(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар сомонаи наҳзатии «Ислоҳ.нет», ки муассисаш яке аз наҳзатиёни ҷаррор Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, матлабе таҳти унвони «Конфронси обсуфкунаки МТС: таҳдидҳои ҲНИТ ба амнияти миллӣ» интишор ёфт. Ростӣ, сомонаи «Ислоҳ.нет»-ро  кам мурур мекунам, зеро яқин медонам, ки муаалифони он, дақиқтараш, М.Садриддин камтарин таваҷҷуҳе ба миллат ва халқу ватан надоранд. Аммо виҷдон намегузорад, ки беинсофии муаллифи матолиби «ислоҳнетӣ» беҷавоб монад. Ба ин мазмун, мехоҳам ба матлаби М. Садриддин, ки бо музахрафоте худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ доимо реклама мекунад, иҷмолан посух бидиҳам. Аз сарлавҳаи матлаби М. Садриддин пайдост, ки дар ҳошияи конфронси ахиран баргузорнамудаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шудааст. Ба чанд нуқтаи ин матлаб, иҷмолан  посух ироа медорам. Инак, таваҷҷуҳ:

1.Воқеан, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмими дуруст гирифтааст ва бо назардошти шароит ва фазои иттилоотию сиёсӣ конфронси худро ҳам ба масъалаи ТТЭ ҲНИ иртибот додааст. Чаро маҳз ТТЭ ҲНИ дар маркази таваҷҷуҳи коршиносону таҳлилгарон қарор гирифтааст? Ҳаводиси имрўзаи сиёсӣ ва кашмакашҳои динию мазҳабӣ, ки бар мабнои исломи сиёсӣ дар манотиқи гуногунуни Ховари Миёна ва баъзе мамолики ғарбӣ иттифоқ афтодааст, мақомоти давлатӣ ва сохторҳои сиёсиро водор месозад, ки  сари амнияти миллӣ ва давлатӣ ҷиддӣ андеша кунанд ва ҷилави мутаассибону ҷоҳилонро бигиранд. Агар ин навъи фаъолият дар сохторҳои марбутаи давлатӣ дар қиболи хатарҳои глобалӣ сурат нагирад, пас, давлат ва мақомоти давлатӣ ба чӣ дарде мехўранд ва онҳо бояд чӣ кор анҷом бидиҳанд. Албатта, барои М. Садриддин ва ҳамсафону ҳаммаслаконаш сукуту хомўшии мақомоти марбутаи давлатӣ дар баробари хатарҳои глобалӣ ва бозиҳои ТТЭ ҲНИ зарур аст, аммо давлат муваззаф аст, дар қиболи мушкилот ва авзоъ тасмимоти ҷиддӣ рўйи даст бигирад ва корро то ба бесуботию нооромӣ накашонад. Ин аст, ки ба масъалаи ТТЭ ҲНИ таваҷҷуҳ намудан ва дар ростои он расидагӣ намудани масоили марбута амри зарурӣ ва айни муддаост.

2. М. Садриддин, ки чун наҳзатии радикал ва мутаассиб ҳеҷ гоҳ ҳарфи худро нодуруст намешуморад ва музахрафоти худро ба унвони ҳақоиқи аланӣ ба намоиш мегузорад, ин дафъа ҳам бо «ақли маҳз»-аш дар нисбати раҳбарияти МТС ва ТТЭ ҲНИ пешдоварӣ намудааст. Гап сари ин аст, ки наҳзат барои давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо худии худ ҳеҷ гоҳ хатари ҷиддӣ набуду нест, вале хатар дар радикализми динӣ-мазҳабӣ ва нуфузи исломи сиёсӣ дар манотиқи даргири Ховари Миёна ва мамолики ҳамсарҳадӣ аст. Исломи сиёсӣ аз гузашта дида, имрўз ба сифати хатар ва таҳдиди глобалӣ на танҳо Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ, балки ҷаҳонро  мавриди таҳдид қарор медиҳад. Эътилоф ва тавофуқу ҳамкориҳое, ки дар заминаи бурузу ҳузури исломи сиёсӣ ва терроризми динӣ-мазҳабӣ миёни давлату кишварҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бунёд ёфтаанд, ҳақонияти таҳдиду хатари исломи сиёсиро таъйид мекунанд. Ҷиддияти масъала дар он аст, ки бархе созмонҳои байналмилалӣ ва қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ дар бозиҳои сиёсию геосиёсӣ аз исломи сиёсӣ ва ҳаракатҳои тундраву террористии динӣ-мазҳабӣ истифода мекунанд ва дар сармоягузории ташкилотҳои террористию экстремистӣ саҳми муносиб мегиранд. Ин нуктаро дар пуштибонии молиявию мафкуравӣ ва сиёсии ин созмонҳои тундраву террористӣ, ки ғолибан дар шакли сиррӣ-пинҳонӣ амалӣ мегарданд, метавон ба хубӣ мушоҳида кард. Аз ин ҷост, ки сиёсатҳои дустандарта ноамнию бесуботиро дар нуқоти даргири сайёра тадовум мебахшанд.

Муҳимтар аз ин, амнияти давлатӣ ва мардумӣ муҳимтарин унсури суботи сиёсӣ ва оромиши иҷтимоӣ дар минтақа ва ҷаҳон маҳсуб меёбад ва давлати Тоҷикистон бо истифода аз имконоти сиёсӣ, мафкуравӣ ва илмию фанӣ дар заминаи таҳкиму тақвият бахшидани раванди сулҳу субот ва амнияти миллӣ иқдомоти ҷиддӣ гирифтааст ва минбаъд низ дар ин самт бо тамоми созмонҳои байналмилалӣ ва давлату кишварҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҳамкорӣ менамояд. Бар илова, созмонҳои сиёсӣ ва корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, ки ба конфрос даъват шудаанд, муҳиммияти масъаларо дарк кардаанд ва ба иллати гирифторӣ ва мушкилоти дигар баъзе намояндагони созмонҳои сиёсӣ ва дипломатӣ агар ширкат накарда бошанд, ҳаргиз маънои онро надорад, ки конфронс ба ҳадафи худ нарасид. Будан ва набудани иддае аз намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои сиёсии муқими Душанбе ба кори конфронс халале ворид насохтааст ва ба обру ва нуфузи ҷумҳурӣ низ латмае назадааст. Бинобар ин, М. Садриддин, ки аз нохун чирк кофтанро дар авлавияти кори сиёсӣ ва наҳзатиаш қарор медиҳад, аз ин лаҳза илҳом гирифта, матолиби музахраф ва иғвогаронаи худро рўйи сафаҳоти сомонааш мерезад.

3. Орзу ва ормони М. Садриддин ва наҳзатиён, ҳамоно вуҷуду ҳузури шариати исломӣ дар низоми зиндагии иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии ҷомеаи тоҷик аст. Муддаиёни наҳзатӣ ва минҷумла М. Садриддин, ки минбарро танҳо барои ҷаҳлу хурофоти динӣ-мазҳабӣ истифода мекунед ва дунёеро ба ҷуз таъбироти мунҷамиди асримиёнагӣ қабул надоред, дар ёд дошат бошед, ки Тоҷикистон давлати дунявӣ аст ва дар он дину мазҳаб меъёри зиндагӣ маҳсуб намеёбанд ва дину имон дар доираи ахлоқиёти фардӣ амал мекунанд ва тибқи қавонини дунявӣ, ҳуқуқи тасаллути доштан дар умури иҷтимоӣ ва давлатиро надоранд. Ин шумоед, ки бо боварҳои хушку холӣ ва таассубу хурофоти асримиёнагӣ мардуми сода ва зудбовари тоҷикро ба вартаи ҷаҳолат тела дода, зиндагии инсонии онҳоро таҳти тарсу ҳароси мазҳабӣ ва мавҳумот қарор дода, намехоҳед, ки аз ин вартаи ҳалокатбор наҷот ёбад ва дунёи рўшанро бибинад. Кор то ба ҷое расидааст, ки ҳар маҳалла масҷид ва ҳар қабила имом дорад. Ин ҳам дар асри бисту як, дар асре, ки инсон бояд аз Моҳу Парвин, Марсу Меркурий ва зиндагӣ дар кайҳон суҳбат кунад, мо ба туфайли зинда кардани мавҳумоти асримиёнагӣ, ки дар саргаҳаш «донишмандон»-е мисли М.Садриддин қарор доранд, дар фикри аркони ислом ва таҳорат суҳбат мекунем ва ҷуръати фаротар аз ислом ва ҷаҳонбинии динӣ фикр намуданро надорем. Мутаассифона, бо ин навъи биниши тангу маҳдуд, ки наҳзатиёни ҷарроре мисли М. Садриддин шабу рўз тарғиб мекунанд, ба ҷое намерасем ва дар чоҳи тираву тори манкуртӣ боқӣ мемонем. Ин аст ҳосили ибтикороти зиёда аз бистсолаи муҷриёну ровиёни наҳзатӣ ва ин гуноҳи худро бар гардани дигарон бор мекунанд ва худро демократ, либерол, озодандеш, дигарандеш вонамуд месозанд. Ба дунболи ин, дурўғҳои шохдори дигари М. Садриддин, ки аз бастани масоҷид ва амсоли инҳо таркиб ёфтаанд, бебунёд ва зидди рушди инсонӣ будани афкори Садриддинҳоро нишон медиҳад. Магар кори давлат ва ҷомеаи тоҷикӣ бояд аз масҷидсозӣ, масҷидравӣ ва намозхонӣ иборат аст? Муддаиёни мадорису масоҷид ва тавоҳумоти динӣ рубоии машҳури сўфии бузурги асримиёнагӣ -- Шайх Абўсаиди Абулхайрро ё фаромўш кардаанд ва ё амдану қасдан аз он имтиноъ меварзанд, ки воҳимаҳои бузургманишони исломиро ҳанўз дар асри ёздаҳи мелодӣ канор задааст:

То мадрасаву манора вайрон нашавад,

Ин кори қаландарӣ ба сомон нашавад.

То имон куфру куфр имон нашавад,

Як банда ҳақиқатан мусулмон нашавад.

4. Пешниҳоди таълифи мақолоти илмӣ ва таҳлилӣ дар робита бо ТТЭ ҲНИ, ки аз ҷониби гузоришгари конфрос А. Бекназаров садо додаст, ба М. Садриддин сахт нафоридааст. Охир, ханҷар ба мағзи ҷонаш расидааст. ТТЭ ҲНИ ҳасту буд ва тору пуди ин тоифа аст ва ҷуз наҳзат ва афкори пўсидаи наҳзатӣ чизи дигаре ба онҳо мақбул нест. Таълифи мақола, ошкор намудани аҳдофи созмонҳои террористии динӣ, ҳаракатҳои тундрав радикал вазифаи олим ва муҳаққиқ дар ҳар давру замоне буда ва ҳаст. Дар заминаи афкори муғризонаи наҳзатиҳо ва Садриддинҳо, ки дар танготангии ақидатӣ ва мафкуравӣ қарор доранд, таълифи мақола ва омода намудани гузоришҳои илмӣ ва таҳлилӣ магар гуноҳ аст? Дар бораи ТТЭ ҲНИ, чи дар дохил ва чи дар хориҷ мақолоту гузоришҳои илмӣ ва таҳлилӣ таълиф ёфта ва меёбанд ва оқибат ҳақ ба ҳақдор мерасад.

