(0 овоз, миёна 0 аз 5)

9-21 сентябри соли ҷорӣ Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо нақша дорад, ки дар Варшава конфронси солона «Оид ба чораҳои татбиқшуда дар самти андозагирии инсонӣ»-ро доир намояд. Чун анъанаи дерина интизор меравад дар он аъзои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ), ки аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, иштирок кунанд. Роҳбари он М. Кабирӣ, ки дар кофтуков қарор дорад, мехоҳад бо ширкати шахсии худ ташкилкунандагон ва меҳмонони ин конфронстро «хушнуд» созад ва аз таҷрибаи бузурги террористии худ дар доираи ин чорабинӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ  ҳикоя кунад.

Аҷиб ин аст, ки аз 57 давлати аъзои САҲА  13 кишвар инчунин ба сохторҳои дигари сиёсӣ ва ҳифзи ҳуқуқи байналмилалӣ (СМЗТ СҲШ, МЗТ ИДМ, СААД, Интерпол) шомиланд, ки ҳизби мазкурро террористӣ ва экстремистӣ эътироф кардаанд. Маълумот дар бораи аъзои ТТЭ ҲНИ, дар баробари ДИИШ, «Ал-Қоида», ҳаракати «Толибон» ва ғайраҳо таҳти рақами 79 ба Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, ҷудоихоҳ ва экстремистӣ (http://ecrats.org/ru/news/6910), ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ (Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон), бо  масоҳати  умумии  4,4 млн. км2 ва беш аз 3,3 млрд. аҳолӣ, яъне фарогири қариб ними аҳолии сайёра (аз 7,6 млрд.), манъ аст, шомил карда шудааст. Роҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ  аз ҷумлаи  се ҳазор нафар террористонест, ки ба Феҳристи ягонаи кофтукови СМЗТ СҲШ шомил карда шудааст.

Дар асоси Қарори Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки ба он Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон шомиланд, ТТЭ ҲНИ ба Феҳристи ягонаи ташкилотҳои дар қаламрави кишварҳои узви СААД террористӣ ва экстремистӣ эътирофшуда низ ворид карда шудааст. Феҳристро мақомоти салоҳиятдори онҳо ҳангоми амалиёти  якҷояи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ба инобат мегирад. Аз ин рӯ, Арманистон ва Беларус ба минтақаҳои дар боло зикршуда пайвастанд. Илова бар ин, ТТЭ ҲНИ ба Махзани маълумоти умумии МЗТ ИДМ, ки ҳайати васеъро (Беларус, Россия, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон) дорост ва бо шарикони худ – Кумитаи зиддитеррористии ША СММ, Интерпол, СМЗТ СҲШ, СААД, Кумитаи коршиносон оид ба мубориза бо терроризми Шўрои Аврупо (CODEXTER), гурӯҳи АвруОсиё барои мубориза бо қонунигардонии дароматҳои ҷиноӣ ва маблағгузории терроризм ҳамгироии зич, инчунин бо созмонҳои байналмилалӣ дар ИА, Исроил, Туркия, Эрон ва Арабистони Саудӣ ҳамкорӣ дорад, шомил карда шудааст. Яъне  рӯйхати ҷуғрофии давлатҳо, ки дар қаламравашон ҳизби зикршуда террористӣ ва  будубоши аъзои он ғайриқонунӣ маҳсуб меёбад, аз ҳисоби Озарбойҷон, Молдова, Туркманистон ва кишварҳои хориҷии дури болозикр меафзояд.

Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон (узви СҲШ) Мубашар Ҷовид Акбар зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки дар шаҳри Душанбе бо иштироки зиёда аз 400 нафар аз 48 кишвар ва 31 ташкилоти байналхалқию  минтақавӣ, аз ҷумла намояндагони САҲ доир шуд, нақши Тоҷикистонро дар мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм баланд арзёбӣ намуд. Дипломати ҳиндӣ ТТЭ ҲНИ-ро барои амнияти минтақа таҳдиди ҷиддӣ арзёбӣ намуд.

Моҳи августи соли ҷорӣ дар шаҳри Қоҳира оид ба фаъолияти ташкилотҳои экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ ва «Ихвон-ул-муслимин» таҳти унвони «Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ташкилотҳои террористӣ. Таҳқиқи муфассали фаъолияти «Ихвон-ул-муслимин» ва ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ» Конфронси байналмилалии илмӣ-тадқиқотӣ баргузор гардид. Дар рафти конфронс шабоҳати ба ҳам наздики таърихи ташкилотҳои террористии номбаршуда, алоқамандӣ ва ягонагӣ дар кӯшишҳои онҳо барои ноором кардани вазъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Миср зикр, инчунин дастгирии ин созмонҳои террористӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон исбот карда шуд.

