(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСолҳои охир дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ирои Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ, ки аз ҷумла зикр доштанд: «Яъне мо вазифадорем, ки боз ҳам бештар заҳмат кашида, ба иҷрои ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ноил гардем, диёрамонро то гӯшаҳои дурдасттарини он боз ҳам ободу зебо гардонем, корхонаву коргоҳҳои нав бунёд кунем, барои сокинон ҷойҳои корӣ муҳайё намоем ва сатҳу сифати зиндагии халқамонро аз имрӯза дида, баланд бардорем. Зеро мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд» тадбирҳои мушаххаси ободонию созандагӣ андешида шуда истодааст.

Дар ин радиф бо саъю талошҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Роҳбарияти шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд», ки бо маблағгузории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар ҳаҷми 28, 8 миллион доллари амрикоӣ ба маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд 25 адад автобусҳои замонавии истеҳсоли Федератсияи Россия ворид карда шуд ва ин имкон медиҳад, ки сатҳи хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёти мусофиркаш беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад.

Мавзуъи автобусҳо ва сатҳи нокифояи хизматрасонии нақлиётии шаҳри Хуҷанд 10 солаҳо дар сархатти асосии расонаҳои дохиливу хориҷӣ қарор доштанд. Ва хушбахтона он марҳила ба марҳила ҳалли худро ёфта истодааст. Ҳар як кор мувофиқи худ мушкилот, муаммо ва печидаҳои худро дорад ва то замони баррасии он фурсат талаб менамояд.
Субҳи имрӯз, яъне 1-уми августи соли равон 25 адад автобусҳои нав, яке бо хатсайри микроноҳияи 3-юми шаҳри Хуҷанд ба воситаи хиёбонҳои Истиқлолу Исмоили Сомонии шаҳр ба истгоҳи роҳи оҳани ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ва дуюмӣ аз микроноҳияи 3-юм тариқи роҳи байни микроноҳияҳои 8-12 ва 12-13 (кӯчаи Усмон Қосимов) сипас ба воситаи кӯчаи Рифъат Ҳоҷиев ва хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд то ба истгоҳи роҳи оҳани ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолияти хешро оғоз бахшиданд.

Тибқи дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи аввали ба фаъолият оғознамоии автобусҳо, яъне 1-уми августи соли равон дар масирҳои номбурда ба шаҳрвандон хизматрасонии комилан ройгон ба роҳ монда шуд.

Шуруъ аз 2-юми августи соли равон нархи роҳкирои автобусҳо дар сайрхатҳои номбурда ҳамагӣ 1 сомонӣ аз ҷониби шаҳрдорӣ муайян гардидааст.

Шодиву нишоти шаҳрвандонро ҳадду канор набуд. Зеро автобус беш аз 20 сол инҷониб дар шаҳри Хуҷанд ҳаракат намекард. Бо мурури сол, ҷойи автобусҳоро микроавтобусҳо ба даст оварданд. Ва табиист, ки вобаста ба хизматрасонӣ бархе қоидавайронкунӣ, аз қабили аз меъёр зиёд ҳаракат намудан, дар ҷойи муқаррарнашуда таваққуф намудан, зиёд гирифтани мусофирон, тамбашавии микроавтобусҳо дар кӯчаҳои марказии шаҳр, берун аз истгоҳҳо истода мусофир гирифтан, ҷалби ноболиғон ба микроавобусҳо баҳри пулчинӣ аз мусофирон, ҳаракати бенизом дар кӯчаҳои шаҳр барои ба даст овардани мусофир, бо либосҳои хонагӣ идора намудани микроавтобус ва ғайраҳо ба мушоҳида мерасид ва маҳз имрӯза корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аз ҳаракати автобусҳо норозигӣ мекунанд, то имруз аз чунин ронандаҳои микроавтобусҳо шикоят доштанд.

Ва хушбахтона, як гуруҳ фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дорои дониши баланд ва меҳру садоқати ватандӯстӣ доранд, бо навиштаҳояшон мардумро ба сабру оромӣ ва маданияти баланди шаҳрдорӣ даъват намуда истодаанд: Масалан: Муяссархон Махмудова: "Мардум.. асабӣ нашавитон!!! Аввал инки имруз автобус бепул)) Халқи мо чизи бепула бенад, даркор набошад ҳам истифода мебарад, дуюм инки аз фардо пулакӣ шавад, боз камтар одам кам мешавад, сеюмаш оҳиста-оҳиста реҷаи корӣ ва самти равоншавиашон маълум шавад, ҳамааш ҷо ба ҷо мешавад. Якум рӯз барои ҳама кор мушкил. Худо хоҳад ҳаммааш нағз мешавад. Муҳимаш автобусҳо дар Хуҷанд)) Охир 25 сол боз одамон аз хизматрасонии автобусҳо истифода набурдагӣ, барои ҳамин аз пазмоншавиашон, давида як «катайса» карда биёим гуфта, ҳамма баромадаги!!!

Оромиро пеша кунему, бо сабр бошем, пешравӣ Албатта мешавад! Халқи Хуҷанд маданияти баланди худро истифода баранд ,Хуҷанд обод шудан мегирад!!!"

