(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Изҳороти ҷомеаи омӯзгорӣ оиди ҳизби террористии наҳзати ислом

Вазъи мураккаби баъзе минтақаву давлатҳои ҷаҳон бори дигар ҳар як фарди бедордил ва бонангу номуси ҷомеаро водор месозад, ки қадру манзалати зиндагисози сулҳу оромиро хуб дарк намояд ва дар доираи Конститутсия ва қонунҳо ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон талош варзад. Эмомалӣ Раҳмон.

Бале, яке аз масъалаҳои ташвишовари имрӯзаи халқи тоҷик ин берун будан аз урфу одатҳои тоҷиконаи худ ва парастиш намудани урфу одат ва анъанаҳои дигар давлат аст. Омилҳои асосии он пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки мо таърихи худ, дини худ ва пайдоиши онро хуб дарк карда наметавонем, аз ин лиҳоз аксарияти ҷавонони имрӯзаи мо ба сабукдӯшӣ дода шуда, гумроҳ мешаванд. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафт ҳизби давлатӣ фаъолият мебарад, ки аз қатори онҳо Ҳизби наҳзати ислом бардошта шудааст зеро, аз ҷониби Суди Олӣ аризаи Прокурори генералиро дар бораи ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) – террористӣ эътироф намудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, қатъ намудани фаъолияти ҳизб ва барҳам додани он, қатъ кардани нашри рӯзномаи (Наҷот) бастани вебсайти интернетии ҳизби номбурда ва манъ намудани воридот, паҳн намудани аудио ва видео сабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб мавриди баррасӣ қарор дода шуда буд. Муайян карда шуд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 4-декабри соли 1991 ташкил шудааст. Солҳои 1992-1997 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амал намуда, баъди бастани Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шуда, 28-сентябри соли 1999 ва 15-октябри соли 2003 он ҳамчун ҳизби сиёсӣ, аз нав ба қайд гирифта шудааст. Гарчанде таъиноти асосии таъсисёбии ҲНИТ аз ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои ҷумҳурӣ иборат бошад ҳам, вале солҳои охир аъзои он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ (ифротгароӣ) – ро доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехтанд, ки амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид намуд. Бинобар ин, ҲНИТ имрӯз аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ифротгаро (эксремистӣ)-террористӣ эътироф шуд ва фаъолияташ қатъ шуд. Ҷавонону наврасони моро зарур аст, ки аз вазъи кунунии кишвар ва ҷаҳон бохабар бошад, ҳушёрию сиёсиро аз даст надиҳанд ва пайи баланд бардоштани маърифат ва худшиносии миллӣ бошанд.

Бояд гуфт, ки дини ислом дини покӣ, тозагӣ ва тарбиявӣ мебошад. Дини Ислом ҳам монанди динҳои дигар ба шоха ва равияҳои мухталиф, тақсим шудааст. Равия ё шохаи якум суннӣ, аҳли суннат ва ҷамоат, ки онҳоро гоҳе аҳли тасаннун меноманд ва шохаи дуюмро шиа меноманд. Мафҳуми шиа маънои аз они ман, аз ман ё бо манро дорад. Дар навбати худ шохаи суннӣ дар сари масоили шаръию ҳуқуқӣ ба чор мазҳаб ё мактабҳои динию ҳуқуқӣ ҷудо шуд. Инҳо мазҳабҳои ҳанафия, ҳанбалия, моликия ва шофеъия мебошанд, ки аз доираи исломи рошидӣ берун нарафтаанд. Ислом имрӯз яке аз се дини бонуфузи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Пайравонаш мувофиқи оморҳои созмонҳои исломӣ ҳоло зиёда аз 1млрдро ташкил дода, дар 128 кишвари дунё сукунат доранд. Аз ҷумла дар зиёда аз 40 кишвар мусулмонон аксарияти аҳолӣ ва дар 18 кишвари дигар ақаллиятро ташкил медиҳанд. Онҳо минтақаи васеъро дар қитъаиҳои Осиёву Африқо, чун Ховари Миёна ва Наздик, Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ, Африқои Шимолию Марказӣ ва ғайра дар ихтиёр доранд.

Ҳамин тариқ бояд гуфт, ки гарчанде тарафдорони дини ислом зиёд бошанд ҳам, лек дар аксарияти давлатҳои ҷаҳонӣ идеология ва фаҳмиши дини ислом гуногун буда, сабаби низоъҳои байни давлатҳо ва аҳолии онҳо бисёр ба назар мерасад. Тайи солҳои охир дар минтақаҳои гуногуни мусулмоннишин равияву ҳаракатҳои сиёсӣ ва иҷтимоие рӯи кор омадаанд. Аз байни ин равияҳои динии исломӣ дар Осиёи Марказӣ, инчунин дар Тоҷикистон ва минтақаҳои дигари мусулмоннишини пасошӯравӣ Ваҳҳобия, равияи Салафия, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ҷамоати Таблиғ, Ҳизби таҳрир, Ансоруллоҳ, Ҳизбуллоҳ, Ҳаракати исломии Туркистон, равияи Тоҷикистони озод, Давлати Исломии Ироқу Шом (ДИИШ), «Ихвон-ул-муслимин» (бародарони мусалмон), ҳизби Ҷундуллоҳро ном бурдан мумкин аст. Намояндагони баъзе аз ин равияҳо дар Тоҷикистон ба таври пинҳонӣ кору фаъолият мебаранд. Доираи асосии фаъолияти ин ҳаракатҳо бештар дар байни ҷавонон ва наврасон буда, аз эҳсоси эътиқодию маърифати сусти динии онҳо истифода мебаранд. Аммо бо вуҷуди ин мушкилот, мо бояд собир бошем, ба қадри ин рӯзҳои орому осуда, тинҷиву оромии Тоҷикистон бирасем. Рисолати ҳар як шаҳрванд аст, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои ободии Ватан бо дилу нияти пок заҳмат кашад. Мо аҳли омӯзгорон ва аҳли башарият бояд кӯшиш намоем, ки ҷавонони имрӯзаи мо дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, инсондӯстӣ ва меҳнатдӯстӣ тарбия ёбанд, зеро мо дар кишвари дунявӣ, соҳибистиқлолу бофарҳанг зиндагӣ менамоем ва бояд ба қадри он бирасем, зеро осоиштагиву озодӣ ин неъмати бебаҳо барои ҳар як фарди ҷомеа аст.

Зайнурахон Юсупова, омӯзгори фанни таърих
ва ҳуқуқ МТМУ №18-и ш.Хуҷанд ба номи С.Айнӣ.

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...