(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Як моҳ бо Садриддин АйнӣСир! Чӣ калимаи сеҳромезе! Юнониёни қадим онро Танаис ва арабҳои асри миёна Сайҳун номидаанд. Саргоҳи вайро Нирон ва Тар ҳам мегӯянд. Сир яке аз бузургтарин дарёҳои Осиёи Миёна буда, шохчаҳои вай аз куллаҳои ҳамешабарфини кӯҳҳои Тёншон сар мешавад. Ин дарё рӯ ба тарафи Ғарб 462 ҳазор км. тӯл кашида, маҷрои худро то ба баҳри Арал мерасонад. Сири пурошӯб дар сари роҳи худ аз байни чандин дараҳои тангу тор, водию ҳавзаҳо бо суръат гузашта, ба доманаи кӯҳи Муғул мерасаду аз он ҷо ба дашти васеъ ва беканор мебарояд, пас аз он гӯё ба озодӣ баромада, оромона нафас кашида меравад. Тангии кӯҳи Фарҳод, ки дарё онро бурида гузашта, шаршарае ҳам ба вуҷуд овардааст, ба назар монанди камарбанди ин наҳри куҳансол менамояд.

Дар соҳили чап, болотар аз он шаршара мавзеъҳои обод ҳастанд, ки бо сабзу хуррамии худ дар байни хоки зарди даштҳои атроф ва сангҳои сиёҳранги кӯҳҳо мисли парчаи гулдӯзӣ ба он камарбанд ҷилва карда, ҳамаи он канори дарёро зебу зинат медиҳанд.

Дар замонҳои қадим ин ҷоро Тирози Ҷаҳон ва сонитар Хуҷанд номидаанд. Дар соли 1935 ба ин шаҳр Ленинобод ном дода шуд. Беш аз сӣ аср аст, ки ин «Арӯси шаҳрҳо», макони «Хубҷамъ», шаҳре, ки сазовори номи Ленини кабир гардидааст, дар соҳили ин дарё пойдорӣ мекунад.

Ин номҳои бошарафро на барои он ба ин шаҳр додаанд, ки вай манзараи зебои табиӣ дораду сайёҳон аз тамошои он лаззат мебурдаанд. ҳаргиз! Меҳнати бо машаққату шӯҳратовар ва касбу ҳунари бомаҳорати мардуми ин диёр онро сазовори ин гуна номҳо гардонидааст.

Агар китоби таърихро варақ занед, хоҳед дид, ки ин шаҳр яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Миёна ва ҳатто ҷаҳон мебошад. Таърихнависони Хитой қариб 2200 сол пеш дар бораи вуҷуд доштани ин шаҳр хабар додаанд. Подшоҳи диёри форс Кир ҳанӯз дар солҳои 30-юми асри VI пеш аз милод ин ҷоро қалъаи сарҳади шимолии худ мешуморидааст. Воқеанигорони қадими Юнон хабар додаанд, ки Искандари Македонӣ дар соли 329 пеш аз милод то ба ин ҷо расида, роҳи худро тарафи ҷануб гардондааст. Таърихнависи қадимии Рим Квинт Руф низ ҳанӯз 300 сол қабл аз милод дар ин ҷо қарор доштани шаҳри азимеро ишора кардааст. Онҳое, ки дар бораи ин сарзамин қалам рондаанд, онро макони қаҳрамонҳо, хокашро иборат аз нуқраю тилло, нозу неъматҳояш шаҳду шаккар, худашро дарвозаи водии Фаровона номидаанд.

Қатъи назар аз он, ки Хуҷанди собиқ ҳанӯз аз давраҳои қадим соҳиби он қадар шуҳратҳо будааст, аммо то Револютсияи Кабири Октябр аз як шаҳрчаи асри миёнагии феодалӣ бештар набуд. Ғайр аз як-ду корхонаҳои майда ва якчанд устохонаҳои бофандагӣ дигар саноат надошт. Маданияти он низ иборат аз ду-се мадрасаю якчанд мактабҳои хусусӣ будаасту бас. Мардуми он бо вуҷуди доштани даҳ дасти ҳунар ҳаёти нимгуруснаю камбағалона мегузаронданд.

