(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни баргузории як чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб дар беморхонаи шаҳрии №1 духтуронро табрик намуда, ба зиёда аз 60 нафар фаъолони соҳа сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Шаҳрдор Маъруф Муҳаммадзода зимни баромади худ таъкид дошт, ки саломатӣ барои инсон давлати бузург ва аз ҳамагуна зару зевар қимматар буда, ана ҳамин сиҳатиро маҳз табибон ва кулли кормандони муассисаҳои тандурустӣ ҳифз менамоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хирадмандонаи хеш ба рушди иҷтимоиёт ва иқтисодиёти кишвар таваҷҷўҳи хоса зоҳир намуда, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намуданд: «Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти он, ки саломатии мардум шарти муҳимтарини пешрафти мамлакат мебошад, ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба тандурустии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад».

Ба таъкиди Маъруф Муҳаммадзода Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифз ва таъмини тандурустии аҳолӣ, инчунин фароҳам овардани шароити заруриро ба хотири ташкили тарзи ҳаёти солим, яъне тарбияи насли солим ва ташаккули ҷомеаи солим ҳамчун яке аз омилҳои асосии пешрафти давлат дониста, бо дарназардошти ин, соҳаи тандурустиро аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати соҳибистиқлоли худ эълон кард. Аз ин, рў барои татбиқи самарабахши барномаву лоиҳаҳои соҳа, инчунин беҳбудии шароити моддиву техникии муассисаҳои тандурустӣ маблағгузориро аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ҷалби сармояи ҳориҷӣ сол ба сол зиёд карда истодааст.

Раиси шаҳр гуфт, ки дар ин радиф тибқи нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тавассути амалӣ гардонидани тадбирҳои зарурӣ дастрасии кўмакҳои аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолӣ дар вилояти Суғд аз ҷумла шаҳри Хуҷанд тавсеа ёфта, бунёди иншооти муосири тиббӣ ва таъмин намудани онҳо бо технологияҳои навтарини ташхису табобат бомаром идома дорад. Сол аз сол ҳаҷми солонаи маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр дар доираи Барномаи дарозмуддати рушди соҳаи тандурустӣ барои эҳтиёҷоти муассисаҳои табобатӣ, таъминоти иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси ба онҳо баробаримтиёз бо дорувории бепул ва дигар имтиёзҳои марбут ба ҳифзи сиҳатӣ, нишони чунин эътибор ва ғамхориҳост.

Иттилоъ дода шуд, ки баҳри хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд 16 муассисаҳои тандурустӣ амал намуда, дар онҳо 2260 нафар кормандони тиб адои вазифа доранд. Аз онҳо 580 нафар духтурон, 831 нафар ҳамшираҳои шафқат ва 889 нафар дигар кормандони тиб мебошанд. Инчунин, бо унвонҳои Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 35 нафар, номзади илм - 16 нафар, профессор 3 нафар, Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 6 нафар ва дорандаи Медали “Шафқат”- 5 нафар фаъолият мебаранд. Дар асоси “Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар марказҳои саломатии шаҳр хизматрасонии тибби оилавӣ ҷорӣ гардида, 136 духтурони оилавӣ ва 168 нафар ҳамшираҳои тибби оилавӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Сиёсати давлат дар ин самт аз таъмини сиҳатии омма сарчашма мегирад ва умед бар он мебандем, ки кормандони тиб рисолати азалии худро ҳамчун ҳомиёни саломатии инсон сарбаландона адо мекунанд.

Таъкид шуд, ки Синои бузург низ рисолат ва фитрати табибро чунин баён кардааст: «Агар шоирон ҳокимони сухан бошанд, табибон фариштагони саломатӣ мебошанд. Зеро шоирон бо сухани хушоянд ба руҳи инсон хушҳолӣ мебахшанд ва табибон ҷисми ўро бо садоқат ва хайрхоҳӣ табобат мекунанд». Шумо – табибони гиромӣ, ворисони ҳақиқии нобиғаи бузурги ҷаҳонӣ Абўалӣ ибни Сино мебошед, ки китоби машҳури ў «Қонуни тиб» ҳанўз дар асри 12 ба забони лотинӣ тарҷума шуда, асрҳои зиёд ҳамчун китоби рўимизии табибони олам хизмат кардааст. Бо назардошти ин нукта, ҳар яки шумо бояд шарафи касбии худро ҳифз карда, бо фаъолияти содиқонаву софдилонаи хеш барои ҳифзи саломатии мардум ва рушди минбаъдаи соҳаи тандурустӣ саҳми арзанда ва шоистаи худро гузоред.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба зиёда аз 60 нафар фаъолон ва собиқадорони соҳаи тандурустии шаҳр аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...