(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз дар толори «Маркази фарҳанг»-и шаҳри Хуҷанд ҷаласае васеъи гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пешвози 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки мулоқоти имрӯзаи мо дар партави иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз санаи 19 декабри соли 2017 бо мақсади бо дастовардҳои шо-иста ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба имзо расида, буд ки тибқи он соли 2021 дар саросари кишвар ин иди умумимиллӣ бояд дар сатҳи баланд ва бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардад, сурат мегирад. Ҳамзамон бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 –юми майи соли равон аз ҳисоби аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони идораҳо ва мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ дар вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо гуруҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд. Тибқи ин Амр гуруҳҳои корӣ вазифадор гардидаанд, ки якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар муҳлати ду моҳ нақшаи корҳои ободонию бунёдкориро ба муносибати 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ карда, иҷрои онро то 1-уми сентябри соли 2021 таъмин намоянд. Тибқи Амри Президенти мамлакат ба шаҳри Хуҷанд мӯҳтарам Олимзода Насим, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари гуруҳ таъин гардида, мо дар якҷоягӣ баҳри пеш бурдани фаъолияти самаранок азму кӯшиш хоҳем намуд.
Раиси шаҳр афзуд, ки дар партави иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарори Раиси вилояти Суғд «Доир ба эълон гардидани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор» ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷум-ҳурии Тоҷикистон» низ ба тавсиб расид, ки баҳри амалан татбиқ намудани санадҳои мазкур нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ дар саросари вилоят аз ҷумла дар шаҳри бостонии Хуҷанд таҳия гардида, сокинони баору номуси шаҳр баҳри пиёда намудани он фаъолият намуда истодаанд. То имрӯз дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида баҳри дар сатҳи баланди ташкилию омодагӣ гузаронидани ҷашнҳои сиёсӣ оиди тозагию ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, кабудизоркунию гулзоркунӣ, чароғонкунӣ ва таъмири намои биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ корҳои назаррас ба иҷро расонида шуда истодааст. Аз ҷумла, аз тарафи қитъаи «Чароғонкунӣ»-и шаҳр нисбати нигаҳдорӣ, ивазкунӣ, барқарорсозӣ ва хизматра-сонии чароғҳои кўчаю хиё-бонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр 670 адад лампаҳо, 7080 метр ноқилҳои барқӣ, симҳои барқӣ 700 метр, 508 дона чаро-ғакҳои ҳархела ва равшанку-накҳои светодиодӣ иваз ва насб карда шуд. Аз тарафи корхонаи давлатии «Истифодабарии роҳҳо»-и шаҳри Хуҷанд зиёда аз 900 адад решаҳои дарахтони бисёрсолаи буридашудаи канори роҳу хиёбонҳои шаҳр барканда, ба ҷойи онҳо дарахтони ороишӣ шинонида шуданд.Тибқи нақшаи таъмири роҳхои автомобилгарди ҳудуди шаҳр дар соли 2018 бояд, ки 32,5 км роҳҳо таъмир карда шаванд. То имрўз ба тўли зиёда аз 5,5 км роҳҳо таъмир карда шуда, корҳо дар ин самт тақвият меёбанд. 
Иттилоъ дода шуд, ки аз тарафи корхонаи «Кабуди-зоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳр дар кўчаву хиёбонҳои маркази вилоят ба миқдори 4839 адад дарахтони ороишии сояафкани ҳамешасабз, ба мо-нанди дарахти ардач 3450 адад, санавбар 303 адад, бирючина 60 адад, булут 170 адад, дроги испанӣ 106 адад, ёси ҳиндӣ 150 адад, каштан 600 адад, палма 15 адад шинонида шуда, барои хуб нашъунамо гаштани онҳо тамоми чораҳо андешида шу-да истодааст. Инчунин, 394010 дона гулҳои ҳархелаи ороишӣ, гулҳои маҳаллӣ 42700 дона, буттагули садбарг 62425 адад, карнайгул 64500 адад, шинонида шуда, таҳти нигоҳубин қарор дорад. Аз тарафи идораи «Кабуди-зоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди корхона 5 адад гармхонаҳои кўҳна ба масоҳати 4950м2 пурра барқарор карда шуда, тухми гулҳои баҳорӣ кошта шудааст. 
Тозагию ободонӣ, созандагию бунёдкорӣ, корҳои таъмирию барқарорсозӣ ва чароғонкунию гулзоркунии ҳудуди шаҳр дар мадди назари Роҳбарияти шаҳр ва корхонаю муассисаҳои зерсохтори он қарор дорад. 
