(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Тайи  солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгаройӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдоҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузорад.Муссалам аст, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳони ба шумор рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш- таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низомӣ миллӣ, иҷтимои ва динӣ гардидааст. Тероризм ва ифротгароӣ дар  байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад.

Дар паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз- интишори фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва экстремистӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардид, ки бесабаб нест. Зеро чунонки  таъкид  гардид, дар шароити муосир терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср на танҳо ба амнияти ҷаҳон ва сокинони сайёра таҳдид мекунад, балки барои башарият хатари он камтар аз силоҳи ядроӣ нест. Аз ин хотир, ҳифзи ҷавонон аз чунин гурӯҳу равияҳо  ва мубориза ба муқобили ин зуҳуроти хатарафзо вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯсту озодихоҳ мебошад.

Дар марҳилаи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир миллати сарбаланди мо  метавонад, бо мафкураи миллӣ ва заковати азалӣ худро аз ин хатарҳо дуртар нигоҳ дорад. Тавре ки мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, олимону донишмандони мамлакат бояд  ба масъалаи тавсеи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди нерӯҳои созандаи кишвар, ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ. инчунин таҳкими масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кишвар эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Бо ҳидоятҳои бевоситаи сарвари давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, ки ба таҳкими ваҳдати миллӣ, оромию субот ва ободию пешравии кишвар нигаронида шудааст, омӯзиш ва пайгирии асолати динӣ, бахусус мазҳаби ҳанафӣ ҷараён гирифт. Расидан ба истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик бори дигар имконият додя, ки бо такя бар зербинои  мустаҳками арзишҳои миллии хеш, аз ҷумла тамаддуни куҳани аҷдодӣ, таҷрибаи ҳазорсолаи давлатдорӣ, таъриху адабиёти воқеӣ, ки ҳатто рақибони  миллати  мо дар инкораш оҷизанд, заминаҳои худшиносии миллӣ ва рушду такомули давлати ҷавони худро ба роҳ монад. Албатта дастовардҳое, ки моимруз аз баракати мустақилият ба даст овардаем, бароямон осон даст надодаанд. Сари ҳар қадам ҳадафи манфиатҷӯёни беруна қарор гирифатем, ки дар амалҳои муғризона ва бадхоҳонаашон ҳатман фарзандони худфурӯшу хиёнаткори миллати худамонро истифода бурданду доранд ва мебаранд.

Моҳияти масъала дар он аст, ки диндорони мутассиб дар замони истиқлолият аз озодии дину виҷдон дар давлати демократӣ истифода бурда, кӯшиш намуданд, ки роҳи мактаббачагонро ба сӯи мактаб баста, онҳоро «ҳамнишин»-и мулло дар масҷиду хона гардонанд.

Теъдоди зиёди ин шогирддоро бо баҳонаи таҳсил ба таълимгоҳҳои шубҳаноки баъзе мамолики хориҷ раҳнамун сохтанд. Иддае аз онҳо бо мағзҳои вайрону пойбанди ҷараёну мазоҳиби бегона ба ҷумҳурӣ баргаштанд. Маъракаю тӯйҳои замонавӣ ва никоҳи домоду арӯси пушти мизро ҳаром бароварданд. Ба ҷои савту суруд мавлудхониро тарғиб мекарданду мулло рақиби ҳофиз дар тӯйхона гардид.

Диндорони мутаассиб супориши хоҷагони хориҷии худро сармашқи фаъолият намуда, ақидаҳои бегонаи динӣ-мазҳабиро бо арзишҳои миллӣ махлут намуда, динро аз миллат ва манфиати он боло гузоштанд. Тоҷикистони нав соҳибистиқлол гаштаро ба сӯи торикию ҷаҳолат-ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд: 10 млрд доллар зарари иқтисодӣ, 150 ҳазор нафар кушта, ки дар миёни онҳо нобиғагони илму маърифати тоҷик Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Муҳаммад Осимӣ, Моёншо Назаршоев ва дигарон буданд, як миллион гуреза, қалбҳои хунину хотираҳои талх, хонаҳои вайрону тифлони саргардон нишонаҳои даролуде аз он рӯзҳои мудҳиш мебошанд.

Дар чунин ҳолат, иқдоми қатъии Ҳукумати ҷумҳурии аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» (соли 2009), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ» (1 декабри соли 1994), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар» (2 августи соли 2011), манъ кардани фаъолияти ҷараёну ҳизбҳои ифротӣ аз қабили «Ҳизб-ут-таҳрир» (19 апрели соли 2001) ва «Салафия» (18 январи соли 2009), пас овардани ҷавононе, ки ғайриқонунӣ дар таълимгоҳҳои хориҷии исломӣ таҳсил мекарданд ва ғайра хеле саривақтӣ ва нишонрас буданд.

