(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt10 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок ва суханронӣ карданд.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ин навбат дар ҳайати 8 кишвари аъзо - Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд.

Дар макони баргузории ҷаласа Маркази ҳамоишҳои байналмилалии Чин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар сарони давлатҳою ҳайатҳои воломақомро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин истиқбол гирифт.

Пас аз маросими аксгирии муштарак ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон, Ҳиндустон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Россия ва Ӯзбекистон дар ҳайати маҳдуд ҷараён гирифт.

Дар ҷаласа масъалаҳои рӯзномаи корӣ, ки асосан аз дарёфти роҳҳои муҳиму муштараки муқовимат бар зидди терроризми байналмилалӣ, рушди ҳамкории давлатҳои аъзо дар самтҳои гуногуни амният, иқтисодиёт, ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин дигар мавзуъҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ иборат буд, мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар ҷаласаи ҳайати васеъ сарони давлатҳою ҳукуматҳои нозир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Белорус, Эрон, Муғулистон, намояндагони воломақоми Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, раёсати Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, инчунин коршиносони дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ иштирок карданд.

Дар оғоз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҳукумати кишвари мизбон барои дар сатҳи баланди ташкилӣ омода ва доир кардани Ҷаласаи шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва пазироии самимии иштирокчиёни ҳамоиши навбатӣ изҳори сипос намуданд. Сарвари давлат ба нақши Чин дар давраи раёсат дар Созмони Ҳамкории Шанхай ва натиҷаҳои кори он баҳои баланд доданд.

Президенти мамлакат таваҷҷуҳи сарони давлатҳо ва ҳайатҳоро ба масъалаи таъмини амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон ҷалб карда, таъкид доштанд, ки мо бояд бо талошҳои муштарак мунтазам ҳамбастагии худро баҳри пойдории сулҳ, амният ва субот, инчунин рушди равобити тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ дар чаҳорчуби Созмони Ҳамкории Шанхай, равона намоем.

Барои мубориза бо терроризм ва экстремизм, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, пешгирии паҳнкунии идеологияи радикалӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таҳкими ҳамкории муштарак зарур шумурда шуда, пешниҳод гардид, ки сохтори алоҳида - стратегияи зидди маводи нашъаовари Созмони Ҳамкории Шанхай ва Барномаи амал оид ба иҷрои он таъсис дода шавад.

Зимни баромади пурмуҳтаво ҳамчунин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мавқеъи устувори ҷониби Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ, рушди ҳамкориҳои судманд бар нафъи кишварҳои аъзо, густариши робитаҳои зичи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, неруҳои мудофиавӣ, дарёфти роҳҳои ҳалли низоъҳои ҳарбӣ дар Афғонистон ба хотири таъмини амнияти минтақа, андешаронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таваҷҷуҳи сарони давлатҳо ва ҳайатҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, истифодаи имкониятҳои нақлиётию транзитӣ, баҳрабардорӣ аз захираҳои гидроэнергетикӣ, татбиқи лоиҳаҳои таҷдид ва сохтмони роҳҳои мошингарду оҳан, таъсиси долонҳои нақлиётии минтақавӣ бо дастрасӣ ба бандарҳои баҳрӣ, ҳалли мушкилоти глобалии тағйирёбии иқлими сайёра, коҳиш додани ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ ба ҳаво, таъмини кишварҳои минтақа бо барқи аз лиҳози экологӣ тозаро ба миён гузоштанд.

Дар охир Сарвари давлат пешниҳод карданд, ки баҳри таъмини амнияти озуқавории кишварҳо дар соҳаи кишоварзӣ ворид кардани технологияҳои инноватсионӣ, барои ваҳдату ҳамбастагии мардумони минтақа таҳкими ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳиро ба роҳ монанд.

Пас аз анҷоми суханрониҳо аз тарафи сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар маҷмуъ 22 санади нави ҳамкорӣ қабул гардид.

Ҳамин тавр баъди анҷоми кори ҷаласаи навбатӣ раёсат дар Созмони Ҳамкории Шанхай барои солҳои 2018-2019 ба ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон гузашт.

Дар нишасти матбуотӣ бо иштироки сарони ҳамаи давлатҳои аъзои Созмон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барои доираи васеи хабарнигорон оид ба натиҷаҳои кори Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай изҳорот дод.

Шоми рӯзи 9 июн Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар зиёфати Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ифтихори роҳбарони ҳайатҳои иштирокдор ва дар шоу барнома ва фейерверк иштирок карданд.

Дар ҳошияи Ҷаласаи шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот карда, вазъи феълии муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамҷавориро баррасӣ карданд.

Ёдовар мешавем дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони кишварҳои аъзо ва нозири Созмони Ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқотҳои судманду самимӣ доир карда, муносибатҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Абдуқаюмзода Ҷ. А. Абдуқаюмзода Ҷ. А. Муовини Раиси шаҳрҶамшед Абдуқаюмзода Алиҷонӣ 16 феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи да...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Ишонқулов Ғ. С. Ишонқулов Ғ. С. Ишонқулов Ғайрат Саидбекович 25-уми  феврали соли 1981 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли ...
Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Исматҷонов Б.Ҳ. Исматҷонов Б.Ҳ. Исматҷонов Бахтиёр Ҳусейнович 31-уми  майи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Расулзода Р.Р. Расулзода Р.Р. Расулзода Раҳим Расул 20-уми июли соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 2000 Донишгоҳи давлатии ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Ёрматов А. Р. Ёрматов А. Р. Ёрматов Абдухалил Рустамович 3-уми феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1998 Филиали до...
Бойматов Ф. М. Бойматов Ф. М. Бойматов Фирдавс Мақсудович 26-уми январи соли 1981 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 2005 Донишгоҳи дав...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз20
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1242
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта20
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта7783
mod_vvisit_counterҲамин моҳ23553
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта27817
mod_vvisit_counterҲамагӣ1160324