08 Сентябр 2018
Ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов 8-уми сентябри соли ҷорӣ дар доираи Рӯзҳои вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилояти Суғд дар пояи муҷассамаи асосгузори давлатии тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.
Дар ин маросим Ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимовро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Рӯзҳои вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилояти Суғд идома дорад.Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд