(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди варзиш тадбирҳои ҳадафманд андешида шуда, ин сиёсат дар шаҳри бостонии Хуҷанд амалан татбиқ ва роҳандозӣ шуда истодааст.

Воқеан ҳам тарғибу ташвиқи мақсадноки варзиш дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба сатҳи даркорӣ ва муҳим расонида шуда, сокинони касбу кор ва синну соли гуногуни ин шаҳри куҳан бо он шуғли бештар ёфта, тарзи ҳаёти солимро пеш гирифтаанд.

Субҳи имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои мақомоти маҳаллӣ бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҳамаи иншооти варзишии шаҳр машқи пагоҳирӯзӣ, бозиҳои гуногуни варзишӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Ин иқдом аз ҷониби тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ ва хонандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ низ истиқболи гарм пайдо намуд.

Ин ташаббус ва чорабинии фарогири саломатӣ ба муносибати Рӯзи варзишгарон амалӣ карда шуд ва дар ҳафтаҳои минбаъда низ масъулин ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани он муваззаф гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ варзиш на танҳо ҷанбаи иҷтимоӣ, балки ҷанбаи муҳими иқтисодиро низ касб намуда, мардум ҳар қадар бештар бо варзиш фаро гирифта шаванд, ҳамон қадар вазъи саломативу ҳолати рўҳиву равонии онҳо ва дар маҷмўъ, суботи ҷомеа беҳтар мегардад.

Шоистаи таҳсин аст, ки баҳри рушди ҳамаҷонибаи соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳр сохтмону эҳёи толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ вусъат гирифта, то ин ҷониб бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз тарафи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва соҳибкорон даҳҳо майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Иштироки варзишгарон дар бозиҳои варзишии минтақавию ҷаҳонӣ ва дастовардҳои шоистаи онҳо дар мусобиқаҳо обрўву эътибори кишварро баланд бардошта, ҳисси ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандории шаҳрвандонро афзун менамояд.

Имрўз ҷавонони мо дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок карда, парчами Тоҷикистонро баланд бардошта истодаанд, ки ин боиси ифтихор аст.

Бояд қайд намуд, ки бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд беш аз 280 иншооти варзишӣ мавриди истифодабарӣ қарор дорад. Ҳамчунин, бунёд ва азнавсозии толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ аз ҷониби мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ бо маром идома дорад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Абдуқаюмзода Ҷ. А. Абдуқаюмзода Ҷ. А. Муовини Раиси шаҳрҶамшед Абдуқаюмзода Алиҷонӣ 16 феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи да...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Ишонқулов Ғ. С. Ишонқулов Ғ. С. Ишонқулов Ғайрат Саидбекович 25-уми  феврали соли 1981 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли ...
Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Исматҷонов Б.Ҳ. Исматҷонов Б.Ҳ. Исматҷонов Бахтиёр Ҳусейнович 31-уми  майи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Расулзода Р.Р. Расулзода Р.Р. Расулзода Раҳим Расул 20-уми июли соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 2000 Донишгоҳи давлатии ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Ёрматов А. Р. Ёрматов А. Р. Ёрматов Абдухалил Рустамович 3-уми феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1998 Филиали до...
Бойматов Ф. М. Бойматов Ф. М. Бойматов Фирдавс Мақсудович 26-уми январи соли 1981 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 2005 Донишгоҳи дав...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз318
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1475
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта9237
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта8991
mod_vvisit_counterҲамин моҳ24560
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта40538
mod_vvisit_counterҲамагӣ1234211