(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt3 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар вазъияти тантанавӣ “Боғи кӯдакон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бунёди Боғи кӯдакон ва таъмири асосии Бинои Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакону наврасон”-и шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми ноябри соли 2017 ва мутобиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонӣ ва кабудизоркунии боғу гулгаштҳо, инчунин сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз тарафи Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 600 нафар ба кор ҷалб карда шуданд.

Боғи кӯдакон дар масоҳати наздики 3 гектар доман паҳн карда, дар он барои сайру саёҳат, истироҳат ва иштирок дар чорабиниҳои варзишию фарҳангии кӯдакон амфитеатр бо 500 ҷойи нишаст, фаввораҳо, гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, корти теннис, ҷойи махсус барои бозии шоҳмот, қаҳвахона ва дигар иншоот сохта шуд.

Амфитеатри тобистона” дар тарҳ шакли нимдавраро дошта, масоҳа­таш 680 метри мураббаъ мебошад. Бинои қаҳвахонаи тобистона якошёна буда, дар масоҳати 350 метри мураббаъ барои 100 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.

Дар даромадгоҳи асосии боғ, дарвоза бо баландии 10 метр насб карда шуда, дар гирду атрофи он ҳайкалчаҳои афсонавӣ ҷойгир карда шудааст. Инчунин аз ду тарафи даромадгоҳ фаввораҳои чароғон сохта шудааст.

Мизи шоҳмот, ки дар як гушаи боғ сохта шудааст, дар тарҳ росткунҷашакл буда, андозаҳояш 15,6 метр бар 13,2 метр мебошад.

Дар даромадгоҳи бинои Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе ду пергола ҷойгир карда шудааст, ки шакли арка дошта, бо равшаннамоии ҳар хела хизмат мерасонад.

Дар қисми шимолу-шарқии боғ таввақуфгоҳ барои 60 адад автомашина пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон барои назорат намудани ҳудуди боғ 30 адад камераҳои муосири мушоҳидавӣ насб карда шудаанд.

Инчунин барои гашту гузор дар дохили боғ роҳравҳо дар масоҳати 5200 метри мураббаъ аз тахтасангҳои гуногунранг сохта шудааст. Дар ҳудуди боғ зиёда аз 120 адад курсии гуногуншакл насб карда шудааст.

Равшаннамоии боғ аз зеристгоҳи барқии мавҷудбуда бо насб намудани чароғакҳои равшандиҳандаи баландиашон ҳархела бо 30 адад прожектор бо равшандиҳии рангоранг ва чароғакҳои ороишӣ барои равшаннамоии дарахтон ва биноҳо ба анҷом расонида шудааст.

Масоҳати кабудизоркунӣ 15 ҳазор метри мураббаъ мебошад ва дар ҳудуди боғ 950 адад дарахтони гуногуни сояафкану ороишӣ аз хориҷи кишвар оварда шинонида шуд, аз ҷумла береза, кипарис, каштан, клен, липа, магнолия, можевелник, сирени ҳиндӣ, олуи “Вуди”, соснаи оддӣ, туя, сосна сливестри, канзан, каталпа ва ел.

Дар ҳудуди боғ барои дилхушкунии кӯдакон тибқи лоиҳа 40 адад бозичаҳои афсонавии гуногун ба монанди сангпушт, оҳу, бузаки ҷингилапо бо гург, санҷоб, кабк, товус, хирс, гург ва заргуш аз филмҳои тасвирӣ ҷойгир карда шудааст.

Инчунин 115 адад чархофалакҳои гуногун аз Туркия ва Италия ворид ва насб гардидааст. Аз ҷумла, бозичаҳои пружинадори ҳаракаткунанда, ҳалоҷӣ, атраксионҳо, бозичаҳои худҳаракаткунанда, хоначаи чубин, роҳи оҳан, пули занҷирӣ, дучархаҳо ва асбобҳои махсус барои машқ.

Боғи мазкур дар назди Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакону наврасон”-и шаҳри Душанбе воқеъ мебошад ва акнун кӯдакони ин даргоҳ метавонанд аз ҳамаи шароитҳои муҳайёшуда, баҳрабардорӣ карда, олами худро дар фазои тинҷу осудаи Ватан рангин созанд.

Мавриди зикр аст, ки дар вақти азнавсозии боғ бо супориши Пешвои миллат Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе иборат аз 28 синфхона, китобхона, толори маҷлис, толори рақс ва ғайра низ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Бо ҳамаи шароитҳои истироҳату фароғате, ки дар ин ҷо муҳайё шудааст, Боғи кӯдакон ба як дунёи дар ҳақиқат рангини афсонавӣ мубаддал гардид, зеро қариб дар ҳама ҷойҳои ин маркази фарҳангӣ ҳайкалчаҳои қаҳрамонони афсонаҳо, ҳайвоноти гуногун гузошта шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба корҳои анҷомёфта ва ободонии ҳудуди боғ баҳои баланд дода, дастур доданд, ки барои солҳои зиёд ба мардум хизмат расонидани ин боғ талош варзанд.

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...