Маъруф Муҳаммадзода қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон санаи 12 –уми майи соли равон аз ҷумла таъкид доштанд, ки «Дар ин моҳи муборак хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорону тоҷирон, ходимони дин ва умуман, ҳамаи шахсоне, ки имкони мусоиди моддӣ ё ба гуфтаи халқамон “дасти хайр” доранд, дар анҷом додани амалҳои нек, аз ҷумла ба ягон маҳалли аҳолинишин об овардан, мактаб, маркази саломатӣ ё бунгоҳи тиббиеро бунёд ё таъмир кардан, пуле сохтан ё қитъаи роҳеро обод намудан низ кӯшиши бештар карда, соҳиби савоби ҷория мешаванд ва бо ин амалҳои некашон дар ободии Ватани маҳбубамон саҳми арзишманди худро мегузоранд». Дар асоси ин ҳидоятҳои раъиятпарварони Пешвои миллат дирӯз аз ҷониби Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода азнавсозии Муассисаи таҳсилоти ҳамагонии №5-и шаҳри Хуҷанд амалӣ карда шуд. Ба василаи ин иқдоми шоиста ва ибратбахш боз як гӯшаи шаҳрамон ободу зебо ва хуррам гардид. Ин имкон медиҳад, ки хонандагони ин мактаб бо дили гарму хотири ҷамъ ва бо хониши хубу аъло таҳсил намуда, ҳамчун мутахассиси баландихтисос ба воя расида, баҳри ободии Ватани хеш суботкорона меҳнат намоянд. 
Шоистаи таҳсин аст, ки шаҳрвандон бо иқдомҳои хайр-хоҳонаю бунёдкоронаи хеш баҳри ободӣ ва созандагии шаҳр саҳмгузорӣ намуда истодаанд. Аз ҷумла, чанде қабл, дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба муносибати 1 июн –Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Фарангис Исмоилова як муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ бо номи «Ҷаҳони орзу» бунёд ва ба истифода дода шуд.Ҳамчунин шиногоҳи соҳили дарёи Сир, воқеъ дар кӯчаи Сирдарёро баъди азнавсозӣ ба истифода дода шуд. Дар радифи корҳои ободониву созандагӣ чанд руз қабл майдончаи нави футбол дар лаби дарёи Сир, шафати варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолият» бо фарогирии 200 ҷойи нишаст, утоқҳои ивази либос, оббозӣ ва тамрин сохта ва мавриди истифода қарор гирифт.
Ба ифтихори эълон шудани соли 2018 – «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо дастгирии сафоратхонаи Ҷумҳурии мардумии Чин ва бо мусоидати Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд маркази таълимию дӯзандагӣ ташкил гардид. 
Дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хуҷанд як силсила иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода мешаванд. Аз ҷумла, коргоҳи нав дар заминаи ҶДММ «Арча» дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» бо номи “Арча-мебел” фаъол мегардад, ки дар ҳамкории Ҷумхуриҳои Тоҷикистону Туркия амалӣ карда мешавад. Ҳамзамон муассисаи таълимии томактабии №28 барои 320 кўдак дар маҳаллаи “Навбаҳор”-и шаҳри Хуҷанд мавриди истифодабарӣ қарор мегирад. Дар ин радиф аз ҷониби ширкати «Иморатсоз» маҷмааи хонаҳои истиқоматии баландошёна, маркази савдо, чойхона, кошонаи ҳусн ва кўдакистон барои 240 нафар низ мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад.
Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳри хуҷанд гуфт, ки бо вуҷуди дастовардҳо мо боз ҳам бештар заҳмат кашида, ба иҷрои ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ноил гардем, диёрамонро то гӯшаҳои дурдасттарини он боз ҳам ободу зебо гардонем, корхонаву коргоҳҳои нав бунёд кунем, барои сокинон ҷойҳои корӣ муҳайё намоем ва сатҳу сифати зиндагии халқамонро аз имрӯза дида, баланд бардорем. 
Сипас, Олимзода Насим, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари гуруҳи корӣ дар шаҳри Хуҷанд вазифаҳои муҳими аъзои гуруҳи кориро шарҳ дода, аз ҷумла афзуд, ки то ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар шаҳри Хуҷанд ба анҷом расонида шавад. Мо бояд аз кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр оғоз намуда, тамоми муаммову мушкилоти мардумро омӯзем ва барои ҳалли он нақшаҳоро тарҳрезӣ созем. Ҳадафи ҳамагон ободу хуррамнамоии маҳалли зист ва шаҳру мамлакатамон аст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни вазифагузорӣ ба масъулини дахлдор таъкид дошт, ки нақшаву чорабиниҳои муайян ва тасдиқгарадида бояд саривақт амалӣ карда шавад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...