25 Апрел 2018
Ҷ У М Ҳ У Р И И Т О Ҷ И К И С Т О Н
В И Л О Я Т И С У Ғ Д
Р А И С И Ш А Ҳ Р И Х У Ҷ А Н Д
Қ А Р О Р
ш.Хуҷанд
«Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, №968 «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», нусха аз протоколи маҷлиси раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2017 №14, қарори Раиси вилоят аз 14 марти соли 2018 №89 ва бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунии маҳалли зист ва сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ А Р О Р М Е К У Н А М:
1. Аз санаи 1 марти соли 2018 дар қаламрави шаҳр ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1300 рӯзи ободонию созанандагӣ эълон карда шавад.
2. Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони кумитаи маҳаллаҳо тибқи нақшаи чорабиниҳои баргузории ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шаванд, ки бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунӣ, таъмиру тармими биноҳои маъмурию истиқоматӣ, кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту боғҳои фароғатию мавзеъҳои истироҳатӣ, инчунин тоза кардани маҳалли зист аз партовҳо, бо назардошти гузаронидани ҳашарҳои умумихалқӣ бо иштироки васеи ҷомеаҳои меҳнатии корхонаҳо чораҳои заруриро амалӣ намуда, ҳар семоҳа ахбор ирсол намоянд.
3. Котиби матбуоти Раиси шаҳр, рӯзномаи «Тирози ҷаҳон», ширкатҳои телевизион ва радиои «СМ-1» ва «Азия» барои инъикоси ҳамаҷонибаи дастоварду музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва раванди корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни мазкур маводу барномаҳои ҷолиб омода, нашр ва пахш намоянд.
4. Қарори мазкур барои тасдиқ ба иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр пешниҳод карда шавад.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳр Ғайбуллозода Х., муовини Раиси шаҳр Раҳматзода А.А. ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр Ҳомидзода А.А. гузошта шавад.
Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода