20 Июл 2018
Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рӯзҳои 21 ва 22 июли соли равон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ баргузор мегардад.
Дар ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят, корхонаҳои паррандапарварӣ, иттифоқҳои матлуботи вилоят, соҳибкорон ва дигар хоҷагиҳои ёрирасон маҳсулоти хушсифатро нисбат ба бозор бо нархҳои арзонтар пешниҳоди сокинон менамоянд.
Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ соати 8-00 оғоз меёбад.
Марҳамат ба ярмарка!