Дар солҳои ҳокимияти Советӣ Хуҷанд (Ленинобод) тамоман тағйир ёфт. Хусусан баъд аз ба вуҷуд омадани як қатор корхонаҳои саноатӣ, коллективонидани хоҷагиҳои деҳқонони яккадаст, ташкили мактабҳои олӣ, техникуму омӯзишгоҳҳо, зиёд шудани шумораи мактабҳои миёна ва ибтидоӣ (дар солҳои 1930-1934) шаҳри Хуҷанд ба маркази саноатии иқтисодиёт ва маданияташ тараққӣ кардаи республикаи Тоҷикистон мубаддал гашт. Махсусан солҳои 1934-1936 буданд, ки иқтисодиёт ва маданияти ин шаҳри куҳансол бо суръати беҳамто рӯ ба боло рафт.

Корнамоиҳое, ки коргарони пешқадами корхонаҳо, колхозчиёни зарбдор, ҷидду ҷаҳди равшанфикрони меҳнатдӯсти ин диёр нишон медоданд, беҳтарин мавзӯъ барои қаҳрамонҳои асарҳои бадеии нависандагон гашта буд. Шоирон, нависандагони маъруфи мо: Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ ва дигарон пай дар пай ба ин шаҳр меомаданд

Идораи газетаи Ленинобод (аввал «Роҳи колхозчӣ», баъдтар «Пролетари Хуҷанд», пас аз он «Болшевики Хуҷанд» ва дар охир «Бо роҳи Ленинӣ») ба як штаби мадании паҳнкунандаи маданият табдил ёфта буд. Нависандаи дӯстдоштаи мо Раҳим Ҷалил, фелетончии маъруф марҳум Қурбон Баҳлулзода ва дигарон дар он газета машғули кор буданд. Ман вазифаи муҳарририи ин рӯзномаро иҷро мекардам. Шоири ширинкалом Муҳиддин Аминзода, олими маъруф, доктори илми таърих, профессор, академик Зариф Раҷабов, педагогҳо: Раҳим Алӣ, ҳотам Солибоев, Ф. А. Абдуллозода ва монанди инҳо иштирокчиёни фаъоли ин газета буданд.

Дар бораи таърифи тараққиёти онрӯзаи Ленинобод як лавҳаеро дар ин ҷо мисол овардан бемавқеъ намешавад. Саноати ин шаҳр аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулот дар республика аз ҳама пешқадам буд, пахтакорони ин диёр ҳанӯз дар ҳамон солҳо аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна мувофиқи район 22-23 сентнерӣ ҳосил ба даст оварда, дар байни районҳои пахтакори Осиёи Миёна ҷои аввалро ишғол карда буданд. Ин шаҳр дар дигар соҳаҳои хоҷагӣ, иқтисодӣ ва маданӣ низ дар сафи пеш буд.

Дар газетаи Ленинобод материалҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ва адабӣ нисбат ба газетаҳои республикавӣ як-ду рӯз пештар чоп мешуданд. Бисёр шоирону нависандагони номдори онрӯзаи тоҷик шеър ва ҳикоятҳои худро аввал ба газетаи Ленинобод чоп мекунонданд.

Республикаи Тоҷикистон дар он вақт дар Иттифоқи Советӣ республикаи ҳафтум ба шумор мерафт. Ленинобод азбаски аз ҳар ҷиҳат пешқадам буд, рафиқони дар пойтахти республика - шаҳри Душанбе коркунанда онро шӯхиомезона «Ҷумҳурияти ҳаштум» меномиданд Агар касе ба он ҷо сафар карданӣ шавад, номи шаҳр -Ленинободро ба забон нагирифта, ман ба сафари «Ҷумхурияти ҳаштум» меравам мегуфт.

Ленинободиҳо ҳам шаҳрашонро ниҳоят дӯст медоранд. Ин шаҳр кадрҳои пурқувват ва бомаҳорати зиёде дошт, аммо онҳоро ба дигар шаҳру районҳо кӯчонидан кори ниҳоят мушкиле буд Агар касе аз аҳли Хуҷанд бо ягон сабабе ба ягон шаҳре рафта монад, пас аз чанде шаҳрашро ёд карда. ба васфи он, ба унвони идораи газета ягон шеър ва ё ҳикояе навишта мефиристод.

ИСТИҚБОЛИ АЙНӢ

Ленинободиҳо баҳори музофоташонро арӯси сол меноманду мавсими тирамоҳро айни камолоти он мешуморанд, чунки дар ин мавсим на танҳо серию пурӣ, меваю шира, ҳосили фаровон аст, балки обу ҳаво ҳам мӯътадил ва хеле форам мешавад. Сангҳои сиёҳранги кӯҳи Муғул, ки дар шимоли шаҳр воқеъ аст, эҳтимол аз таъсири шӯълаи офтоб бошад, дар ин мавсим ба худ ранги гуламухи баландро гирифта, намоёнтар мешаванд. Ранги кӯҳи барфии болои Такоб (дар ҷануб) низ тағйир меёбад. Дар муддати тобистон пиряхҳои ин кӯҳ аз таъсири гармӣ хеле об шуда, яхҳо сафеду тозатар гашта, мисли оина барқ мезананд. Дашту саҳроҳо низ намуди худро дигар мекунанд. Ҷои алафҳои сабзу хурраму лолаҳои сурхи баҳорро хоки хокистарию янтоқҳои зард мегиранд. Аммо саҳроҳоро киштзорҳои пахта фаро гирифта, шукуфаҳои он мисли гули садбарги сафед ҳама ҷоро зебу зинат медиҳанд. Ангуру анор, биҳию себҳои ҳоҷихонӣ, харбузаю тарбуз ва ғайра меваю сабзавоти пухта расида ҳар як дастурхон, ҳар як ҳавлӣ ва ҳар як колхозро фаровон мегардонанд. Оби дарёи Сир низ дар ин вақт софтар гардида, ҳамранги осмон мешавад. Тирамоҳи соли 1936 низ ҳамин гуна соли фаровонҳосилӣ буд.

Мавсими ғунучини пахта. Аммо колхози «Аскари Сурх», ки пахтазораш дар доманаи шимолии кӯҳҳои Такоб ҷой гирифта, кӯракҳояш дер мешукуфт, ҳанӯз ба пункти қабул ягон килограмм ҳосил насупурда буд. Комитети шаҳрии партия маро ба он ҷо (Совети қишлоқи Овчи-Қалъача) сафарбар кард.

Ман аз он колхоз дар охири рӯзи дигар баргаштам ва барои аз аҳволоти он ҷо ахборот додан ба комитети шаҳрии партия (аз рӯи ҳуҷҷат - 18-уми сентябри с. 1936) рафтам. Котиби комитети шаҳрӣ Ашот Карамиян пас аз шунидани ахборот дар бораи он колхоз чизе нагуфт ва табассум карда:

- Медонӣ, кӣ ба меҳмонӣ меояд? - гӯён пурсид ва мунтазири ҷавоби ман нашуд; телеграммаеро ба ман дароз кард.

Дар он хабар дода мешуд, ки 20-уми сентябр Садриддин Айнӣ ба Ленинобод, меояд. Ман ҳанӯз телеграммаро хонда тамом накарда, Карамиян аз ҷояш хест ва ба назди ман омада, бо дасти росташ навозишкорона ба кифтам зада гуфт:

-Дишаб ту набудӣ. Мо ин телеграммаро гирифта, бюрои комитети шаҳрии партияро даъват кардем. Аъзоёни бюро чунин қарор доданд, ки ту ҳамчун муҳаррири газета пешвозгирии нависандаро бояд ташкил кунӣ ва дар ҳамаи рӯзҳое, ки Айнӣ дар Ленинобод меҳмон мешавад, ҳамсафари ӯ бошӣ. Ба корхонаҳои саноатӣ, колхозҳо ва мактабу муассисаҳои маданӣ саёҳат кунонӣ, инчунин дар бораи ҷои истиқомат, нақлиёт ва ғайра ғамхорӣ карда, махсусан аз саломатии устод хабардор бошӣ. Аз хотир набарор, ки ин супориши бюрои комитети шаҳрист!

Ин боварӣ барои ман, албатта, шарафи калон буд. Бегоҳии 20-уми сентябри соли 1936. Истгоