(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altМаҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан» нишасти навбатии худро ба Рӯзи Рӯдакӣ ва истиқболи Рӯзи забони тоҷикӣ, ҳамчунин фаъолияти илмӣ ва омӯзгории доктори илмҳои филологӣ, профессор Матлубаи Мирзоюнус бахшид.

Маҳфилро дар толори калони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров номзади илмҳои филология,дотсенти кафедраи адабиёти классикӣ Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшид. Аз рӯи нақша муовини ректори донишгоҳ оид ба илм ва иноватсия Хайрулло Сабуров дар мавзӯи “Устод Рӯдакӣ ва шӯҳрати ҷаҳонии забони тоҷикӣ” суханронӣ кард. Ӯ гуфт, ки  дар арафаи иди адабиёту илм руҷӯъ намудан ба осори илмиву адабӣ ва педагогии доктори илмҳои филологӣ, профессор Матлубаи Мирзоюнус басо рамзӣ буда, арҷ гузоштан ба хидматҳои чандинсолаи олима вазифаи ҷонии мост.

Сипас дар бахши “Навгониҳои илмиву адабӣ”  Сорбон Азизов – номзади илмҳои филология, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бештар аз 20 номгӯ китобҳои тозанашрро муаррифӣ кард.  Аз ҷумла силсилаи китобҳои нав аз ҷониби муассисаи давлатии “Камоли Хуҷандӣ” ба табъ расидааст,ки натиҷаи заҳмати олимони ҷавони ин муассиса мебошад.

Таҳти мавзӯи “Самтҳои асосии фаъолияти  илмии  профессор Матлубаи Мирзоюнус маърӯзаи илмии   Шарифҷон Тоҷибоев, номзади илмҳои  филология, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шунида шуд.Мавсуф дар мавриди фаъолияти илмӣ , мавзӯву мӯҳтавои осор , самтҳои асосии фаъолият,сабку услуби нигориши Матлубаи Мирзоюнус ибрози назар намуд.

Адабиётшинос ва шоири соҳибназар Нуралӣ Нурзод бошад дар мавзӯи “ Бонувони суханвар дар оинаи пажӯҳиши Матлубаи Мирзоюнус” оид ба як бахши бузурги тадқиоти донишманд сухан кард. Силсилаи “Хубони порсигӯ”ро аз беҳтарин тадқиқот дар шинохти ҳаёт ва фаъолияти бонувони суханвари қаламрави фосизабонон муҳсуб донист.Муҳаққиқони номвар адабиётшинос Замира Ғаффорова, забоншинос Абдусаттор Абдуқодиров, донишманди маъруф Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода дар бораи дастовардҳои илмиву адабӣ ва шахсияти нотакрори мавсуф изҳори назар намуданд.

Шеърхонии донишҷӯён аз осори адибони классикӣ ва муосир таҳти унвони “Аз Рӯдакӣ то Фарзона” ва суруду оҳангҳои дилнавози ансамбли “Навои ҷавонӣ”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба маҳфил файзи дигар ато кард. Барои онҳое, ки маърӯза намуданд тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...