(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСафари таърихии 9 ҷуфт оилаҳое, ки бо ибтикороти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба шаҳри бостонии Самарқанд баҳри саёҳати серўза равон шуда буданд, субҳи 16 майи соли равон аз Хона музейи Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ оғоз гардид.
Масуълини Хона музей иттилоъ доданд, ки таъқиби ҳукуматдорони давр устод Садриддин Айниро маҷбур сохт, ки солҳои 1915-1916 берун аз Бухоро паноҳ ёбад. 9-уми апрели соли 1917 дар вақти авҷи ҳаракатҳои иртиҷоӣ ба қатори дигар ҷавонони озодфикр Айниро ҳам дастгир намуда, бо фармони амир 75 чӯб заданд ва ба зиндон партофтанд. 10-уми апрели ҳамон сол ба қатори маҳбусони дигар Айнӣ ҳам аз зиндон озод карда шуд. Баъд аз табобати қариб думоҳа ва ба шаҳри Самарқанд омаданаш Садриддин Айнӣ як муддат дар хонаи дӯстонаш умр ба сар мебарад. Ниҳоят соли 1923 дар шафати кӯчаи Регистон ҳавлиеро ба иҷора мегирад ва сонитар онро тамоман мехарад. Дар ин ҳавлӣ, ки ҳоло ба музейи ёдгорӣ табдил дода шудааст, нависанда то охири умраш истиқомат дошт. Қисми кӯҳнаи ин ҳавлӣ аз айвони дарози шимолӣ аввалин утоқи корӣ, меҳмонхона бо даҳлезаш ва айвони ҷанубӣ иборат аст.
Соли 1935 ҳукумати маҳаллӣ бо мақсади беҳтар сохтани шароити зиндагӣ ва эҷодии нависанда аз рӯйи тарҳи худи ӯ чанд хонаи нав бино намуда, ба ӯ ҳадя кард. Ҳоло дар қисми нави ҳавлӣ толори калони намоиши нигораҳо, утоқи дуввуми корӣ ва утоқи хоб ҷой гирифтаанд. Дар утоқи дуввуми кориаш нависанда аз соли 1937 то соли 1954 бо фаъолияти эҷодӣ машғул буд.
Бояд дар ин ҷо хотиррасон намоем, ки Хона-музейи ёдгории Сад¬риддин Айнӣ 19-уми майи соли 1967 тибқи қарори ҳукумати Ӯзбекистон (аз 16-уми моҳи июни соли 1964) бунёд ёфтааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҳавлӣ Садриддин Айнӣ солҳои тӯлонӣ (1923-1954) истиқомат дошт ва давраи калони ҳаёти пурҷӯшу хурӯши эҷодӣ, фаъолияти пурсамари илмиву педагогӣ ва ҷамъиятии худро гузаронид. Ин ҷо манзиле буд, ки дӯстону ҳамкасбони устод, олимон, арбобони давлатию ҷамъиятӣ, ҷавонони боистеъдод ва меҳмонони хориҷӣ барои дидорбинӣ ва маслиҳати муфиди устод меомаданд. Имрӯз ҳам, ба зиёрати ин даргоҳи муқаддас шахсоне меоянд, ки эҷодиёти ин адиби бузург, офарандаи асарҳои комилу барҷастаро, ки тавассути қувваи тафаккури фавқулоддаи бадеӣ ва образҳои нотакрор чӣ дар назму чӣ дар наср роҳи муборизаи халқҳои ӯзбеку тоҷикро барои озодӣ, истиқлоли миллӣ ва бахту саодат тас¬вир намудааст, бениҳоят дӯст медоранд. Беҳтарин асарҳои хеш роман – эпопеяи «Ғуломон», повести «Марги судхӯр», «Ёддоштҳо» (дар панҷ китоб)-ро, ки хазинаи тиллоии адабиёти ҷаҳонро ғанӣ гардонидаанд ва ба бисёр забонҳои халқҳои дунё тарҷума шудаанд, нависанда дар ҳамин манзил офаридааст.
Бояд қайд намуд, ки Садриддин Айнӣ на танҳо нависанда ва шоири номдор, балки ҳамчун олими маъруфи соҳаи филология буд. Як теъдод тадқиқотҳои нодир доир ба таърихи адабиёти мумтози тоҷику ӯзбек ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Хизматҳои Садриддин Айнӣ ҳамчун устоди сухан ва олими забардаст ба дараҷаи баланд қадррасӣ шудаанд. Дар арафаи 10-солагии истиқлололияти Ҷумҳурии Ўзбекистон бо қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба ӯ ордени «Буюк хизматлари учун» («Барои хизматҳои бузургаш») дода шуд. Дар Тоҷикистон бошад, ба ӯ унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон»-ро сазовор донистанд. Ғайри он, Садриддин Айнӣ бо як қатор ордену медалҳо мукофотонида шудааст.
Бо қарори ЮНЕСКО соли 1978 — Соли устод Садриддин Айнӣ эълон гардид ва тайёрӣ ба гузаронидани ҷашни 100-солагии нависанда авҷ гирифт. Дар назди Хона-музейи устод Садриддин Айнӣ пайкараи нависанда гузошта шуд.
Дар давоми ин солҳо дар осорхона бисёр корҳои маданию маърифатӣ, илмию эҷодӣ ба сомон расонида шуданд. Дар ин муддат панҷоҳ маротиба зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ бо иштироки дӯстдорони адабиёт, аҳли илму адаб ва хонандагони мактабҳои олию миёна тантанавор гузаронида шуд. Даҳҳо маротиба таъмирҳои калону хурд, панҷ маротиба экспозитсияи осорхона бой ва аз нав оро дода шуд. Ба ҳазорҳо нафар зиёратчиёни маҳаллию хориҷӣ сӯҳбату экскурсияҳо гузарониданд. Шумораи экспонатҳо — асарҳои навёфтаи устод Айнӣ афзуд. Дар давоми ин солҳо аз ҳаёти осорхона садҳо мақолаҳо бахшида ба мавзӯи экспозитсияи осорхона дар чор забон – ӯзбекӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ роҳбаладҳо тартиб дода шуд.
Дар асоси қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Узбекистон аз 11-уми декабри соли 2017 “Дар бораи Барномаи чораҳои такмил додани фаъолият ва мустаҳкамнамоии комплексии базаи моддиву техникии музейҳои давлатӣ дар солҳои 2017-2027” ва Барномаи манзилноки бунёди биноҳо, реконструксия, таъмир намудан ва таҷҳизонидани музейҳои давлатӣ дар солҳои 2018-2027, соли ҷорӣ бо маблағи 300 миллион сӯм ба таври мукаммал таъмир кардани Хона-музейи Садриддин Айнӣ ба нақша гирифта шуд. Дар ин асос, доир ба таъмирсозии музей ҷамъомад барпо гардид. Дар он гурӯҳи корӣ ташкил ва таркиби он тасдиқ шуд. Дар анҷоми ҷамъомад аз рӯйи масъалаҳои тартиби рӯз қарор қабул карда шуд, ки дар он оиди аз чоряки дуввуми соли 2018 оғоз гардидани реконструксия ва реэкспозитсия намудани Хона музей маълумот дода шудааст. 
Алҳол хонаҳое, ки устод Айни зиндагӣ мекарданд, баста буданд, зеро дар он рузҳои назди таъмири куллӣ оғоз мегардад.
Оилаҳо, ки аз хонаи музейи устод Айнӣ боздид намуданд, бо таасуроти баланд роҳ ба ҷониби Регистон гирифтанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...