(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Маъруф Муҳаммадзода ба 100 нафар наврасону ҷавонони фаъол идрорпулӣ додИмрӯз дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 100 нафар наврасону ҷавонони фаъоли шаҳрро Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба ҳузур пазируфта, идрорпулии хешро ба эшон тақдим дошт.

Маъруф Муҳаммадзода дар маросими супоридани Стипендияи Раиси шаҳр ба ҷавонони лаёқатманд маърӯза намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки аз баракати Истиқлолияти давлатӣ  ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷаҳонбинии ҷавонон ба куллӣ таѓйир ёфта, сатҳи одобу маърифат ва муносибати онҳо ба зиндагӣ ва иштирокашон дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ бамаротиб  беҳтар шудааст. Имрӯз мардуми шарифи кишвари соҳибистиқлоламон дар фазои орому осоишта, дар шукргузорӣ аз ин неъмати бебаҳо бо меҳнати фидокорона ва созандагиву бунёдкориҳои тоза зиндагӣ намуда, ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор мегузоранд. Маъруф Муҳаммадзода ба 100 нафар наврасону ҷавонони фаъол идрорпулӣ дод Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, бахусус Раиси вилоят мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷодаи дастгирии насли ҷавон барои ба роҳ мондани ташаббусҳои навин ва созанда, татбиқи муваффақонаи сиёсати ҷавонон тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Иттилоъ дода шуд, ки ташаббусҳои созандаи ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамеша дастгирӣ ёфта, ҷавонон дар корҳои роҳбарии шохаҳои ҳокимият, истеҳсолоту тиҷорат, илму таҳсилот ва ѓайраҳо пурсамар фаъолият доранд. Аз ҷумла, 75 нафар олимони ҷавон ва 29 нафар ихтироъкорони ҷавон дар донишгоҳҳо фаъолият бурда, саҳми арзандаи худро дар пешрафти ҷомеа мегузоранд. Аксари ҷавонони бонангу номуси кишвар дар пайи таҳсил, интихоби касб ва азхуд кардани техникаву технологияҳои муосир талош намуда, дар дохилу хориҷи мамлакат илму донишҳои муосир ва барои кишварамон заруриро азбар карда истодаанд. Имрӯзҳо зиёда аз 365 - нафар ҷавонписарону ҷавондухтарони шаҳрамон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои  хориҷи кишвар таҳсил мекунанд.

Раиси шаҳр гуфт, ки дар соли таҳсили 2017-2018 дастаи хонандагони лаёқатманди шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ ба гирифтани 31 ҷойҳои ифтихорӣ аз ҷумла, ҷойи якум - 7 нафар ҷойи дуюм - 9 нафар ва ҷойи сеюм 15 нафар, дар олимпиадаи байналмиллалӣ ба гирифтани 19 ҷои ифтихорӣ, аз ҷумла  ҷойи якум 4 нафар, ҷои дуюм 2 нафар ва ҷойи сеюм 13 нафар,  олимпиадаи байналмиллалии фосилавӣ 69 ҷойи ифтихорӣ   ҷойи якум 10 нафар, ҷойи дуюм 43 нафар ва ҷойи сеюм 16 нафар буда,  дар миқсёи вилоят дастаи мактаббачагони шаҳр сазовори мақоми якум гардиданд. Дар озмуни вилоятии техникони наврас бошад хонандагони мактабҳои шаҳри Хуҷанд аз рӯи 7 бахш иштирок намуда ба гирифтани 5 ҷои ифтихорӣ, аз ҷумла 3 ҷои якум ва  2  ҷои дуюм дар байни шаҳру ноҳияи вилоят дастаи техникони навраси шаҳр сазовори мақоми аввал гаштанд, ки дастовардҳои шоистаи ҷавонони шаҳр дар соҳаҳои илму таҳсилот низ имрӯзҳо боиси ифтихору сарфарозии мост. Таъсиси стипендияҳои Президентӣ, Раиси вилоят, Раиси шаҳр намунаи равшани дастгирии ин гуна донишҷӯёну хонандагони фаъолу болаёқат маҳсуб мешавад. Аз ҷумла, 6 нафар хонандагон ба дарёфти стипендияи Президентӣ, 50 нафар соҳиби стипендияи Раиси вилоят ва 100 нафар ба гирифтани стипендияи Раиси шаҳр мушарраф гардида, аксар аз донишандӯзон бо ифтихорномаю сипосномаҳо сарфа-роз гардиданд.

Маъруф Муҳаммадзода ба 100 нафар наврасону ҷавонони фаъол идрорпулӣ додМаъруф Муҳаммадзода комёбии варзишгарони шаҳри Хуҷандро боиси ифтихор ва сарфарозӣ унвон намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки боиси ифтихор аст, ки варзишгарон ба монанди Ҷаҳон Қурбонов - ду карат иштирокчии бозиҳои олимпӣ ва Мирзодалер Хуршед-зода устоди варзиш, ҷоизадори Чемпионати ҷаҳон оид ба ушу буда, ҳамчунин довталаб барои иштирок дар Бозиҳои Олимпии Осиё дар Малайзия дар соли 2018  интихоб шудааст, ки номи Тоҷикистонро дар арасаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд. Абдураҳмонов Муҳаммадалӣ дар Чемпионати Осиё оид ба бокс, ки байни 30 давлати дунё дар шаҳри Бангкоки кишвари Тайланд баргузор гардид,  ба медали биринҷӣ сазовор гардид. Ҳамчунин санаҳои 14-28 апрели соли равон дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб Чемпи-онати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу бо иштироки 7000 намояндагони 106 давлати дунё сурат гирифт, ки Муҳаммадалӣ Сафиоллоҳ сазовори ҷои аввал, Эмин-зода Эраҷ, Абдусалом Саломов ва Амриддин Абдукабирзода ҷойҳои дуюмро ба даст оварданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд наврасону ҷавононро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният гуфт, изҳори умедворӣ намуд, ки дар ояндаи наздик низ ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати тоҷикон ва баланд бардоштани парчами Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши шоиста мегузоранд. Ҷавонони саодатанд, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо намуда, ба хотири рушди рӯзафзуни кишвари биҳиштосоямон ҳамчун созандагони фардои Ватан хизмати арзандаро ба ҷо меоранд.

Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар вазъияти тантанавӣ ба 100 нафар наврасону ҷавонон, аз ҷумла 20 нафар варзишгарони фаъол Стипендияи Раиси шаҳри Хуҷандро ба маблағи 1000 (ҳазор) сомонӣ тақдим намуд. Ҳамзамон ба 20 нафар хатмкунандагони курси семоҳаи “Мактаби сарварони ҷавон” шаҳодатнома тақдим карда шуд.

Хонандаи МТМУ №19-и шаҳри Хуҷанд Фарзона Султонова ва донишҷуйи ДДҲБСТ Мирзоҷон Мирзобоев аз чунин таваҷҷуҳу ғамхории пайваста ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки бо кору пайкори созанда Ватани маҳбуби хешро боз ҳам ободу зебо менамоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...