(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altҲурматли Мирзиёев Шавкат Мирамонович – Ӯзбекистон Республикасининг Президенти!

Дӯстони азиз!

Нахуст иҷозат фармоед, то бори дигар арзи сипоси самимии худро ба Шумо ва тамоми мардуми шарафманду дӯсту бародари ӯзбек барои истиқболи гарму меҳмоннавозии сатҳи олӣ ва таваҷҷуҳи хосса изҳор намоям.

Бо истифода аз фурсати муносиб, дуруду пайғомҳои гарми мардуми Тоҷикистонро ба ҳамаи шумо мерасонам.

Итминони комил дорам, ки натиҷаҳои сафари имрӯзаи мо мисли самараи боздиди  таърихии бародари ман, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз Тоҷикистон, ба таҳкими равобити ҳасана ва ҳамкории ду кишвари дӯсту бародар такони ҷиддӣ мебахшанд.

Шавкат Мирамоновичи гиромӣ!

Боиси сарфарозист, ки мову шумо имрӯз заминаи боэътимоди робитаҳои гуногунҷанбаи кишварҳоямонро бо созишномаҳои нав ғанӣ гардонидем ва онҳоро ба сатҳи шарикии стратегӣ бардоштем.

Ҳамсоя будани тоҷикон ва ӯзбекҳо, дар як муҳити ҷуғрофӣ зиндагӣ кардан ва аз як сарчашма об нӯшидани онҳо ҳукми тақдир мебошад.

Эҳсоси олии дӯстӣ, бародарӣ ва дастгирии якдигар асосҳои таърихии   муносибатҳои байни халқҳои мо мебошанд, ки тӯли асрҳо аз насл ба насл интиқол ёфтаанд.

Яъне халқҳои мо садсолаҳои зиёд бо фарҳанги куҳану ҳаммонанд ва одобу русуми яксон дар фазои сулҳу дӯстӣ ва самимияту бародарӣ паҳлуи ҳам зиндагӣ кардаанд.

Тоҷикону ӯзбекҳо ду халқе ҳастанд, ки тамоми арзишҳои ахлоқӣ, одобу рафтор ва ҷашну маросими онҳо ба ҳамдигар хеле монанд ҳастанд.

Гузашта аз ин, дар кишварҳои мо ҳазорон оилаҳое зиндагӣ мекунанд, ки гувоҳи пайвандҳои хешутабории  тоҷику ӯзбек мебошанд.

Ниёгони шарафманди мо дар давоми садсолаҳо мероси беҳамтои фарҳангиву илмиеро ба вуҷуд оварда, ба мо вогузор намудаанд.

Ин мероси ниегони мо сармояи бузурги маънавие буда, ки ба мо имконият фароҳам меорад, ки имрӯз ва дар оянда низ дар фазои дӯстиву бародарии самимона кору зиндагӣ кунем.

Эҷодиёти шахсиятҳои бузурги илму адабу фарҳанг, ки барои тоҷикону ӯзбекҳо мояи ифтихори муштараканд, сармояи воқеан пурарзиши маънавии халқҳои мо мебошад.

Дар садри ин бузургон, албатта, Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ қарор доранд.

Роҳи ҳаётии ин ду шоиру мутафаккири бузург, ки дар фаъолияти эҷодии онҳо  инъикос ёфтааст,  намунаи олии дӯстӣ ва эҳтироми мутақобилаи халқҳои мо мебошад.

Мир Алишери Навоӣ мақому мартабаи ахлоқиву маънавӣ ва инсонии устодаш-Абдурраҳмони Ҷомиро чунин ба қалам додааст:

Ул сафо аҳли пок фарҷоми,
Покфарҷому покфар Ҷомӣ.
Ул яқин сори дастгир манга,
Қиблаву устоду пир манга.

Имрӯз барои муошират ва рафтуомади озодонаи шаҳрвандони ҳар ду кишвар ҷиҳати дидорбинии хешу табор, ёру дӯстонашон ва саёҳату тиҷорат тамоми имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар чунин шароит мо бояд ба хотири рушду таҳкими арзишҳои созандаи муносибатҳои неки ҳамсоягиамон дучанд саъю талош намоем.

Дар ин самт, пеш аз ҳама, аҳли зиё, яъне шоирону нависандагон, олимону донишмандон ва ходимони фарҳанг бояд фаъол бошанд.

Мо аз ҷониби худ чунин робитаҳои неки байни мардумонамонро ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳем кард.

Дар ин робита, ҳамчунин, мехостам аҳаммияти ҳамаҷониба густариш додани робитаҳои ду кишварро дар соҳаи сайёҳӣ таъкид намоям.

Мо бояд ба  шиносоии фарохтари халқҳоямон бо осори таърихиву фарҳангии ду кишвар ҳамаҷониба мусоидат намоем.

Ҳамкориҳои гуногунҷанбаи тиҷоративу иқтисодӣ яке аз омилҳои муҳимтарини таҳкиму густариш пайдо кардани муносибатҳои дӯстии байни кишварҳо маҳсуб меёбанд ва мо азми қотеъ дорем, ки онҳоро минбаъд низ густариш диҳем.

Моро зарур аст, ки бо дарназардошти хусусиятҳои ба ҳам монанди иқтисодиёти кишварҳоямон, ҷиҳати ба роҳ мондани робитаҳои боз ҳам беҳтар дар миёни сохторҳои хоҷагидориамон, иқдомҳои муссир анҷом диҳем.

Муҳтарам Шавкат Миромонович!

Бар асари татбиқи қарори аз лиҳози стратегӣ дурусти Шумо ҷиҳати роҳандозӣ намудани ислоҳоти куллӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёт симои Ӯзбекистони бародар рӯз ба  рӯз дигаргун мегардад.

Вақтҳои охир Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамчунин, оид ба таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои самарабахши кишварҳои минтақа як силсила иқдомҳоро анҷом дод.

Дигаргуниҳои бунёдие, ки  дар ин самт ба вуҷуд омадаанд, фазои куллан навро  барои ҳамгироии созандаи минтақавӣ фароҳам меоранд.

Тоҷикистон чун ҷонибдори муътақиди густариши робитаҳои созанда миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ сиёсати дурандешонаи Шуморо дар ин ҷода, ки аз аввалин рӯзҳои ба уҳда гирифтани роҳбарии кишвари дӯсти Ӯзбекистон пеш гирифтаед, ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунад.

Дар фарҷоми сухани худ бори дигар ба Шумо, Шавкат Мирамоновичи гиромӣ, барои фароҳам сохтани фазои олии бародарона дар кишвари биҳиштосои Ӯзбекистон сипосгузории амиқ баён мекунам ва паёми муҳаббати гарми мардуми тоҷикро ба халқи дӯсту бародари ӯзбек арз менамоям.

Бовар дорам, ки ҳамкориҳои кишварҳои мо дар ҳамаи бахшу самтҳо минбаъд низ пайваста густариш хоҳанд ёфт.

Мо имкониятҳои таърихӣ ва захираҳои истифоданашударо бо азму иродаи ду ҷониб ба самар хоҳем расонид.

Робитаҳои давлатҳои мо, ки акнун ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд, барои мардумони кишварҳоямон рӯзгори босаодатро ба армуғон хоҳанд овард. Ман ба ин итминони комил дорам.

Қадамҳои хубе, ки дар ин соли таърихӣ дар роҳи таҳкиму густариши муносиботи ду кишвар гузошта шуданд, оғози корҳои бузурги оянда мебошанд.

Мо дар оянда низ дар роҳи густариши фазои дӯстии абадӣ ва самимияту ҳамдигарфаҳмии халқҳоямон бо ҳам қадамҳои устувор гузошта, ободиву пешрафт ва сулҳу суботи кишварҳоямонро таъмин мекунем. Ин рисолати таърихии мо мебошад.

Ба ҳозирини гиромӣ ва кулли мардуми бародари Ӯзбекистон оромиву амонӣ, некӯаҳволиву саодат ва пешрафти рӯзафзун орзу мекунам.

Ба Шумо, Шавкат Мирамоновичи азиз, сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти пурмасъулияти таърихиатон барору комёбиҳои бузург орзумандам.

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон халқларининг биродарлик ришталари мустаҳкам ва абадий бӯлсин!

Пояндаву безавол бод дӯстиву бародарии халқҳои тоҷику ӯзбек!

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...