(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр баргузор гардид. Раиси Шӯро Мӯъминҷон Орифӣ онро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа ошно намуд.

Сипас, дар бораи фаъолияти Шӯрои сбиқадорони ҷангу меҳнат, дастовард, муамову мушкилот, раванди ислоҳи камбудиҳо аз ҷониби Раиси Шӯро Мӯъминҷон Орифӣ маълумот дода шуд.

Таъкид шуд, ки имрӯз дар шаҳри Хуҷанд 36 ташкилоти ибтидоии кӯҳансолон бо фаргирии 1508 нафар собиқадорон фаъолият дорад. Шӯрои собиқадорон дар ҳамкорӣ бо раёсату шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон силсилаи чорабиниҳоро амалӣ намуда истодааст.

Маҳаки асосии фаъолияти собиқадоронро тарбияи комили наврасону ҷавонон ва раҳнамоии эшон дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарварӣ мебошад. Дар ин самт фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии соҳаи сохтмон, маҳаллаҳои Ҷаббор Расулов, Тути калон, Мевағул, Навбаҳор хеле хуб ба роҳ монда шудааст, ки намунаи ибрат ба дигар ташкилотҳои ибтидоӣ аст.

Мӯъминҷон Орифӣ зикр намуд, ки дар баробари раҳнамоии ҷавонон мо бояд пайваста аз ҳолу рӯзгори собиқадорон воқиф гардем, онҳоро ба зиндагӣ дилгарм намоем. Ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб созем, ба дарди дили эшон пайваста гӯш диҳем. Даъват намоем, айёдат кунем. Ба корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғиботу ташвиқот сафарбар намоем.Раисони ташкилоти ибтидоиро зарур аст, ки дар паҳлуи Раисони кумитаи маҳаллаҳо истода, дар пешбурди сиёсати давлатӣ ва ободии маҳал саҳмгузорӣ намоянд.

Дар ҷаласа ҳамчунин собиқадорон аз ҷумла Юлдош Шокаримов, Маҳмуд Абдуллоев ва дигарон баромад намуда, доир ба ҷоннок намудани кори ташкилотҳои ибтидоии куҳансолон ва тарбияи наврасону ҷавонон пешниҳодот манзур намуданд. Аз ҷумла таъкид шуд, ки бояд ҳар як собиқадорро ба як муассисаи таълимӣ вобаста намоянд, то ин, ки пайваста бо хонандагону мулоқоту раҳнамоиҳо созанд. Дар кумитаи маҳаллаҳо маҳфилҳои гуногунро ҷорӣ намуд ва наврасону ҷавононро зимни таътилашон ба он саргарм кард. Дар дармонгоҳҳо утоқҳои алоҳида барои собиқадорон ташкил гардад ва пайваста ба эшон маслиҳату машваратҳо дода шаванд.

Дар ҷаласа Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати виляти Суғд Турсунбой Раҳматов иштирок ва суханронӣ намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...