Афзун бар ин, муаллифи матлаб М. Садриддин пирўзии наҳзатро дар пуштибонӣ ёфтанаш аз тарафи доираҳои ғарбӣ мебинад. Дар ҳоле ки созмондиҳӣ ва барномарезии пружаҳои динӣ-мазҳабӣ, ки одатан ба хотири ба вуҷуд овардани фазои ноорому бесубот дар ҷомеа ва бебандуборӣ дар минтақаҳо ва аз ин ҳисоб касб кардани лавозими иқтисодию молиявӣ роҳандозӣ мешаванд, дар ҷаҳони мо ба ҳукми анъана даромадааст. Бахусус, аз ибтидои асри бист сарпарастони пружаи исломи сиёсӣ дар мамолики арабӣ «иқдомот»-и густарда рўйи даст гирифта, бар асоси консепсияи динӣ-мазҳабӣ ва истифода аз нуфузи лидерони маҳаллии мазҳабӣ тарҳҳоеро таҳия ва амалӣ намуданд. Ин гуна тарҳҳои динӣ-мазҳабӣ, албатта, таҳти сарпарастии молиявию иқтисодии созмонҳои пасипардагии ғарбӣ дар байни кишварҳои исломӣ аз ҷониби исломиёни салтанатталаб ва худбохта ҳамсадоӣ пайдо кард. Бад-ин минвол, қудратҳои ҷаҳонӣ ва баъзе созмонҳои байналмилалӣ, ки бо доираи сиёсати истеъморгароёнаи урупоӣ мерақсанд, бозии дустандартаро роҳандозӣ намуда, аз ин тариқ як навъ нобовариҳоро дар миёни ҷомеаҳои шарқию ғарбӣ ба бор овардаанд. Имрўз, ки раҳбарияти фирории наҳзатӣ дар Урупо паноҳанда шуда, дар минбарҳои пешниҳоднамудаи сиёсатмадорони ғарбӣ чарбзабонӣ менамояд, далели он аст, ки иддае аз сиёсатмадорони урупоӣ аз картаи исломи сиёсии минтақавӣ (дар мисоли ТТЭ ҲНИ) истифода мекунанд, то тарҳ-пружаҳои «вижа»-и сиёсию иқтисодиашро тадриҷан дар минтақа пиёда созанд. Ин аст, ки террористонро дар симои наҳзатиёни бурунмарзӣ мадад мекунанд ва дар ихтиёрашон минбар мегузоранд, то дурўғў риё ва музахрафу хурофоти худро ба дунё бедареғ бипарокананд. Бо ин кор баъзе дориаҳои ғарбӣ нокорамадӣ ва расвогии худ ва сиёсаташонро ба ҷаҳониён нишон медиҳанд.

5. Аз раҳбарияти наҳзатӣ қаҳрамон сохтан ва офаридани образҳои қаҳрамон дар драматургияи наҳзатӣ ва сармоягузорони дохилию хориҷии онҳо падидаи наву тоза нест ва умуман, ин тарзи политтехнологияи сиёсӣ ҳануз дар замони шўравӣ вуҷуд дошт. Мушаххастар, мунин тарзи кор ва ба истилоҳ, “бозӣ” ҳанўз дар замони шуравӣ  миёни Иттиҳоди Шўравӣ ва империализми ҷаҳонӣ ривоҷ ёфта буд. Ҳодисаи “қаҳрамонсозӣ”-и хоинони давлатӣ аз ҷониби қудратҳои ғарбӣ анъана шуда буд. Ба ёд меорем “корнома”-хиёнати ҳавонаварди ҳарбии шўравӣ Виктор Иванович Беленкоро, ки 5 сентябри соли 1976 тавассути ҳавопаймои низомии МИГ-25П ба Ҷопон фурўд омада, таҷҳизоти сиррии давлатиро ба ихтиёри мақомоти умури хориҷии ғарбӣ вогузошт ва мақоми паноҳандагии сиёсиро дар ИМА соҳиб гардид. Дар Амрико он хоин ба унвони қаҳрамон мавриди ситоишу таблиғи дастгоҳҳои иттилоотӣ ва давлатӣ қарор гирифт. Бинобар ин, сенарияи “қаҳрамонсозӣ” ва муҳимтар аз ин, “қаҳрамонофаринӣ”-и драматургони сиёсии ғарбӣ ҳадди ақал барои наслҳои миёнсол ва бузургсоли фазои пасошўравӣ маълум аст. Аз ин ҷост, ки давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон ба ин гуна бозиҳо(қаҳрамонсозиҳои персонаҳои наҳзатӣ, бахусус раҳбари фирории он М. Кабирӣ, ки М. Садриддин аз ў тамҷид мекунад, дар назар аст), аслан аҳамият намедиҳад, чун аз платформаи барномаҳои сиёсии ғарбӣ, ки дар қолаби бозиҳои назаррабо ва фиребо (иллюзорные игры) рехта шудаанд, мутталеъ аст ва ба иғво-провокатсияи иддае созмонҳои байналмилалӣ ва сомонаҳои иттилоотии наҳзатӣ, ки таги боли бозигарони минтақавӣ ва ҷаҳонӣ пинҳон мешаванд, дода намешавад. Барои Ҳукумати мо Кабирӣ дар ҳар шакле зуҳур накунад, террорист ва экстремист аст.

