(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altУстодону хонандагони азиз!

Меҳмонони арҷманд!

Чунонки сокинони пойтахт дар хотир доранд, моҳи апрели соли 2017 мо дар шаҳри Душанбе санги асоси Муассисаи ғайридавлатии таҳсилоти умумии «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ»-ро гузошта будем.

Инак, баъди якуним сол бунёди муассисаи таълимӣ ба анҷом расид ва имрӯз ба фаъолият оғоз кард.

Ба ин муносибат кулли устодону шогирдони ин муассисаи навбунёд ва аҳли маорифи шаҳри Душанберо табрик мегӯям ва ҳамзамон бо ин, ба ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин боргоҳи донишу маърифат саҳм гузоштаанд, аз ҷумла ба ҷамъиятҳои «Меъмориву шаҳрсозӣ» ва «Маркази таълимии «Ганҷина» миннатдорӣ баён менамоям.

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ва хусусан, баъди солҳои 2000-ум дар асоси ҳамкориҳои судманд бо як қатор кишварҳои дӯст, шарикони рушд ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар мамлакатамон доир ба беҳсозии шароити таълиму тарбия ва омода кардани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат даҳҳо муассисаи таҳсилоти умумии миёна бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар шаҳри Душанбе филиали чандин муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои пешрафта таъсис дода шуданд.

Дар ин раванд, чанд рӯз пеш дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба фаъолият оғоз кард, ки он минбаъд барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси сатҳи ҷаҳонӣ аз ҳисоби ҷавонону наврасони болаёқати Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Яъне давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт аз ҳамаи имкониятҳо истифода карда истодааст, то ки барои фарзандони мо тамоми шароити зарурии таълиму тарбия фароҳам оварда шавад ва насли ояндасози ватанамон соҳиби дониш ва касбу ҳунари замонавӣ гарданд.

Донишгоҳҳои Оксфорд ва Кембриҷи Британияи Кабир аз ҷумлаи муассисаҳои таълимии хеле шуҳратманду бонуфузи олам ба ҳисоб мераванд ва таҳсил дар чунин муассисаҳои сатҳи ҷаҳонӣ орзуи ҳар як наврасу ҷавон мебошад.

Аммо барои дохил шудан ба ин гуна донишгоҳҳо омодагии амиқу ҳамаҷонибаи довталабон зарур аст ва на ҳамаи хоҳишмандон метавонанд ҷавобгӯи талаботи онҳо бошанд.

Бинобар ин, мо тасмим гирифтем, ки намояндагии донишгоҳҳои зикршударо дар кишварамон таъсис дода, дар заминаи онҳо ҷавонони худро барои шомил шудан ба зинаи таҳсилоти олии донишгоҳҳои зикршуда омода созем.

Муассисаи навбунёди имрӯза, яъне Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ аз се бинои ду ва сеошёна иборат буда, бо дарназардошти санъати баланди меъморӣ бунёд гардидааст.

Дар бинои якуми муассиса ошхона, нуқтаи тиббӣ, китобхонаву синфхонаҳо барои таълиму тарбияи томактабӣ ва барои хонандагони синну соли аз 7 то 11 - сола ҷойгир шудаанд.

Китобхонаи муассиса дорои китобхонаи электронӣ буда, он ба шабакаи китобхонаҳои машҳури Аврупо пайваст мебошад ва дар он барои омӯзгорону хонандагон имконияти дастрасӣ ба адабиёту иттилооти зарурии таълимӣ фароҳам оварда шудааст.

Инчунин, дар китобхона маводи таълимӣ ва адабиёти гуногун аз осори шоирону нависандагони машҳури Аврупо мавҷуд буда, барои баргузор намудани машғулиятҳои амалӣ ҳамаи шароиту имкониятҳо муҳайё карда шудаанд.

Дар бинои дуюми муассиса синфхонаҳои алоҳида барои таълими меҳнат, аз ҷумла азхудкунии ҳунари кадбонугӣ, омӯзиши технологияҳои муосир, толори варзиш, ҳавзи оббозӣ, синфхонаву утоқҳои фаннӣ барои хонандагони синни 12-13 ва 14-18 сола, толори маҷлис барои 90 ҷойи нишаст ҷойгир карда шудаанд.

Дар бинои сеюм маркази коркарди маводи иттилоотиву технологӣ ҷойгир гардида, минбаъд дар он имконияти қабули имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои Аврупо фароҳам оварда мешавад.

Раванди таълим дар муассиса тибқи меъёрҳои давлатии таҳсилоти Британияи Кабир, стандартҳои давлатии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо забони англисӣ сурат мегирад.

