(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altЧанд лаҳза пеш дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба 40 нафар ҳунармандоне, ки дар озмуни Гранти Раиси шаҳр ғолиб омада буданд, Гувоҳнома ва маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муњаммадзода зимни суханронии худ таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати фарҳангпарваронаи хеш ба масъалаи ҳунармандӣ ва рушди он диққати ҷиддӣ дода, борҳо таъкид намудаанд, ки гузаштагони мо аз замонҳои хеле қадим ба ҳунармандӣ ва косибӣ шуғл дошта, дар тӯли асрҳои зиёд ҷиҳати эҷоди садҳо навъи ҳунар роҳ кушодаанд. alt Кулолгарӣ, заргарӣ, матоъбофӣ, читгарӣ, намадбофӣ, бурёбофӣ, алочабофӣ, қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ, сӯзанӣ, истеҳсоли маҳсулоти дастии гачкорӣ ё сафоливу шишагӣ аз ҷумлаи ҳунарҳои аҷдодии миллати тоҷик маҳсуб меёбанд. Либосҳои миллии духтарони атласу адраспӯш ки ҳар нақшу нигори он бозгӯи таъриху тамаддуни оламшумули миллати тоҷиканд, боиси ифтихору саодатмандии мост. Эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» таваҷҷуҳи дигар ба рушди ҳунармандӣ арзёбӣ мегардад.

Хушбахтона солҳои охир ҳунари ниёгон аз нав эҳё шуда, чевариву чакандӯзӣ миёни бонувон маҳбубияти хос-са пайдо намуд ва имрӯз чун намунаи барҷастаи мероси моддиву маънавии халқи тоҷик ба шумор мераванд. Таваҷҷуҳи доимии Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи корхонаҳои саноатии истеҳсоли атласу адрас боиси фарогирии истеҳсолоти ҳунармандон шуда истодааст. Хуҷанди бостонӣ яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ буда, таъриху тамаддун, адабу фарҳанги дерина дорад ва тайи асрҳои зиёд дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии минтақа нақши муассир бозидааст. Номи Хуҷанд дар сарчашмаҳои куҳани таърихӣ дар қатори бузургтарин шаҳрҳои минтақаи Осиёи Марказӣ зикр гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар оғози соли ҷорӣ Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси шаҳр оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои соли 2018» ба тавсиб расида буд. Мутобиқи ин қарор дар соли 2018-ум 40 гранти Раиси шаҳр барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор таъсис дода шудаанд, аз ҷумла: 5 грант дар ҳаҷми 8000 сомонӣ; 10 грант дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва 25 грант дар ҳаҷми 3000 сомонӣ, ки маҷмуъан 165 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Баҳри амалӣ намудани ин қарор шуъбаи кор бо занон ва оила, бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дигар сохторҳои марбута муваззаф гардидаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани чорабиниҳои ташкиливу ҳуқуқӣ, техникӣ, иттилоотӣ ва тарғиботию ташвиқотии грантҳои Раиси шаҳр оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои соли 2018 тадбирҳои зарурӣ андеша ва он ҳама дар сатҳи баланд ташкил гардид. Ва ба озмун беш аз 60 нафар ҳунармандон иштирок намуданд.Ёдовар мешавем, ки маблағи гранти Раиси шаҳр барои занони ҳунарманд соли гузашта 65 (шасту панҷ) ҳазор сомониро ташкил медод ва имсол беш аз 100 (сад) ҳазор сомонӣ афзудааст.

Сипас аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муњаммадзода ба 40 нафар барандагони гранти Раиси шаҳри Хуҷанд ҷоизаҳоро тақдим карда шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки чорабинии мазкур дар доираи тантанаҳои Рӯзи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...