27 Сентябр 2018
Тибқи нақша чорабинии бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд, федератсияи футболи шаҳр ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд ва "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" аз санаи 25 август то 21 сентябри соли 2018 дар варзишгоҳи Спартак-и шаҳр мусобиқа оид ба футбол байни дастаҳои маҳаллаҳо, корхонаҳо ва муасиссаҳо баргузор гардид.
Дар мусобиқа 8 даста иштирок намуда дар натиҷа дастаи "Сафо"ҷои сеюм, дастаи "Сирдарё" ҷои дуюм ва дастаи "Султонӣ" ҷои якумро ишғол намуданд.
Ғолибони мусобиқа бо Ҷом, медал ва диплом ва бозингарони беҳтарин бо тӯҳфаҳои хоиравӣ сарфароз гардонида шуданд.Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд