(0 овоз, миёна 0 аз 5)

«Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстримизму терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард. Зарур аст. ки бо воситаи истифодаи ислом ба чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифротгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд». Эмомалӣ Раҳмон

Тероризм рӯйдоди хавноку мушкил пешгӯикунандаи замони муосир аст, ки бо шаклҳои мухталиф доман паҳн мекунад. Ҳамлаҳои терористӣ хисороти зиёди ҷонӣ оварда, ба ҷомеаи инсонӣ дар баробари таҳмили фишору ҳамлаҳои психологӣ, инчунин хисороти молию маънавиро дар пай дорад. Тероризм хушунат, нобоварию бадбиниро миёни кишварҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоию миллӣ тавлиднамуда, барои бартарафсозииоқибатҳои он баъзанҳаётузиндагии як насл камӣ мекунад.

Ба терроризм гуррӯҳҳои алоҳида либоси сиёсӣ мепӯшонанд, ки  ин натиҷаи сиёсат бозиҳои бемаънӣ аст. Ин ҳамон гурӯҳҳоеанд, ки барои ба ҳадафҳои шуми худ расидан, аз террор истифода карданӣ мешаванд. Қурбони терроризм метавонад ҳар инсоне, ки ба муноқишаҳо ягон муносибат ва ҳатто робитае надошта бошад, гардад. Хонандагони мактаб дар дарсҳои тарбиявӣ бояд ҳадафҳои шуми террористонро дарк созанду фаҳманд. Барои ин омӯзгор метавонад аз маводи хеле зиёди илмӣ-таҳлилӣ, ки дар шакли китобҳои алоҳида чоп шуданд, истифода баранд. Дар сайтҳои интернетӣ вобаста таърихи пайдоиши терроризм, ҳаракатҳои ба терроризм монанд ва ғайра низ фаровон ба чашм мерасад. Барои таъсирнок доир намудани ин мавзӯъ филмҳои мустанади зиёде низ вуҷуд доранд, ки терроризму ифротгароиро фош месозад. Ҳоло ҷаҳони муосир дар муқобили терроризм қарор дорад. Терроризм – силоҳи тарсу ваҳм, қатлу куштор нобудсозӣ гашта, дар фаҳмиши одамони ҷудогона ахлоқу фарҳанги заифро ба бор овардааст. Ҳоло терроризм бо он чеҳраи сиёҳе ки дорад, дар ҷаҳон муаммои рақами як қароргирифта, ба ҳаёту мамоти одамон таҳдид мекунад. Соли 2017 башарият дар муқобили терроризм устуворона мубориза бурд. Ба самъи хонандагони мактаб расонида шавад, ки танҳо дар кишвари арабии Сурия наздики панҷоҳ ҳазор нафар террористон безарар гардонида шуданд. Дар сарзаминҳои Сурия ва Ироқ террористон аз тамоми нуқоти ҷаҳон ба ҳам омада буданд. Мақсад ва ҳадафи онҳо барқарор сохтани ҳаёти тираву тори асримиёнагӣ буд. бинобар он давлатеро бо номи «Давлати исломии Ироқу Шом» таъсис дода, фарҳанги ҳазорсолаҳоро то тавонистанд аз байн бурданд. Дар Сурия муборизаи террористон ба муқобили ҳукумати қонунии Сурия аз соли 2011 оғоз ёфт, ин нерӯҳои аҳриманӣ дар муддати панҷ-шаш сол беш аз ҳаштод дар сади марзи кишварро ишғол карда, ҳукумат намуданд. Қариб се миллион нафар суриягиҳо овора шуда, ба ҳар нуқоти дунё муҳоҷират намуданд. Созмони миллали муттаҳид ҷаҳониёнро аз хатари  гӯшношуниди терроризм ва ифродгароӣ ҳушдор дод. Кишварҳои абарқудрат-Русия ва Амрико дар муттаҳидӣ ва тафоҳум пеши роҳи терроризм ва паҳншавии онро ба ҷаҳон гирифта, охири соли 2017 сарзаминҳои Ироқ ва Сурия аз террористон озод ва аҳолии ба зулмгирифтор аз асорат раҳо ёфтанд. Террористон дар марзи Сурия қариб панҷоҳ дар сади ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангиро несту нобуд сохта, даҳҳо ҳазор нафар одамонро ба қатл расониданд. Палмира яке аз шаҳрҳои хеле қадими Шом-Сурияи имрӯза аст. Он таърихи беш аз панҷ ҳазорсола дорад. Соли 2015 террористон ин шаҳрро ишғол карда, ёдгориҳои фарҳангии онро то дараҷае тахриб карданд, ки барқарорсозии он солҳоро талаб мекунад. Дар ҳудуди Ироқ ҳам террористон вайронаҳои зиёдеро боқӣ гузоштаанд. Дар ҳарду кишварҳои сороти воридгардида ба миллиардҳо доллар мерасад. Мутобиқи ахбороти СММ барои барқарорсозии харобаҳои Сурия ва Ироқ даҳсолаҳо лозим меояд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ тасмим гирифтааст дар барқарорсозии шаҳрҳои харобгардидаи Сурия ва Ироқ саҳм гузоранд.

