(0 овоз, миёна 0 аз 5)

ДУШАНБЕ, 14.07.2018. /АМИТ “Ховар”/. 3 июли соли 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон бахшида ба ёдбуди донишманд ва сиёсатмадори машҳури ҷопонӣ, профессор Ютака Акино Симпозиуми байналмилалӣ доир намуд. Имсол аз  марги фоҷеавии ӯ 20 сол сипарӣ гардид. Дар ин маросим коршиносон аз кишварҳои Осиё ва Аврупо ширкат намуданд. Хотиррасон менамоем, ки Ютака Акино чун сиёсатшинос соли 1998 ҳамроҳбо ҳамтоёни худ аз Лаҳистон, Уругвай ва Тоҷикистон зимни иҷрои фаъолияти худ дарҳайати (миссияи) нозирони  СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби тундгароёни ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба таври фоҷеавӣ қатл расидааст.

Ҳайати мазкур раванди ба даст овардани сулҳу суботро дар кишвари мо назорат мекард. Дар Симпозиум таъкид шуд, ки ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки соли 1998 Ютака Акино ва ҳамкоронашро бо истифода аз силоҳбадастони мусаллаҳ ба қатл расонидааст, ҷузъи ҳамин гуна ҳаракатҳои ифротгаро чун ДИИШ, Ал-Қоида, Толибон ва ғайра буда, нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ ва намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ нигоҳи душманона дорад. Ҳамчун далели раднопазир ба ҳозирон нишон дода шуд, ки дар тӯли фаъолияти муғризонааш ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хориҷиёни ғайринизомиро гаравгон гирифта, сипас ба қатл расонидааст.

Вазири корҳои хориҷии Ҷопон Таро Коно, Раиси гурӯҳи дӯстии байнипорломунии Ҷопон ва Тоҷикистон Кэйҷи Фуруя ва дигарон дар маросими мазкур аз пайомадҳои нангини терроризми муосир суханронӣ карда, ҷиҳати пешгирии ин тамоюли нангини ҷаҳонӣ музокира намуданд.

Зимни муҳокимаи қатли профессор Ютака Акино ва дигар шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби ҷангҷӯёни гурӯҳҳои радикалии исломӣ иштироккунандагони симпозиум зикр намуданд, ки “маҳз нафрати тундгароёни муосир нисбати намояндагони дигар миллату тамаддун аз омилҳои асосии фаъолияти созмонҳои террористии Шарқи Наздик ва Осиёи Марказию Ҷанубӣ мебошад”. Гузашта аз ин, далелҳои ошкоргардида нишон доданд, ки дар давоми солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷониби ҷангҷӯёни мусаллаҳи дар тобеияти ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қарордошта бештар аз 100 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, минҷумла кормандони созмонҳои байналмилалӣ, посдорони сулҳ, нозирони СММ, дипломатҳо, рӯзноманигорон, сайёҳон ва ғайра қатл ва гаравгон гирифта шудаанд.

Масъалаи гаравгонгирӣ бошад, ҳамчун роҳи пулкоркунӣ барои ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 1991 сарчашма мегирад ва тамоюли зуроварӣ ва тундгироӣ барои наҳзатиҳо нав нест. Маҳз ба хотири хусусиятҳои ифротгароӣ ва экстремисию террористӣ доштани рафтору кирдори наҳзатиҳо, сентябри соли 2015 Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар қаламрави кишвар қатъ намуд ва  баъдтар фаъолияти ин ҳизби тундгаро дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ, СААД, СҲШ ва ғайра низ манъ гардид.

Дар Симпозиум таъкид гардид, ки муносибат бо терроризм ва ҳизбҳои террористӣ сиёсати духураро намепазирад. Ба соҳибони тамоми созмону ташкилоти шаҳрвандӣ мурочиат карда шуд, ки бояд на танҳо аз муносибат бо ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ канораҷӯӣ кунанд, балки аъмоли онҳоро фош ва ҷиддан маҳкум намоянд.

Мавриди зикр аст, ки моҳи марти соли равон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хаҷиме Китаока дар ҷараёни сафари кориаш ба Ҷопон ҳамроҳи ҳамсараш аз Донишгоҳи Тсукуба, ки замоне ҳарду дар он таҳсил карда буданд ва Ютака Акино дар он ҷо таълим медод, дидан намуд.  Онҳо намоишгоҳи “Ёдбуди доктор Ютака Акино”-ро тамошо карданд. Сафири Ҷопон дар мулоқот бо ҳайати устодону донишомӯзони ин даргоҳи маърифат зикр намуд: «Пас аз он ки нахустин Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон таъйин шудам, бисёр орзу доштам ба донишгоҳи азизам биёям ва  ин намоишгоҳи ҷолибро аз наздик бубинам. Дар Тоҷикистон хизматҳои доктор Ютака Акиноро дар таъмини сулҳу субот дар ин сарзамин фаромӯш накардаанд ва аз ӯ бо некӣ ёд мекунанд”.


Сарварой АЗИМОВА

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...