(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар деҳаамон мӯйсафеде буд ва ҳар гапу коре боиси тааҷҷубаш мегашт, ҳамон лаҳза мегуфт: «Бобо намурд, дар ин зиндагӣ ҳамаи балоро дид». Чун ҷавонтар будам, ба умқи ин сухан намерасидам. Ҳикмати баландашро тадриҷан дарк карда истодаам.

Чанд моҳе пеш Кабирӣ бо истифодаи таҷрибаи пирони наҳзатиаш ва роҳнамоии хоҷагони маънавиаш мехост боз ҷамъе равшанфикрони тоҷики дар хориҷ қарордоштаро бо баҳои чанд динору риёли барояш додаи дигарон бихараду мисли солҳои 90-ум қурбонии нақшаҳои ҳизби террористиаш созад. Аммо тираш хок хӯрд. Ҷамъомаде, ки гирд овард, амалан ба ҷаласаи хонаводагиаш табдил ёфт. Пеши онҳое, ки кафолати сохтани ИНОТ-и навро барояшон дода буд, шарманда шуду назди кишвари маълуме, ки ин ҳама маблағро барои ин маърака ҷудо карда буд (барои ташкили кору иҷораи толор, роҳхарҷии ба гуфти худашон 300 нафар даъватшуда, маблағи меҳмонхона ва хӯрду хӯрокашон бо кисапулию ғайра) қарздор. Акнун, ки корҳо барор нагирифт, роҳҳои дигари нишон додани худро пеш гирифт. Роҳҳои қаблан озмудашударо.

Моҳи январи соли 2016 падари 95-солааш (таваҷҷуҳ кунед – 95 сол, умре ки танҳо чанд фоизи кӯчаки насли инсонӣ мебинад ва муҷиби ҳасадхӯрист) бо дарди илоҳӣ даргузашт. Кабирӣ аз он ҳангомае бардошт, ки гӯё қиёмат қойим шуда: «ӯро Ҳукумат намонд хориҷа раваду ҳамин сабаби маргаш шуд».  Хоҷагонаш ба ин муносибат хеле дастгири маънавию молиявиаш карданд. Худро нобино ҳам вонамуд карданд. Гӯё намедонистанд, ки ин шахс (манзур Кабирӣ) вақте модараш – кампири Сочак дар бистари беморӣ нафасҳои вопасини худро мекашид, на гуреза буду не таъқиб мешуд. Вакили парлумон буд. Аммо ширкат дар як конфронси муқаррарии бунёди Карнегиро аз паҳлуи модари бемор волотар донист ва ҳатто дар ҷанозааш ба таври телефонӣ (методи нави ҷанозахонӣ, ки метавон онро ҳамчун кашфиёти Кабирӣ ба қайд гирифт) иштирок кард.

Чун ҳама роҳҳо тамом шуданд, чун дид ягон таваҷҷуҳи ҷиддие нисбати «ҷасади беҷони сиёсиаш» ва ҳизби мурдааш эҳсос намегардад, тифли бемор – набераи чорсолааш Иброҳимро ба майдони сиёсатҳои ҳарроми худу хоҷагонаш  кашид.

Ҳеҷ инсони солим аз бемории шахси дигар, хосатан агар тифли маъсуме бошад, хурсанд намешавад. Зеро ҳар касе, ки фарзанду дилбанде дар ҳаёт дорад, не барои худу на барои дигарон, ҳатто барои душмани худ бадиро намеписандад.

Ҳангомае, ки Кабирӣ ва 3-4 рӯзноманигори лошахӯр аз бемории Иброҳими чорсола барангехтанд, тамоми сиёҳии тиннату қалби касифи онҳоро рӯйи об баровард. Ҳатто аз бемории наберааш Кабирӣ имтиёзи сиёсӣ гирифтанӣ шуданд. Чуноне, ки дар ҷанозаи модараш бо телефон занг заду  нутқи сиёсие анҷом дод ва тӯдае бесаводу содалавҳ бовараш карданд.

Акнун бозии наваш бо истифода аз бемории набера низ ончунон баъзе журналистони зудбовару эҳсосотиро тасхир кард, ки ҳамоно дар худро ба оғӯши Кабирӣ партофтанд.

Ин тифлаки ҳанӯз аз дарки дунё бехабар аз куҷо медониста бошад, ки бобои ғуломи нафсаш масти долларҳои хориҷисту ба кайфу сафо машғул. Ва ҳатто дарди ӯро барои ҷалб кардани диққати хориҷиҳо ба шахсияти худаш истифода бурд. Чуноне, ки марги падарашро истифода кард.

Ин сиёсатмадори террорист, айёру маккор хабари бемории набераашро тавре суистифода, тавре ҳангома кард, ки ҳисси тоҷики содалавҳу зудбоварро ба туғён дарорад, нафрати ӯро нисбати мақомоти интизомии кишвар бедор кунад. Ӯ парвои Иброҳими чорсола надошт. Гап танҳо сари ПИАР мерафт. Пиари сиёҳи Кабирӣ. Тифлаки маъсум ва дарди ӯ бояд ба хотири нигаҳдории номи Кабирӣ дар сархати расонаҳои иттилоотии моҷароҷӯ хизмат мекарданд. Чун бо мусоидати мақомоти давлатӣ ба хориҷа рафт, ҳам Кабирӣ хомӯш шуду ҳам думликонони ӯ. Касе аз тақдири ин тифл намепурсад.

Беномусӣ, бефаросатии Кабирист, ки ҳатто бо беморию вафоти пайвандони хонадонаш аз диди сиёсӣ менигарад. Хешро роҳбари ташкилоти сиёсии исломӣ медонаду қазову қадарро инкор месозад. Аз ин бармеояд, ки ҳатто эътиқодаш ҳам бофтаю сохта аст. Боз ҳамон сухани муйсафед: «намурдем ҳамаи балоро дидем».

Имрӯз боз «пиар»-ҷумбонӣ дорад. Даври конфронси САҲА дар Варшава. Вале аз қабл маълум аст, ки боз бо шармандагӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ҳар кас ки ба хиёнат даст зад, дигар дар ду дунё рӯяш сиёҳ аст. Сиёҳие, ки бо ягон собун шуста нахоҳад шуд.


Зиёев Баҳром,

рӯзноманигор

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...