Ба омӯзгорон лозим меояд, ки терористону ифротгароёнро ба хонандагон муаррифӣ кунанд. Кистанд онҳо? Дар ин бобат месазад суханони Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Призеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар оғози мақола овардем, ҳамаҷониба шарҳ диҳем. Пешвои миллат ба амалҳои террористӣ ва шахсияти онҳо баҳои дурусту воқеӣ доданд. Террористон дин, мазҳаб ва миллат надоранд. Онҳо дар муборизаи худ аз тамоми роҳу имкониятҳои стифода мебаранд. Қариб навад дар сади террористон бо роҳҳои фиребу дурӯғи нимубаллиғон аз қишри ҷавонони ҷомеаи ҷаҳонӣ бархеста, дар пиёдасозии аҳдофи шуми хоҷагонашон саҳм мегиранд.

Бояд тазаккур дод, ки баъзе аз расонаҳо надониста, наомӯхта, таҳлил накарда, терористонро муттааллиқ ба дини ислом медонанд. Ин аз чи сарзадааст, ки дар забони расонаҳои хабарӣ воҷаҳои «террористони исломгаро» тухми тарсу ваҳмро кишта, як идда одамон дар фарди мусулмон «симои террорист»-ро «кашф» мекардагӣ шудаанд. Ин тарсу ваҳм аз ҳамон парчами сиёҳи ДИИШ тавлид шудааст. Вале таърихи терроризм собит месозад, ки дар тӯли якуним ҳазор соли пеш, ҳатто қабл аз ислом ҳам террористон дар муборизаашон динҳои вуҷуддоштаро чун сипар истифода мекарданд. Аз ин нигоҳ, ҳам ислом ба терроризм ҳеҷ рабте надорад ва дини ислом ҳам терроризм ва ифротгароиро рад намуда, амалҳои ҳаргуна куштори бераҳмонаро маҳкум менамояд.

Дар таҳлили низоъшиносони рус ва амрикоӣ бахшҳои зиёдеро мубориза алайҳи терроризм ташкил медиҳад. Аз рӯи натиҷаҳо бармеояд, ки дар таъсиси ДИИШ намояндагони беш аз сиву ду самт саҳм доштанд. Дар баробари ҷавононе, ки худро мусалмон медонистанд, инчунин намояндагони католикҳо, праволавҳо, протестантҳо, яҳудиён ва ғайра ҷамъ омада буданд. Дарк кардан душвор нест, ки терроризм таалуқ ба ягон дин надоштаасту надорад. Дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ беш аз понздаҳ ҳазор нафар ҷавонони собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла ҷавонони фиребхӯрда аз кишвари мо низ меҷангиданд. Таблиғи мубаллиғони ДИИШ чунон густурда гардид, ки баъзе ҷавонони бехабар аз дину фарҳанг ва ҳуввияти миллӣ занону фарзандони хешро низ бо худ ба мулкҳои бегона бурданд. Ҳамаи онҳо кушташуда, фарзандонашон ятиму бечора ва оворагаштаанд.

Дараҷаи хатаре, ки тероризм ба ҷомеаи муосир дорад, далелҳои раднопазир бозгӯи он аст. Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми нави хеш ба Маҷлиси Олӣ хотирнишон намуданд, ки хатари терроризм ва ифротгароӣ ҳанӯз аз байн нарафта, ҷуғрофияи нооромиҳо сол аз сол доман паҳн мекунад. Нерӯҳои солим бар хотири муборизаи густурда алайҳи терроризм ва ифротгароӣ муттаҳидтар шуда, кишварҳо дар якҷоягӣ қарорҳои муштарак қабул мекунанд. Ин вокунишҳою чорабиниҳо ҳанӯз қонеъкунанда нест. Бояд сабабҳои пайдоиш ва терроризмро ҷустуҷӯ кард. Дар дарсҳои тарбиявӣ бовар аст, ки хонандагон пурсишҳоеро монанд ба ин савол матраҳ мекунанд ва мехоҳанд. ки ҷавоби саҳеҳ гиранд.

Бинобар он, мо омӯзгорон вазифадорем, ки дар тарбияи маънавӣ ва вутандӯстии ҷавонон кӯшиши бештар диҳем ва нагузорем, ки ягон нафар аз ҷавонон аз таълиму тарбия дур ё дар канор монанд. Онгоҳ бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки мо насли давронсози Ватан ва миллат дӯсту башардӯстро ба камол мерасонем.

Барои пешгирӣ намудани ҷавонони ба ин роҳ рафта, бештар дар муассисаҳо соатҳои тарбиявӣ доир ба ин мавзӯъ ҷоннок карда шавад, маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ бештар таъсис дода шавад, корҳои ташвиқотию тарғиботӣ нисбат ба бедор кардани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ байни ҷавонон ҷоннок карда шавад.

Ф. Ҷӯраева Ф., омӯзгори
фаннӣ забони хориҷии МТМУ №16

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...