Имрӯз ТТЭ ҲНИ бо иштирок, маблағгузорӣ ва роҳбарии бевоситаи хадамоти махсуси Эрон фаъолиятҳои ҷиноиро дар қаламрави Тоҷикистон идома медиҳад. Соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ аз ҳамлаи террористӣ дар минтақаи ҷойгиршавии Пойгоҳи низомии 201-и Россия дар Душанбе, ки онро мебоист 13 нафар аъзои аз ҷониби дастурдиҳандагони эронӣ омодагии диверсионидидаи ТТЭ ҲНИ анҷом медоданд, пешгирӣ намуданд. 29 июли ҳамин сол аз ҷониби аъзои ҲНИ дар муқобили сайёҳони хориҷӣ ҳамлаи даҳшатбори террористӣ анҷом дода шуд.

Тайи як соле, ки аз рӯзи баргузории чунин конфронси қаблии САҲА сипарӣ гардид, дар ВАО як зумра маводҳо нашр ва якчанд филмҳои ҳуҷҷатӣ («Решаҳои ноаён», «Теракт-1996», «Садоқати разолатпуш», «Хиёнаткор Абу Усома Норакӣ-узви фаъоли ТТЭ ҲНИ», «Бозгашт аз ҷаҳаннам» ва ғайраҳо) намоиш дода шуданд, ки дар онҳо иштирокдорон ва шоҳидони бевоситаи ҷиноятҳои ТТЭ ҲНИ дар бораи корҳои анҷомдодаашон нақл карда, гуноҳи аъзои онро тасдиқ менамоянд. Ба назар мерасад, ки САҲА ба ташкилоти тиҷоратӣ табдил ёфта ёфтааст. Акнун он аз рӯи субсидия (ёрии моддӣ) фаъолият мекунад. ТТЭ ҲНИ дорои захираҳои кофӣ мебошад. Манбаъњҳояш ба ҳамагон маълуманд. Аз ин рӯ, фаъолони ин ташкилоти экстремистию террористӣ оромона дар конфронсҳои САҲА сабти ном мешаванд.

Пештар, барои бо ташкилкунандагони чунин чорабиниҳо, ки САҲА мегузаронад, дар тамос шудан ва ҳамчун иштирокдорони онҳо номнавис гардидан бояд аз як зумра расмиёти қатъӣ пешакӣ мегузаштанд. Номзадҳо ҷиддан интихоб, муҳокима ва арзёбӣ мешуданд. Иштирокдоронро дар ин вақт ҷо ба ҷо мекарданд ва бо «хароҷоти сафар» таъмин менамуданд. Якчанд моҳ пеш аз оғози конфронс шахсони бонуфузи боэътимод (персона грата), ки ба мақоми САҲА мувофиқанд, даъватномаҳои шахсӣ мегирифтанд. Ва танҳо дар сурати тасдиқ гардидан суханронии пешниҳодкардаи онҳо ба рӯйхати маърӯзачиёни калидӣ ворид карда мешуданд. Чунин тартиби интихоб аккредитатсияи (бақайдгирии) рӯзноманигоронро низ дар бар мегирифт.

Ҳоло вазъ дар САҲА, ки бар асоси принсипи «шаҳри бедарвоза» фаъолят мекунад, ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтааст. Имконияти иштирок ва ҳатто суханронӣ карданро аз ин минбари баланди байналмилалӣ  дилхоҳ хоҳишманд новобаста аз обрӯю эътибор, вазъи иҷтимоӣ, қонуншиканӣ ва даст доштанаш дар терроризм ё ҷиноят ба даст  меорад.

