(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altШоми рӯзи 27 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом дар вазъияти тантанавӣ Варзишгоҳи марказии “Ҷавонӣ”-и шаҳрро бо 10000 ҷойи нишаст ифтитоҳ карда, дар чорабинии идона ба ифтихори ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Маблағи харҷномавии умумии лоиҳа наздики 8 миллион сомонӣ буда, фармоишгари лоиҳаи мазкур Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мебошад.

Сохтмони иншоотро пудратчӣ - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шарора” - и шаҳри Конибодом ба уҳда дошт ва лоиҳа аз ҷониби Корхонаи Воҳиди Давлатии  “Лоиҳакаш”- и вилояти Суғд таҳия шудааст.

Варзишгоҳ аз ду даромадгоҳ, толори қабули меҳмонон ва дигар утоқҳои махсус барои варзишгарон иборат буда, барои 10 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.

Бинобар муддати тулонӣ мавриди истифода қарор надоштани варзишгоҳи мазкур, нокифоя будани ҷойи нишаст дар варзишгоҳ, таъмирталаб будани инфрасохтори он, тайи солҳои охир дар варзишгоҳи номбурда ягон намуди чорабинӣ доир нагардида буд. Дар заминаи омодагӣ ба таҷлили ҷашни бузурги умумимиллӣ 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи пешбурди корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби оммавии аҳолӣ, алалхусус ҷавонон ба варзиш, азнавсозӣ ва мавриди истифода қарор гирифтани иншооти варзишӣ ва таҷлили  Рӯзи Ваҳдати миллии умумиҷумҳуриявӣ иншооти мазкур бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат азнавсозӣ гардид.

Баъди ифтитоҳи Варзишгоҳи “Ҷавонӣ” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади бошукуҳи идона ба ифтихори таҷлили сазовори 21 - умин солгарди Ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Пешвои миллат ҳамаи ҳозирин, тамоми мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ - яке аз дастовардҳои бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ табрику таҳният гуфтанд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат оид ба оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, роҳи тайкардаи мардуми шарафманд ва сулҳхоҳи тоҷик баҳри ба ҳам омадану ба Ваҳдати комил расидан андешаронӣ карданд.

Таъкид гардид,  ки танҳо баъди барқарор гардидани сулҳу субот дар ҷомеъа мо имконият пайдо кардем, ки тарҳрезиву татбиқи барномаву нақшаҳои муҳимтарини иқтисодиву иҷтимоиро бо мақсади таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат оғоз карда, чорабиниҳои муҳимми сиёсиву фарҳангиро дар фазои озоду демократӣ баргузор намоем.

Таҷрибаи дар фосилаи кӯтоҳи таърихӣ хомӯш кардани алангаи фоҷиабори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ минбаъд аҳаммияти байналмилалӣ касб карда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “сулҳи тоҷикон таҷассуми олии майлу иродаи мардуми сулҳпарвари мо, яъне хизмати таърихии халқи қаҳрамони тоҷик мебошад”.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки моро зарур аст то ба наслҳои наврас ва ҷавонон ҳамчун сабақи ибратомӯз моҳият ва арзиши сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро фаҳмонем.

Оид ба дастовардҳои шаҳри Конибодом давоми солҳои соҳибистиқлолӣ сухан карда, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки айни ҳол мувофиқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Конибодом барои солҳои 2016-2020 дар қаламрави шаҳру деҳоти Конибодом татбиқи 50 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 780 миллион сомонӣ идома дорад.

Бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолӣ, ки то имрӯз дар шаҳри Конибодом яке аз мушкилоти асосӣ ба шумор мерафт, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат тавассути таҷдиду азнавсозии шабакаи обрасонӣ ба масофаи дувоздаҳуним километр ва бунёди инфрасохтори зарурии захираву интиқоли оби босифати ошомиданӣ бо сарфи беш аз 40 миллион сомонӣ ҳаллу фасл карда шуд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони бонангу номус ва сарбаланди шаҳри Конибодом минбаъд низ ба хотири созандагии Ватан, барои таҳкими ваҳдату ҳамбастагӣ ва рушди босуботи кишвари азизамон саъю талош мекунанд ва дар ин ҷода низ намунаи ватандӯстиву ободгарӣ нишон медиҳанд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат дар ҳузури шумораи зиёди сокинони шаҳр ва намояндагони аҳли зиёи мамлакат барномаи бошукуҳи консертӣ баргузор гардид,  ки таҷассумгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати комилу сартосарии кишвар буд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...