(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.

Дар шаҳри Турсунзода аз ташрифи меҳмонони олиқадр бо самимият ва меҳмоннавозии хосса истиқбол гирифта шуд. Ба ин муносибат дар даромадгоҳи шаҳр-Ҷамоати деҳоти Қаратоғ аз тарафи аҳли ҳунар барномаи рангин манзур гардонида шуд.

Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва равобит дар самтҳои гуногуни барои ҷонибҳо муносиб дар асоси сиёсати созандаи сарони ду давлати ба ҳам дӯст бештар рушду густариш бахшида мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Турсунзода ба Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО) ташриф оварда, бо раванди истеҳсоли алюминий шинос гардиданд.

Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки имрӯз «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба қатори истеҳсолгарони азими ҷаҳонии алюминий шомил буда ва дар давоми солҳои тӯлонӣ нуфузи худро ҳамчун ширкати аз ҳама босуръат рушдкунандаи мамлакат, ки ба менеҷменти муосир ва низоми байналмилалии ҳисоботдиҳии молиявӣ таъйид менамояд, дар асл таҷассумгари ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон шудааст.

Ба Сарони давлатҳо иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар ширкату корхонаҳои «ТАЛКО ГУРӮҲ» беш аз  13 ҳазор нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буда, маҳсулоти истеҳсолшаванда ба тамоми стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад ва дар бозори ҷаҳонӣ харидорони бештар дорад.

Таъкид гардид, ки КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» имрӯзҳо истеҳсоли маҳсулотро тариқи техологияи муосир ба роҳ монда, ҳамкориҳоро бо ширкатҳои соҳибнуфузи ҷаҳонӣ тақвият мебахшад.

Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки тайи ду соли охир КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар заминаи сиёсати дурбинонаи Сарони ду давлати ба ҳам дӯсту ҳамсоя бо бузургтарин корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла соли равон дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бо яке аз корхонаҳои тавлидотии кишвари ҳамсоя шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки дар асоси он солона 10 ҳазор тонна метали алюминий ба корхонаҳои истеҳсолии кишвари ҳамсоя интиқол дода мешавад.

Баъди шиносоӣ бо раванди истеҳсоли алюминий Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев марҳилаи аввали корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТАЛКО-КРАНТАС»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи мазкур, ки бо иқдоми бевоситаи Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО) ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КРАНТАС  ГУРӮҲ»  таъсис дода шудааст,  дар он асосан васлу насби нақлиёти махсуси коммуналӣ ва сохтмонӣ анҷом дода мешавад.

Гуфта шуд, ки дар ин корхона асосан беш аз 12 намуди кранҳои борбардору нақлиёти боркаши махсус васлу насб карда мешавад ва баъди ба истифода додани марҳилаи дуюм васлу насби 40 намуди нақлиёти махсуси коммуналӣ ва сохтмонӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳамзамон дастандаркорон нақша доранд, ки дар оянда истеҳсоли қисмҳои алоҳидаи нақлиётро дар ин корхона ба роҳ монанд.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани онро Сарони давлатҳо- Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар самти тақвияти муносибатҳои дуҷонибаи саноатии ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя қадами устувор арзёбӣ намуданд.

Айни замон дар ин корхонаи муштарк беш аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, барои омода намудани мутахассисони соҳа аз ҷониби ширкати ӯзбекистонӣ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ низ  ба роҳ монда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ду ҷониб барои таъсиси корхонаи муштараки «ТАЛКО-КРАНТАС» дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2018 сурат гирифт, ба мувофиқа расида буданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...