6.Дар мавриди воҳимаҳои М. Садриддин дар робита бо пикету раҳпаймоиҳо ва эътилофоти наҳзатӣ, ки дар кишварҳои урупоӣ, хосса Олмон доир гардиданд. Аз расонаҳои мустақил овозаи ҳангомабарангези ҷамъомади наҳзатӣ дар Дормунд ва омодагӣ ба ташкили ИНОТ-2-ро мутолиа карда будем. Дар роҳандозӣ шудани чунин як барномаи қаблан тарҳрезишуда дар нохунак ташаббуси роҳбари фирории ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ “бузург” буд. Гап сари ин аст, ки Кабирӣ ва ҳаммаслакони наҳзатиаш дар Олмон бо баҳонаи таҷлили 21-солагии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ном Анҷуман ташкил карда, дар доираи он созмони нави худ – Эътилофи неруҳои мухолифи Тоҷикистонро таъсис ва эълом карданӣ буданд. Ин матлабро пардапўшона раҳбари ситоди баргузории "Ҳамоиши тоҷикистониён ба муносибати 21-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ” Муҳаммадсаид Ризоӣ арз дошта буд, вале наҳзатиҳо ноком шуданд ва натавонистанд қишри рўшангари тоҷикро, ки муқими Урупо аст, ба гирдоби балои худ бикашанд. Оё инро М. Садриддин медониста бошад? Медонад, вале худро ба нодонӣ мезанад.

7. Дар мавриди навори филми мустанади телевизионии “Бозгашт ба ҷаҳаннам” М. Садриддинро чунон безобита кард, ки эҳсосоташро пинҳон надошта, рўйирост ба таҳқири раҳбарияти кишвар пардохтааст. Дуруст аст, ки филми мазкур ба забони англисӣ тарҷума шуда, он расона ва шабакаҳои иҷтимоӣ пахш гардид. Онро метавон як навъ кафоратномаи яке аз пирони ҲНИТ Айёмиддин Сатторӣ донист. Филми мазкур дар марказҳои шаҳру вилоятҳо, махсусан дар деҳоти ҷумҳурӣ ҳамовозӣ пайдо намуд ва тамошобин атрофи он ва симои марказии филмнома А. Сатторӣ миёни якдигар зиёд радду бадал карданд. Ба таври куллӣ филмнома дар шинохти симоҳои наҳзатӣ ва муҳити созмондодаи онҳо дар ҷумҳурӣ ба доираи васеи тамошобинон кумак мерасонад. Албатта, барои Садриддинҳо ин навъи филмҳо, ки парда аз аъмоли онҳо мебардорад, маъқул нест. Бигзор бошад, вале бояд дар назар дошт, ки нашинохтани симоҳои воқеии наҳзатӣ ибтидои солҳои навадуми асри гузашта боиси ташаннуҷи авзоъ ва даргириҳои бемаънӣ – ҷанги шаҳрвандӣ гардид ва хисороти моддию маънавии он то имрўз дар чеҳраи мардуми миёнсол ва солманди ҷумҳурӣ аён аст. Зиёда аз ин, мардум, мутмаинан бозигарони наҳзатиро мешиносад ва дар тасмимоти худ ба иштибоҳ роҳ нахоҳад дод. Ин тоифаи наҳзатӣ ба ватан, миллат, халқ, давлат коре накардаанд, ки сазовори пайравӣ ва иззат бошад, баръакс, бо фаъолиятҳои кучаку назарногири худ ба номи мардуму миллати тоҷик иснод овардаанд. Чун анъана дар чанд соли ахир медонем,  ки аз номи миллат, халқ ва ватан дар хориҷ аз кишвар танҳо ТТЭ ҲНИ ва пайравони он ҳарф мезананд, чунки дар берун дигар додрас надоранд (танҳо сармоягузорони хориҷӣ барои истифодаи онҳо дар бозиҳои геополитикӣ ба онҳо хидмати молиявӣ мекунанду халос). Ба халқ паноҳ бурдан мехоҳанд, дар ҳоле ки мардуми тоҷик онҳоро хуб мешиносад ва аз «хидматҳо»-и ин тоифа дар солҳои навадуми асри бист хуб бархўрдор гардидааст. Қиссаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳама маълум аст ва таҳиягарони он ҳанўз дар дохилу хориҷ мунтазири лаҳза ва фурсати муносибанд.

Бахтиёр Рахимов,корманди

илмии шуъбаи тадкикотии АИ ЧТ


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...