(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати иди Қурбон, ки аз ҷумлаи суннатҳои неку писандидаи дини мубини ислом буда, пагоҳ фаро мерасад, самимона табрик мегӯям.

Мусулмонони кишвари мо, ки пайрави мазҳаби муътадилу таҳаммулгарои ҳанафӣ мебошанд, ба дини мубини ислом ва суннатҳои он ҳамчун нишонаи имондорӣ, василаи покии маънавӣ ва одобу ахлоқи ҳамида арҷ мегузоранд.

Зеро дини ислом ва мазҳаби ҳанафия тайи садсолаҳои зиёд ба ташаккули маънавӣ ва такмили фарҳанги диндории мо мусоидат кардааст.

Мардуми мусулмони мо зимни таҷлили иди Қурбон рӯҳи гузаштагонро ёдовар мешаванд, манзили онҳоро зиёрат мекунанд, ба аёдати оилаҳои азодор мераванд ва амалҳои хайру савобро иҷро менамоянд.

Ҳамзамон бо ин, дар давраи омодагӣ ба ин иди саид ҳазорон нафар сокинони мамлакат фаризаи ҳаҷро, ки аз ҷумлаи рукнҳои панҷгонаи дини ислом маҳсуб меёбад, ба ҷо меоранд.

Бовар дорам, ки ҳоҷиёни мо баъди ба Ватан баргаштан ба ҷойи оростани дастурхону ташкил кардани маъракаҳои намоишкорона ба анҷом додани аъмоли савоб, аз ҷумла корҳои ободонӣ, таълиму тарбияи фарзандон ва кумак ба муҳтоҷон бештар машғул шуда, кӯшиш мекунанд, ки дар ин ҷода намунаи ибрати дигарон бошанд.

Дар хотир бояд дошт, ки ҳоҷӣ шудан танҳо маънои ба зиёрати хонаи Худо мушарраф шуданро надорад, балки таваллуди дуюмбораи маънавӣ, таҳкими ахлоқи ҳамида, тарбияи рӯҳу ахлоқи пок ва кӯшиш барои инсони комил шудан аст.

Бисёр муҳим аст, ки дар доираи баргузор намудани иди Қурбон бояд арзишҳои неки инсониву маънавӣ, аз қабили рафтору кирдору аъмоли нек, дӯстиву рафоқат, созан­да­гиву ободкорӣ, омӯзиши илму маърифат, таҳаммулгароиву покии забон ва дигар хислатҳои ҳамида бояд мунтазам талқин карда шаванд.

Худованд дар Қуръони маҷид фармудааст: «Эй касоне, ки имон овардаед, аз покизаҳои он чӣ шумо ба даст овардаед ва аз покизаҳои он чӣ барои шумо аз замин берун овардаем, харҷ кунед».

Итминон дорам, ки шахсони ҳимматба­ланду саховатпеша тибқи фармудаҳои Худованди мутаол дар ин рӯзи муборак дасти хайру сахо ва кумаку дастгирии худро аз ятимону маъюбон, бепарасторону муҳтоҷон ва оилаҳои камбизоат дареғ намедоранд ва бо ҳамин роҳ соҳиби савоби зиёд мегарданд.

Дар баробари ин, фаромӯш набо­яд кард, ки қурбонӣ кардан танҳо ба шахсони дорои шароиту имконияти кофии моддиву молӣ воҷиб аст.

Касоне, ки имконияти иҷрои чунин амалро надоранд, метавонанд бо муно­си­ба­ти нарми инсонӣ ва одобу ахлоқи ҳасана аз савобу баракати иди Қурбон баҳравар шаванд.

Ҳар як сокини мамлакат бояд амиқ дарк намояд, ки дар вазъи кунунии бисёр ҳассосу печидаи ҷаҳон мо бояд сарҷамъу муттаҳид ва зираку ҳушёр бошем, неъмати бузургтарини зиндагии халқамон, яъне истиқлолияту озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро дар ҳама ҳолат ҳимоя кунем ва манфиати давлату миллатамонро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем.

Падару модарон, устодону омӯзгорон, аҳли зиё, ходимони дин ва ҳар як фарди ватандӯсту солимфикр вазифадоранд, ки гароиши наврасону ҷавононро ба ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ пешгирӣ кунанд.

Имрӯз давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳар як фарди ҷомеа тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам овардааст, ки ба хотири беҳтар гардонидани сатҳи некӯаҳволии худ, пешрафти давлат ва ободии Ватани маҳбубамон софдилона заҳмат кашида, дар таъмини ҳаёти осудаи сокинони мамлакат фаъолона иштирок намояд ва дар ин амри хайр саҳми ватандӯстонаи хешро гузорад.

Итминон дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар баробари иҷрои маросими диниву мазҳабӣ, аз ҷумла адои маносики ҳаҷ ва таҷлили иди Қурбон, дар роҳи тарбияи ахлоқии ҷавонону наврасон, ба роҳи дуруст ҳидоят кардани онҳо ва вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву ободонии кишвари азизамон саъю талоши бештар мекунанд.

Бори дигар ҳамаи шумо, ҳамватанони азизро ба муносибати фарорасии иди саиди Қурбон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини мамлакат сулҳу оромӣ, файзу баракат ва иқболу хушбахтӣ орзу менамоям.

Иди саиди Қурбон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...