(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар хизматчиёни давлатӣ дар хусуси таъмиру азнавсозӣ ва ободу хуррамнамоии муассисаи таҳсилнамудашон, нахустин шуда Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иқдом гирифта, мактаби таҳсилнамудаи хеш, яъне МТМУ№5-и шаҳри Хуҷандро, ки соли 1949 таъсис ва соли 1968 бунёд шуда буд, азнавсозӣ кард ва пойгоҳи моддиву техникиашро тавсеа бахшид.

Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади мулоқот бо кормандони соҳаи маориф, фаълон ва беҳтарин хатмкунандагони МТМУ№5-и шаҳри Хуҷанд ба ин маскани маърифат ташриф оварда, ҳамзамон аз вазъи таълиму тадрис ин муассисаи номдори вилоят огоҳӣ пайдо кард.

altДар саҳни мактаб Роҳбари вилоят бо дастранҷи ҳунари муҳассилини муассиса ошно шуда, барои тақвияти фаъолияти маҳфилҳои хунармандӣ маслиҳату дастурҳо дод.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни сӯҳбат бо хонандагони муассиса зикр дошт, ки ба шарофати сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бемайлони соҳа ба мушоҳида мерасад. Имрӯз хонандагони тоҷик дар озмунҳои байналмилалии гӯшаву канори дунё иштирок намуда, Парчами миллатро парафшонӣ карда истодаанд.

Раиси вилоят гуфт, ки маҳз бо роҳандозии ММТ-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дохилшавии хатмкунандагон тариқи он имконоту зарфияти наверо барои хонандагони фаъоли дониши хубдошта муҳайё сохт, ки дар баробари шаффофият ҳамзамон имтиёзҳои муайян ба қишрҳои алоҳидаи ҷомеа таъмин карда шуд.

Таъкид карда шуд, ки ҷавонони имрӯза бояд бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ ва алайҳи ҳамагуна зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон баранд. Исбот намоянд, ки халқи тоҷик аз азал дорои маданияти баланд, саводи кофӣ ва пешбаранди тамаддуни ҷаҳонӣ буд ва мемонад.

Раҷаббой Аҳмадзода аз раванди омӯзиши дарси технологияи информатсионӣ ва забони модарӣ ошноӣ пайдо намуда, бо хонандагон сӯҳбату озоду самимӣ намуд.

Зимни шиносоӣ аз китобхонаи мактаб иттилоъ дода шуд, ки маҳзани ин боргоҳи фарҳанг ғанӣ гардида, теъдоди китобҳо ба 25 000 адад расонида шуданд, ки 4 500 адади онро китобҳои дарсӣ ташкил медиҳад. Ин ҷо Раиси вилоят 390 китобҳои тозанашрро ба маъмурияти китобхона тақдим дошта, даъват ба амал овард, ки барои ҷалби бештари китобхонон, ташкили маҳфили китобхонӣ ва ҳавасманднамоии китобхонҳои фаъол тадбирҳо андешида шавад. Ҳамзамон аз фаъолияти китобхонаи электронии мактаб маълумот дода шуд.

Дар толори варзиш, ки азнавсози шудааст, шароити хуби тамрину бозӣ муҳайё гардидааст.

Ошхонаи мактаб бо усули муосир азнавсозӣ гардида, дар он ҷо мутобиқ ба меъёрҳои беҳдоштӣ хурокҳо аз маҳсулоти тару тоза тайёр карда мешаванд. Раиси вилоят дастур дод, ки замони таҳсил махсусан барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ хӯрокҳои гарми болаззат омода карда шавад.

Ба маъмурияти дабистон ҷиҳати идома додани корҳои ободонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд ва ҳамзамон таъкид гардид, ки барои хонандагон бояд тамоми шароити таҳсил таъмин ва сатҳи донишомӯзӣ баланд бардошта шавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии хеш дар назди кормандони соҳаи маориф, фаъолони шаҳр ва дастпарварони мактаб аз ҷумла зикр дошт, ки «Мафҳуми дониш барои халқи мо аз замонҳои қадим то имрӯз як ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ба ҳисоб меравад. Бузургони гузаштаамон донишро чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм донистаанд. Бо дарназардошти нақши бузурги илму маърифат Ҳукумати мамлакат дар даврони истиқлолият масъалаи рушди илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон кардааст. Бо дастури Асосгузор сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло дар низоми маориф ислоҳот ва навсозӣ бомаром идома дошта, Ҳукумати мамлакат дар доираи ислоҳоти соҳа консепсияву барномаҳои рушди соҳаи маорифро қабул ва амалӣ карда истодааст».

