намоиш гузоштанд.

Ба сарони давлатҳо иттилоъ дода шуд, ки аксари ин навъи маҳсулот содиротӣ буда, дар баробари бозорҳои дохилӣ, ҳамасола ба Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон ва Федератсияи Россия содирот мешавад.

Дар ин ҷо ба Хоҷагии деҳқонии "Боғи Сомон" аз номи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев як автомашинаи сабукрави замонавӣ ҳадя карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев зимни суҳбату боздид ба кори хоҷагии мазкур баҳои баланд дода, барои густариши фаъолияти минбаъда, ба роҳ мондани ҳамкориҳои нав, бахусус бо хоҷагиҳои Ҷумҳурии ҳамсоя Ӯзбекистон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...