(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ” - ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони ин муассисаи байналмилалии Тоҷикистону Бритониё 28 апрели соли 2017 санги асос гузошта, ҳамон вақт сохтмончиёнро ба иҷрои босифати корҳо ҳидоят карда буданд.

Инак бинои мактаби муосир дар давоми яку ним сол бо тарҳи замонавӣ ва сифати баланди меъморӣ бунёд ва бо иштироки Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Масоҳати умумии қитъаи замини муассисаи таълимии мазкур 6847 метри мураббаъ ва масоҳати умумии сохтмонии он бошад, 2345 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Муассиса аз ду бинои 3 ошёна бо таҳхона ва болохона ва як бинои 2 ошёна иборат мебошад.

Дар мактаби мазкур 500 ҷой барои таълиму тарбияи томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар ин чо ошхона бо 150 ҷойи нишаст, нуқтаи тиббӣ, китобхона ва синфхонаҳо барои таълиму тарбияи томактабӣ ва синфҳои болоӣ мавҷуд аст. Дар муассиса синфхонаҳо барои омӯзиши фанни таълими меҳнат, аз ҷумла азхудкунии пухту паз, синфхонаи муҳандисӣ барои омӯзиши технологияи муосир, ҳавзи оббозӣ, синфхонаи махсус барои омӯзиши рақсҳои гимнастика ва балет, толори варзишӣ, ҳуҷраи ивази сару либос ва толори маҷлис барои 90 ҷойи нишаст ҷойгир мебошанд.

Таълим дар ин муассиса тибқи барномаҳои таълимии зинаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилоти Британияи Кабир ва мутобиқ ба стандартҳои давлатии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, забони таълим забони англисӣ мебошад. Таълиму тарбияи томактабӣ дар маркази инкишофи кӯдакон ва таҳсилоти умумӣ бошад, дар се зина: ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ амалӣ мегардад.

Пас аз хатми ин муассиса ба хатмкунандагон ҳуҷҷатҳои таҳсилоти намунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир дода шуда, онҳо метавонанд таҳсили худро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои Аврупо, Амрико, Япония ва ғайра идома диҳанд.

Омӯзгорону устодон дар ин муассиса аз доираи беҳтарин муаллимони соҳибкасбу соҳибтаҷрибаи Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардида, машғулиятҳову дарсҳо ба хонандагон бо истифода аз усулҳои муосири таълим ба роҳ монда мешаванд.

Ба ғайр аз ин, муассисон ба нақша гирифтаанд, ки то соли 2020 баъди аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ ҷудо гардидани қитъаи замин барои хонандагони синну соли аз 18 то 23 сола коллеҷ бунёд намоянд.

Баъди шиносоии пурра бо шароиту имконоти мактаби нав Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ барои бунёди чунин як муассисаи муосири таълимӣ баҳои баланд доданд.

Дар саҳни ҳавлии Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо устодону хонандагон суҳбати самимӣ доир карданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...