Zamirakhon Mahmudova: "Имруз аз сабабе, ки рохкиро бепул шудааст,хурду калон барои сайр кардан бо автобусхои нав баромаданд.Аз хамин сабаб мумкин камтар мушкили ба миен омада бошад ,хозир мархамат дар кучахои шахр автобусхо равуо доранд дохилаш хам на он кадар одамони зиед доранд.Дар камтар вакт 6 автобусро мушохида намудам".

Алиҷон Эргашев: "виши шудаги шояд имрӯз бе пул буданба кам худохоҳад аз пагоҳ нағз мешад мумкин ними маршуткачиҳо пагоҳ кор кунад баъзеҳош ҳаминхел ҳаром ки маршуткачиҳо бутун кучаҳо бардак шудаги буд ҳозир имрӯз автобус ҳай ҳамаҷо баҳазур мегарди ҳамин маршуткачиҳои нитоша нест карда майлаш ақалан дурустҳоша сартиян зӯр мешад бо..."

Ахрорхон Ходжаев: "Ин мардуми мо шукр гуфтан нест, ба фикрам шукр кунад шири модараш захр мешадми чи бало...."

Jamshed Karimov: "Биеетон нағзаша фикр кунем , вайрон мешаду ..... Ҳамаш нағз мешад ! Ҳамин автобусҳо дар шаҳр чандин сол набуд , ана имрӯз аллакай шаҳрба гаштас шукронаи тинчию осудагӣ , ободии кишварамоя кунем дӯстон !"

Икромхон Мунавваров: " Инкадар вохима имруз якум рузи кори якбора хамаш нагз намешавад корхонава рафта якбора усто шуда кор карда.наметавонд-ку аввал шогирд мешавед баъд усто сабр кунетон хамаш нагз мешавад шукр кунетон набудаги чиза оварда ба халк хизмат карсодиян рахмат ба рохбари вилояту шахрба...."

Daler Maqsudov: "Автобус маданияти шахрнишини одамонро дигар кардааст. Хама дар остановка мунтазири автобусхо"

Ва ғайраҳо.

Бояд мардум, сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд дарк намоянд, ки мо ба марҳилаи рушд расидаем ва сатҳи зиндагии мо боло рафтааст. Ҷараёни якмароми зиндагии мо, ки бо мурури замон вобаста ба шароити пешомада муайян шуда буд, он бояд ҳатман такмил ёбад, фарҳанги шаҳрнишинро боло бурд. Ворид шудани нақлиёти мусофиркаши беруназшаҳрӣ як тамоюли муваққатӣ буд ва имрӯз вобаста ба зиёд шудани сокинони шаҳр ва наклиёти ҷамъиятиву шахсӣ танзими онро низ андеша намоем.

Роҳбарияти вилоят ва шаҳр бо таваҷҷуҳи доимӣ ба масъалаи мазкур назар меандозанд. Шаҳри Хуҷанд дуюмин шаҳри бузург дар Тоҷикистон аст. Он намунаи олии шаҳрдорӣ ба тамоми тоҷикони ҷаҳон аст. Мо бояд меъёру талаботи шаҳрнишинӣ ва шаҳрдориро марҳила ба марҳила такмилу ба танзим дарорем ва риоя созем.

Худи ҳаракати автобусҳои имрӯза дар шаҳр собит намуд, ки мардум як ҷузъи маданияти шаҳрдориро риоя намуда истодаанд. Яъне, сокинони шаҳр бо хоҳиши худ ба истгоҳҳои муайяншуда (на сари роҳу паскӯча) омада, мунтазири автобус шуда истодаанд. Гузашта аз ин ҳаракати автобусҳо ба шаҳри Хуҷанд ҳусни дигар зам менамояд, зеро дар тамоми шаҳрҳои бузурги олам танҳо автобусҳо ба мусофирон хизмат мерасонанд, на микроавтобусҳо.

Бояд қайд намуд, ки таъмини хизматрасонии нақлиётӣ ба мардум зери назорати қатъии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода қарор дошта, гуруҳҳои корӣ барои ба эътидол ва танзим намудани хатсайрҳо сафарбар карда шудаанд.

Ҳамаи тадбирҳои андешидамешуда аз ҷониби Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳлил ва баррасӣ гардида, танҳо барои манфиати мардум ва таъмини хизматрасонии баланди нақлиётӣ андешида мешавад. Гузашта аз ин нимаи дуюми моҳи сентябр омадани боз 75 автобусҳои дигар дар назар дошта шудааст ва ин имкон медиҳад, ки вазъи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонӣ дар шаҳр боз ҳам беҳтар гардад.

Сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд метавонанд дар сурати пайдо шудани муаммо ва ё нофаҳмӣ ба телефони шуъбаи нақлиёт ва алоқаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр: (83422) 4 67 21 муроҷиат намоянд.

Мо танҳо бо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созандаи сокинони шаҳр ба ҳадафҳои олии хеш мерасем ва шаҳри бостонии Хуҷандро аз имрӯза боз ҳам беҳтару ободтар менамоем.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...