Роҳбари вилоят гуфт, ки алъон дар вилоят 46 мактабу 407 синфхонаи садамавӣ мавҷуд буда, 680 ҳазор китобҳои дарсӣ намерасад. Давоми се соли оянда ин камбудиҳо ба пуррагӣ баратараф гардида, барои хонандагон шарити беҳтарин таҳсил муҳайё карда мешавад. Алъон дар як қатор навоҳии дурдасти вилоят аз ҷумла Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Мастчоҳ, Конибодом силсилаи зиёди сохтмони муассисаиҳои таълимӣ ҷараён дорад, ки он рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки таъмиру азнавсозии дабистони таҳсилнамудаи хешро мо чун намуна аз шаҳри Хуҷанд оғоз намудем ва мутмаъинем, ки ин иқдомро дигар роҳбарон ва соҳибкорону саховатмандони ватандӯст идома бахшида, ба ин васила як гӯшаи диёри хешро обод месозанд. Ҳамаи ин тадбирҳо барои он роҳандозӣ гардида истодааст, ки пешравии ҷомеа аз маориф аст, зеро дониши мусаллаҳи муосир қувваи пешбарандаи миллату давлат аст.

Дар анҷоми суханронии худ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз масъулини соҳаи маориф, ашхоси саховатпеша, соҳибкорон ва дигар ашхоси масъул даъват ба амал овард, ки ҷиҳати таъмиру азнавсозӣ, ҷиҳозонидани мактабҳо, самаранок истифодабарии маблағҳои буҷавӣ ва ғайра дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба ин таваҷҷуҳ ва иқдоми ибратбахши Раиси вилояти Суғд миннатдории хонандагону устодони мактаб, сокинони маҳалларо баён намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ин имкон медиҳад, ки хонандагони ин мактаб бо дили гарму хотири ҷамъ ва бо хониши хубу аъло таҳсил намуда,ҳамчун мутахасиси баландихтисос ба воя расида, баҳри ободии Ватани хеш суботкорона меҳнат намоянд. Ин иқдоми созандаву намунавии Роҳбари вилоят моро водор месозад, ки дар ободии як гӯшаи шаҳрамон саҳмгузорӣ намоем. Тавре, ки Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ёдоваргардида, таъкид доштанд: «Дар давоми се соли дарпешистода зарур аст, ки дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо барои на камтар аз 10-15 кат ва ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ вусъат дода шавад. Инчунин, бунёди китобхонаву ҳаммомҳо бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни деҳаҳо ва умуман, ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин, шинонидани ниҳолҳо ва бунёди боғҳои нав аз ҷумлаи корҳои ободоние мебошанд, ки ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ анҷом дода шаванд».
Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки ӯ низ дар пайравӣ ба иқдоми шоистаи Раиси вилоят тасмим гирифтааст, ки мактаби таҳсилнамудаи хеш, яъне мактаби таҳсилоти ҳамагонии умумии №16-и шаҳри Хуҷандро азнавсозӣ намуда, баҳри муҳассилин беҳтарин шароити таҳсилро муҳайё ва пешкаш намояд.

Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров, соҳибкори муваффақ, дастпарвари МТМУ №5 баромад намуда, ин иқдоми Раиси вилоятро намунаи олии ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба хидмати омӯзгорони даргоҳ унвон намуда, ваъда дод, ки аз ҳисоби маблағҳои захиравии хеш МТМУ №11-и шаҳри Хуҷандро азнавсозӣ хоҳад намуд.

Файзинисо Ғафурова, собиқадори соҳаи маориф, ки замоне дар МТМУ №5 дарс мегуфт шукронаи тинҷию ободӣ намуда, баҳри гул гулшукуфии Ватани биҳиштосо дуои хайр гуфт.

Сипас, аз тарафи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба маъмурияти мактаб 2 адад тахтаи электронӣ, 10 адад компутер бо принтераш тақдим гардид.

Ҳамзамон аз ҳисоби собиқ хатмкунандагони мактаб барои омӯзгорон роҳхат баҳри истироҳат ба осоишгоҳи «Баҳористон» низ тӯҳфа карда шуд.
Барномаи фарҳангии мазмуни ватандӯстонадошта табъи ҳозиринро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Абдуқаюмзода Ҷ. А. Абдуқаюмзода Ҷ. А. Муовини Раиси шаҳрҶамшед Абдуқаюмзода Алиҷонӣ 16 феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи да...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Ишонқулов Ғ. С. Ишонқулов Ғ. С. Ишонқулов Ғайрат Саидбекович 25-уми  феврали соли 1981 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли ...
Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Исматҷонов Б.Ҳ. Исматҷонов Б.Ҳ. Исматҷонов Бахтиёр Ҳусейнович 31-уми  майи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Расулзода Р.Р. Расулзода Р.Р. Расулзода Раҳим Расул 20-уми июли соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 2000 Донишгоҳи давлатии ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Ёрматов А. Р. Ёрматов А. Р. Ёрматов Абдухалил Рустамович 3-уми феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1998 Филиали до...
Бойматов Ф. М. Бойматов Ф. М. Бойматов Фирдавс Мақсудович 26-уми январи соли 1981 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 2005 Донишгоҳи дав...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз17
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1242
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта17
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта7783
mod_vvisit_counterҲамин моҳ23550
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта27817
mod_vvisit_counterҲамагӣ1160321