Терроризм ин ташкили хатар, яъне аз тарафи ташкилотҳо, субъектҳо ё шахсони алоҳида бо истифодаи қувва, зӯроварӣ ба амал овардани вазъияти ноором, муҳити тарсу ҳарос ва хатар дар ҷомеа мебошад. Аз нигоҳи паҳноиву фарогирӣ терроризм ба шаклҳои зерин тақсим мешавад: байналхалқӣ, дохилидавлатӣ, сиёсӣ, миллӣ ва динӣ.

Воҷаи «терроризм» аз калимаи лотинии «» маншаъ гирифта, маънояш тарс ва ваҳм аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Амалҳои террористӣ-ба бевосита содир намудани ҷинояти дорои хислати террористидошта дар шакли таркиш, оташзанӣ, истифода ё таҳдиди истифодаи воситаҳои ядроӣ, моддаҳои радиоактивӣ, химиявӣ, биологӣ, илова бар ин нобуд сохтан, зарар расонидан ё забткунии воситаҳои нақлиёт ва дигар объектҳо: сӯиқасд ба ҳаёти ходимони давлатӣ ё ҷамъиятӣ, намояндаи барҷаста ва оддии миллӣ, этникӣ, динӣ ё дигар гурӯҳҳои аҳолӣ: содир намуданидигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамон аст, равона карда шудаанд.

Ҷуғрофияи паҳншавии созмонҳои террористӣ бисёр васеъ аст: Аврупо, Осиё, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Афрриқо ва ғайра. Созмонҳои террористии «Абу- Нидал»,»Абу-сайф» ва «аум синрике» (Ҷопон). «Хамос» (Фаластин), созмони баскҳои Испания бо номи «Ватан ва озодӣ» (ЭТА), «Ал-Қоида», «Артиши озодихоҳи миллӣ»  (Колумбия), Созмони озодбахши Томил Илама (Шри-Ланка), созмони «Бригадаҳои сурх» (Италия), «Толибон» (Афғонистон), «Боко ҳарам», «Ҷабҳат-ан-Нусраи аҳли Шом»

(Сурия) «Давлати исломӣ», «Ҳаракати исломии +збекистон», «Лашкари Тайба» (Покистон), «Гурӯҳи салафии таблиғ ва ҷиҳод» (Алҷазоир), «Ал-ихвон ал муслимин» (Миср), «Ал-Ҳарамайн» (Арабистони Саудӣ ва ғ.).

Дар баробари терроризм дар  бисёр кишварҳои ҷаҳони муосирамалиёти экстремистӣ ба амал омада, боиси ташвишу истироби ҷомеа гардида истодааст.

Экстремизм аз калимаи лотинии «» буда, маънои аслиаш канораҷӯӣ, ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона ба ҳисоб меравад. Экстремизм шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳуроти номатлуб метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон дар дин, сиёсат идеология, илм, фарҳанг ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Экстремизм (ифротгароӣ) аз рӯи мазмун динӣ ва дунявӣ ва аз рӯи зуҳурот ҳудудӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ низ ба миён ояд. Зуҳуроти ифротгароӣ хеле решадор буда, он ҳеҷ гоҳ ҳудуд ё дину миллат надорад ва ҳудуди ягон миллатро эътироф намекунад. Экстремизм (ифротгароӣ)-и дунявӣ намудҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва мафкуравӣ дорад. Ифротгароии динӣ бошад, дар доираи ҳамаи динҳо (ислом, насронӣ, масеҳӣ, буддоӣ ва ғ) мавҷуд аст. Вусъати экстремизм дар ниҳояти кор ба терроризм меорад.

