(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДирӯз баъди нисфирӯзӣ Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Найнхарт Хёфер –Виссинг дар доираи барномаи сафари кории худ ба шаҳри Хуҷанд дар маросими ифтитоҳи маркази қабули ҳуҷҷатҳо барои раводиди давлати Олмон ва дигар кишварҳои узви минтақаи Шенген иштирок ва суханронӣ намуд.

Тавре, ки иттилоъ дода шуд, маркази хизматрасонии омодасозӣ ва дастраскунии ҳуҷҷатҳо барои гирифтани раводид ба давлати Олмон ва дигар кишварҳои узви минтақаи Шенген: Австрия, Белгия, Дания, Испания, Италия, Латвия, Лаҳистон, Литва, Люксембург, Малта, Маҷористон, Нидерланд, Португалия, Словакия, Словения, Фаронса, Финляндия, Чехия, Шветсия, Эстония ва Юнон аз ҷониби ҶДММ «Дунёгард» амалӣ карда шуда, он дар ошёнаи 3-юми бинои «Казкомерсбонк» дар шаҳри Хуҷанд фаъолият менамояд.

Давоми 15 рӯзи корӣ шаҳрвандон метавонанд раводиди худро аз ин марказ дарёбанд. Ширкати «Дунёгард» ба мазмуну муҳтаво ва қабулу раднамоии раводид алоқаманд набуда, танҳо хизматрасонии интиқолдиҳии ҳуҷҷатҳоро амалӣ месозад. Хизматрасонии ширкат барои дастраснамоии раводид ҳудуди 20 арзи евро буда, бе назардошти пардохтпулиҳои Сафорати Олмон дар Тоҷикистон мебошад.

Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Найнхарт Хёфер –Виссинг дар маросими оғози фаъолияти маркази хизматрасонии омодасозӣ ва дастраскунии ҳуҷҷатҳо барои гирифтани раводид ба давлати Олмон ва дигар кишварҳои узви минтақаи Шенген гуфт, ки Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҳавасманди ҳарчи содда ва зудтар дастраснамоии раводид ба шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Барои сокинони шаҳри Хуҷанд ин марказ имконоти хуберо муҳайё месозад, зеро шаҳрвандон бидуни харҷи иловагӣ ва масрафнамоии вақти зиёд ба раводид соҳиб мешаванд. Гузашта аз ин харҷи роҳкиро низ зимни сафар ба давлати Олмон нисбати дигар минтақаҳо аз шаҳри Хуҷанд арзонтар аст.
Ҷамшед Абдуқаюмзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд зимни баромади худ таъкид дошт, ки маҳз ба шарофати сиёсати дарҳои кушоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳрвандон имкон пайдо менамоянд, ки бидуни мамоният ба дилхоҳ кишвари ҷаҳон сафар намоянд. Тадбири имрӯза, яъне ифтитоҳи маркази хизматрасонии омодасозӣ ва дастраскунии ҳуҷҷатҳо барои гирифтани раводид ба давлати Олмон, ки бахшида ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сурат мегирад, имкон медиҳад, ки мардум бо василаи соддаву осон раводидро дастрас намоянд. Гузашта аз ин барои соҳибкорону тоҷирон баҳри рушди тиҷорат ва дарёфти бозорҳои нави молу коло низ мусоидат хоҳад намуд.

Ҷамшед Абдуқаюмзода, омодагии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, бахусус Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро баҳри рушду тақвияти муносибатҳо баён дошта, ҳавасмандии хешро дар такмили минбаъдаи фаъолияти маркази хизматрасонии омодасозӣ ва дастраскунии ҳуҷҷатҳо барои гирифтани раводид ба давлати Олмон изҳор намуд.
Роҳбари маркази хизматрасонии омодасозӣ ва дастраскунии ҳуҷҷатҳо барои гирифтани раводид ба давлати Олмон Наргис Иброҳимова миннатдории хешро ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва СафоратиҶумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ изҳор дошта, таъкид намуд, ки ба боварии онҳо сазовор гардида, ба ҳар як мизоҷ самимона муносибат ва маслиҳатҳои муфид хоҳанд дод.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...