Таълиму тарбияи томактабӣ дар маркази инкишофи кӯдакон ва давраи таҳсилоти умумӣ дар се зина: ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ амалӣ карда мешавад ва минбаъд таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷиҳати омода намудани хонандагон барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз хоҳад гашт.

Дар маркази инкишофи кӯдак тарбиягирандагон аз синни сесолагӣ барои таҳсил омода карда мешаванд.

Дар маҷмӯъ, дар муассиса барои 500 нафар шогирдон шароити таълиму тарбияи томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ фароҳам оварда шуда, хонандагон бо сару либоси ягонаи мактабии тарзи аврупоӣ таъмин мегарданд.

Бояд гуфт, ки омӯзгорону хонандагони муассиса бо маводи зарурии таълимӣ, воситаҳои аёнӣ, китобҳои дарсӣ, адабиёти бадеӣ ва дигар таҷҳизоти таълим, ки дар Аврупо таҳияву истеҳсол шудаанд, таъмин карда мешаванд.

Ҳамчунин, қобили зикр аст, ки ҷараёни таълим дар муассиса бо истифодаи пешрафтатарин технологияҳои иттилоотӣ сурат гирифта, раванди азхудкунии фанҳои таълимӣ, иҷрои машғулиятҳои синфӣ ва хонагии шогирдон тавассути таҷҳизоти электронии муосир таҳти назорати доимӣ қарор дода мешавад.

Пас аз хатм ба шогирдони мактаб ҳуҷҷатҳои таҳсилоти намунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир дода мешаванд ва онҳо метавонанд минбаъд таҳсилро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои Аврупо, Амрико, Ҷопон ва мамолики дигар идома диҳанд.

Ҳайати омӯзгорону устодон аз ҳисоби беҳтарин мутахассисони Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардида, машғулияту дарсҳо бо истифода аз усулҳои пешрафтаи таълим ба роҳ монда мешаванд.

Омӯзгоронро дар ҷараёни таълиму тарбия ассистентҳои соҳибкасби риштаҳои педагогика ва психология кумаку роҳнамоӣ мекунанд.

Муассиса ҳамкории мутақобилан судмандро бо яке аз ширкатҳои маъруфи Британияи Кабир – «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ» ба роҳ мондааст, ки он бо 370 муассисаи таълимии 25 давлати хориҷӣ, аз ҷумла Аврупо, Амрико, Осиё, Шарқи Наздик ва Африқо ҳамкорӣ менамояд.

Роҳбарони муассиса нақша доранд, ки то соли 2020 барои ҷавонони синни аз 18 то 23 - сола коллеҷ бунёд намоянд, ки дар он шаҳрвандони ҳам Тоҷикистон ва ҳам кишварҳои хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, дар оянда онҳо метавонанд таҳсили худро ба тариқи гузариш дар коллеҷҳои кишварҳои хориҷӣ, ки бо Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ ҳамкорӣ доранд, идома диҳанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Таъсис ёфтани намояндагии муассисаҳои таълимии давлатҳои пешрафтаи дунё дар кишварамон ба ҷавонони болаёқати мо, яъне насли даврони истиқлолият имконият фароҳам меорад, ки ҳарчи бештар соҳиби донишҳои мукаммал ва касбу ҳунарҳои муосир гарданд.

Наврасону ҷавонони мо, дар навбати худ, бояд хуб дарк намоянд, ки барои соҳиб шудан ба донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ бисёр кӯшиш намоянд, Ватани муқаддаси худ – Тоҷикистони соҳибистиқлолро самимона дӯст доранд, рафтору кирдори намунавӣ дошта бошанд ва ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯи илму дониш саъю талош кунанд.

Танҳо дар чунин сурат мо метавонем кадрҳои баландихтисос, соҳиби илму дониши замонавӣ ва ватандӯсту ояндасозро ба воя расонем ва минбаъд тақдири давлати худро ба дасти онҳо супорем.

Бо истифода аз фурсат, ба роҳбарони дигар муассисаҳои таълимии пойтахти мамлакат таъкид менамоям, ки таҷрибаи пешбурди корҳои таълиму тарбияро, ки дар ин мактаб ва умуман муассисаҳои пешрафта ба роҳ монда шудааст, омӯзанд ва дар ҷараёни фаъолияти худ усулҳои муосири таълимро ҳарчи бештар истифода баранд.

Дар охир ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ ва меҳмонони арҷмандро бори дигар ба ифтихори оғози фаъолияти муассисаи нави таълимӣ табрик мегӯям ва ба ҳар яки шумо дар ҷодаи омӯзиши донишҳои замонавӣ ва таълиму тарбияи фарзандон барору комёбӣ орзумандам.

Ҳамеша саломату муваффақ бошед!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...