Бо мақсади пешгирии фаъолияти ифротгароӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, бақайдгирӣ ва фаъолияти созмонҳои ифротгаро ё созмонҳое, ки  ба ифротгароӣ мусоидат мекунанд,таблиғоти ифротгароиро пеш мебаранд, маводи ифротгароӣ паҳн менамоянд, манъ карда шудааст.гурӯҳи ифротгароии дини муосир ташкилоти динӣ набуда, балки як навъ ҳаракати ҳарбию сиёсӣ мебошад. Яке аз хусусияти ифротгароии дини муосир дар он аст, ки аксари кулли пайравонаш саводи мукаммали динӣ надоранд. Онҳо фақат бо як фаҳмиши маҳдуду зоҳирӣ аз ислом мусаллаҳ буда, аз асли таълимоти исломӣ, аз ҷанбаҳои маънавию руҳонӣ ва аз фалсафаю паёмҳои инсонгароёнаи он умуман баҳраманд нестанд. Ин аст, ки онҳо аз арзишҳои баланде чун таҳаммул, некиву накӯкорӣ, тақвою парҳез, раҳму шафқат, озодиву озодагӣ, илму маърифат, фарҳангу маънавият, созандагию ободонӣ ва ғайра, ки ҷавҳари таълимоти исломиро ташкил мекунанд, дур мебошанд, руҳия ва амали онҳо бештар ба ҳолати хушунати барбарияту ваҳшоният наздик аст. Маҳз ҳамин хусусияти ифротгароёни дини муосир, яъне аз фарҳангу маърифат холӣ будани онҳо, имконият медиҳад, ки онҳо дар чунин муборизаҳо нақши неруи ваҳшии даҳшатафканро иҷро намоянд.

Ташкилоти нахустини ҳизби назҳати исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1978 дар совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Бохтар таъсис ёфта, дар марҳилаи аввал ба монанди созмони махфии «Бародарони мусулмон» ба таври пинҳонӣ амал мекард. 26 октябри соли 1991 анҷумани муассисони ҳизб ба таври расмӣ баргузор шудва солҳои 1991-1993 ҳизби мазкур ошкоро амал намуда, фаъолияти террористӣ мебурд. Масалан, пас аз шикасти ҷиддӣ хӯрдан дар Душанбе, Кофарниҳон ва Файзобод нерӯҳои мухолифин дар моҳи декабри соли 1992- январи соли 1993 ба самти ноҳияҳои минтақаи Ғарм фирор намуданд.

Баҳор ва тобистони соли 1993 нерӯҳои ҳукуматӣ ҷангҳои шадид бурда, онҳоро сарнагун намуданд. 21 июли соли 1993 бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори Ҳизби демократии Тоҷикистон ҳаракати «Растохез » ва созмони «Лаъли Бадахшон» барои ташкили намоиши бардавом дар майдони «Шаҳидон» дар моҳҳои март-майи соли 1992, ки ба ҷанги бародаркуш оварда расонд, фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ манъ карда шуд. Роҳбарони ҳизб ба Афғонистон фирор намуда, дар он ҷо моҳи июни соли 1993 Иттиҳоди мухолифини тоҷикро ташкил намуданд, ки ба ҳайати он намояндагони Ҳизби наҳзати ислом ва Ҳизби демократии Тоҷикистон шомил буданд.

Солҳои 1992-1997  ҲНИТ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амал намуда, баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифта шудааст.

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо 28 октябри соли 1999 бо мақсади ба амал омадани тафоҳуми амалӣ миёни нерӯҳои дорои мавқеи сиёсии динӣ ва дунявӣ дошта, бо мақсади истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии байни тоҷикон, мутобиқи моддаи 28-уми Конститутсияи Тоҷикистон, ки таъсиси ҳизбҳои сиёсии яъне Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистонро маротибаи дуюм ба таври расмӣ ба қайд гирифт.

Аммо пас аз маротибаи дуюм ҳамчун ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шудани ҲНИТ аъзоёни он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти терористию экстрамистӣ ( ифротгароӣ доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаву адоват барангехтаанд. Бинобар ба маълумоти АМИТ  «Ховар» танҳо дар панҷ соли охир 45 нафар аъзои ҲНИТ ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, 17- тои онҳо бошанд, барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти ифрогарои ва террористӣ дошт.

Хиёнати наҳзатиҳо дар таърихи 4-16 сентябри соли 2015 нақшаи тарҳрезишудаи мушаххасе буд, к ибо дасти беруна омода гардида, бо дасти худиҳо бояд амалӣ мешуд. Дар ин қазия дигар ҷои пӯшида намонд. Дақиқ шуд, ки Назарзода Абдуҳалим маъруф бо лақаби  « Ҳоҷӣ Ҳалим» ва гурӯҳи террористии ӯ бевосита аз ҷониби раиси  ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ идора ва роҳнамоӣ мешуданд.

Бо дарназардошти ҳолатҳои зикргардида дар таърихи 29-сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олӣ аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ гардонида шуд ва Ҳизбӣ наҳзати исломии Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ ( экстермистӣ), террористӣ эътироф намуда, фаъолияти ҳизбро қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода, нашри рӯзномаи «Наҷот» ва сомонаи интернетии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ба ҳудуди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, истеҳсоли чопу нашри рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб манъ карда шуд.

Маъмурияти муассисаи таҳсилоти
миёнаи умумии № 23-и шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...