(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар ашхоси расмӣ ба мумфаршкунии роҳи хиёбони Исмоили Сомонӣ аз қисмати бонки «Арванд» то буриши кӯчаи Камоли Хуҷандӣ ҳусни оғоз бахшида шуд.

Дар маросими ифтитоҳии чорабинии мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дод, ки бо дастур ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Иди Ваҳдати миллӣ ба вилояти Суғд як қатор меҳмонони расмӣ, аз ҷумла Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги мамлакат Шамсиддин Орумбекзода, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Пирзода, муовини аввали Роҳбари Дастгоҳи ичроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Исматуллозода ва дигарон қарор доранд, ки аз раванди бунёди иншооти ҷашнӣ боздид намуда истодаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки дар қаламрави вилояти Суғд сохтмони иншооти гуногуни таъиноти иҷтимоию иқтисодӣ ба анҷом расида истодааст, ки дар рӯзҳои наздиктарин ба истифода дода мешавад.

Роҳбари вилоят гуфт, ки ин амали хайри мумфаршкунии роҳ дар заминаи дастури Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки чанде қабл бо аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот анҷом дода, аз ҷумла таъкид доштанд, ки «Бахусус, дар моҳи шарифи Рамазон, ки Офаридгор дар каломи осмонии худ онро айёми иҷобати дуо, қабули тавба ва амалҳои хайру савоб донистааст, мардуми мо кӯшиш мекунанд, ки фазилатҳои парҳезу накӯкориро бештар риоя кунанд, аз аъмоли зишт худдорӣ намоянд, ба аёдати падарону модарони худ ва беморону ранҷурон раванд ва шахсоне, ки тавону имконашон бештар аст, ба ятимону маъюбон ва камбизоатону дармондагон дасти мададу ёрмандӣ мерасонанд».

Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа зимни баромади хеш таъкид дошт, ки субҳи имрӯз мо аз иншооти муҳими сохташудаи ҷашнии шаҳру навоҳии Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров ва Хуҷанд дидан намуда, аз ободкориву созандагии мардум бархӯрдор шудем. Тавре, ки мо иттилоъ дорем дар заминаи фармони Презеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 1300 рӯзи ободонию созандагӣ тибқи қарори Раиси вилоят эълон ва маҷмуъи зиёди корҳо анҷом дода шудаанд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки шаҳри Хуҷанди бостонӣ низ дар баробари пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе рӯз аз рӯз хурраму зебо ва обод шуда истодааст. Ин ҳар як сокини шаҳри бостонӣ, устодону донишҷӯёни макотиби олии Хуҷанд, хонандагони муассисаҳои таълимиро водор месозад, ки бо ташкили гуруҳҳои ризокорӣ ҳар ҳафтаи шанбею якшанбе ба ободии маҳалли зисту корашон камари ҳиммат банданд. Бошандагони пуршарафи маҳаллаҳои шаҳрро лозим аст, ки хонаву дар ва кӯчаю маҳаллаҳои хешро бо тарҳи милливу муосир обод намоянд, то ин ки сайёҳони хориҷӣ аз қадимию фарҳангӣ будани миллати кӯҳанбунёди мо бештар маълумот баранд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода гуфт, ки сокини пуршарафи шаҳри Хуҷанд ҳамарӯза ҳазорҳо нафар сайёҳонро қабулу меҳмоннавозӣ намуда, бо муҳаббат, меҳрубонӣ, самимият ва эҳтирому сарфарозӣ гусел менамоянд, ки мояи ифтихорамон аст.

Дилшод Исматуллозода, муовини аввали Роҳбари Дастгоҳи ичроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз раванди ободокорӣ ва созандагӣ дар вилояти Суғд таҳти роҳбарии Раҷаббой Аҳмадзода изҳори хушнудӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки бояд ҳар якеи мо ҳувияти миллӣ ва ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ дошта бошем, бо сабру таҳаммул ва иттифоқу сарҷамъӣ ба амалҳои хайрхоҳонаю бунёдкорона даст зада, сарҷамъона Ватанамонро обод намоем.

Сипас, Нодирҷон Солиҷонов, раиси бахши суғдии Ассамаблеяи «Дӯстии халқҳо» ва Бароат Махкамова, сокини шаҳри Хуҷанд аз раванди бунёдкориву созандагӣ дар шаҳри Хуҷанд тавсиф намуда, аз сокинони шаҳри бостонӣ даъват ба амал оварданд, ки баҳри ободиии маҳал, шаҳр ва кишвари худ саҳмгузорӣ намоянд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба мумфаршкунии хиёбони Исмоили Сомонӣ аз қисмати бонки «Арванд» то буриши кӯчаи Камоли Хуҷандӣ ҳусни оғоз бахшида шуд, ки дарозии роҳ 620 ва бараш 12 метрро ташкил медиҳад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...