(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБаррасии масоили ҳамкории дуҷониба дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Мамнун Ҳусейн ва бо иштироки ҳайатҳои васеи Тоҷикистону Покистон дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Нахуст дар оғози мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Президенти мамлакат аз сатҳи робитаҳои сиёсӣ, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунарсаи кишварҳо изҳори қаноатмандӣ карда, ҷойгоҳи хоси Покистонро дар низоми сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамчун шарики муътамад махсус таъкид намуданд.

Ҳар ду ҷониб ҳамкории фарогиру созандаи тарафҳо дар соҳаҳои сиёсиву низомӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитариву фарҳангии ҷавобгӯи манфиатҳои милливу дарозмуддати  ду кишварро баррасӣ карда, омодагии худро баҳри густариши ҳамгироии минтақавӣ ва таҳкими сулҳу субот дар минтақаи фарохи Осиёи Марказию Ҷанубӣ изҳор доштанд.

Барои рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар ин соҳаҳо ва ташаккули маҷмӯи ҳавзаҳои афзалиятноки ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла бахшҳои гидроэнергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, сатмҳои мухталифи саноат ва ҳамчунин туризм саҳми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ хеле муҳим шумурда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаи баланд бардоштани ҳаҷми мубодилаи тиҷорат то ба 500 миллион доллар, истифодаи муштараки имкониятҳои фаровони гидроэнергетикии Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, аз қабили бунёди хатти интиқоли барқи САSA - 1000, ба кор андохтани имкониятҳои нақлиётиву транзитии кишварҳо дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор дошт.

Таъкид гардид, ки истифодаи имкониятҳои мусоиди бахшҳои коркарди маъданҳои кӯҳӣ, аз ҷумла сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо, истеҳсоли алюминии аълосифат, бунёди коргоҳҳои ноқил, истеҳсоли мошинҳои мухталифи барқӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати сабуку хурокворӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсоли маводи сохтмонӣ ва доруворӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва ҳамкории густурдаи соҳибкорони ду кишвар низ метавонанд аз самтҳои афзалиятноки равобити дуҷониба бошанд.

Раванди густариши ҳамкории байналмилалии дорои ҷанбаи башарӣ, амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳамкориҳои илмию техникӣ ва технологӣ, густариши  тамосҳои доимии зиёиёну аҳли ҳунар барои тақвияти дӯстии таърихии мардумони ду кишвар арзишманд арзёбӣ карда шуд.

Фаъолияти ҷамоаи тоҷикон “Тоҷик Қавми Иттиҳад Парти Пакистан” ва нашри маҷаллаи “Тоҷик” намунаи беҳтарини ҳамкорӣ дар ин самт номида шуд.

Зимни баррасии масъалаҳои умдаи байналмилаливу минтақавӣ ҷонибҳо мавқеи муштарак ё ба ҳам наздики худро дар чаҳорчӯбаи созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмонҳои Ҳамкории Иқтисодӣ ва Ҳамкории Исломӣ арзишманд номиданд.

Сарони давлатҳо аз сатҳи ҳамкории ду кишвар дар соҳаи амниятӣ, ки сатҳи сифатан навро касб кардааст, изҳори қаноатмандӣ намуда, масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдидҳои глобалӣ - терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, инчунин истиқрори сулҳу субот дар Афғонистонро муҳокима намуданд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо барои рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ 3 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Мамнун Ҳусейн Изҳороти муштарак дар бораи “Тақвияти замина барои шарокати стратегӣ ҷиҳати ҳамгироии минтақавӣ” байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистонро ба имзо расониданд.

Дар ҳузури сарони ду давлат санадҳои зерини байниидоравӣ ба имзо расонида шуданд:

- Ёддошти тафоҳум байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати аудитори генералии Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти аудиторӣ дар бахши давлатӣ;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иттилоот байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон ва Вазорати иттилоот, телевизион, радио ва мероси миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон.

Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн аз руйи натиҷаҳои мулоқоти дуҷониба барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...