Иштироки Тоҷикистон дар САҲА зарурати нигоҳ доштан ва таҳким бахшидани амниятро дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ тақозо менамояд. Робитаҳои устувор ва рушди ҳамкорӣ бо САҲА ба ҳадафҳо ва принсипҳои сиёсати хориҷии пешгирифтаи Тоҷикистон мутобиқ ва ба манфиати таҳкими соҳибихтиёрӣ, давлатдорӣ ва амнияти миллии он ҷавобгӯ буданд. Аммо то он даме, ки моҳи сентябри соли 2016 дар Варшава дар форуми САҲА аъзо ва тарафдорони ТТЭ ҲНИ футболкаҳои бо аксҳои роҳбаронашонро ба бар карда, ба ҷонибдории онҳо аксия ташкил карданд. Он гоҳ ниятҳои аслии САҲА, ки меъёрҳои қонунгузории мавҷуда ва созишномаҳои дар самти таъмини амният дар минтақа батавофуқрасидаро дағалона поймол карда, бар хилофи конвенсияҳо ва қарорҳои умумиэътироф амал мекунад, ошкор шуданд. Дар ҳоле, ки вазифаҳои зиддитеррористии ҶТ ва САҲА мувофиқа карда шуда, бояд дар ҳамкории зич бар асоси машварат бо мақомоти Тоҷикистон ҳангоми риояи пурраи қонунҳо ва қоидаҳои ин кишвар ҳал карда шаванд.

Мисолҳои зиёди фаъолияти тахрибкоронаи САҲА дар давлатҳои алоҳидаи пасошӯравӣ ва  манотиқи даргир маълуманд. Чанде пеш намояндагиҳои САҲА дар қаламрави Россия, Беларус, Озарбойҷон ва дигар ҷумҳуриҳои ИДМ тамоман баста шуданд, зеро роҳбарияти онҳо зарурати фаъолияти САҲА-ро дар кишварҳои худ намебинанд ва намехоҳанд, ки намояндагони «мустақил»-ро дар худ навозиш диҳанд.

Пас аз он ки ДИДҲБ-и САҲА ба ҷаласаи худ дар Варшава ҷоннибдорони ТТЭ ҲНИ-ро роҳ дод, паст бурдани ваколат ва мақоми ин ташкилот - аз Бюро (Дафтар) то ба Намояндагии барномавӣ дар Тоҷикистон – тадбири қонунӣ, ҷавобӣ ва мутаносиб буд. Ҳамин тариқ, фаъолияти ин ташкилоти байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд гардида, идораҳои он дар   рашт , Хуҷанд, Қурғонтеппа, Кӯлоб ва Шаҳритус баста шуданд. Ҳамзамон, то ба ҳол ба САҲА ҳуқуқ дода шудааст, ки якчанд лоиҳаро дар ҷумҳурӣ амалӣ намояд.

Яке аз бандҳои фаъолияти САҲА ин мубориза (на ҳамкорӣ!) бар зидди терроризми байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо оид ба масоили мубориза бар зидди чунин таҳдидҳо мебошад. Дар асл, САҲА танҳо, тавре мегӯянд «риштаи корро чигил мегардонад». Аён аст, ки он дигар ташкилоти мустақили байналмилалӣ нест, тавре ки кӯшиш мекунад худро нишон диҳад.

Ба Тоҷикистон «демократия»-и САҲА, ҳамсафон, шарикон ва ҳомиёни ҳуқуқ, ки созишномаҳои байналмилалӣ иҷро намекунанд, бегона мебошад. Бо додани иҷозати иштирок дар конфронсҳои худ ба аъзои ТТЭ ҲНИ Намояндагие, ки бояд барои ҳалли низоъ ва мубориза бар зидди терроризм фаъолият мекард, ба меъёри нодуруст ва таҷрибаи нораво табдил ёфт. Равшан аст, ки Дабири кулли САҲА Томас Гремингер барои зикри кадани ин суханҳо далелҳои  қотеъ дорад: «Ихтилофоти ҷиддӣ дар атрофи фаъолияти ташкилоти мазкур пеш ҳам вуҷуд доштанд, вале имрӯз онҳо ба таври назаррас тақвият ёфтаанд ва бӯҳрони амиқи эътимод ба миён омадааст». Аз ҷониби Тоҷикистон ин талафоти пурраи эътимод нисбат ба Ташкилот, мақом ва нуфузи он мебошад. Зеро воқеаи соли 2016 барои САҲА дарси ибрат нашуд. Ташкилот ба  шаҳри бедарвоза  мубаддал гаштааст, дар он ҳар каси хоҳишманд метавонад эҳтиёҷоти хурду калони худро баровард кунад.

Имрӯз, вақте ки вазъ бо ТТЭ ҲНИ метавонад такрор ёбад – эҳтимолияти ниҳоятан баста шудани Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон барои фаъолияти он тадбири кофӣ ва мутаносиб хоҳад буд.

Юрий МАКЕЕВ


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...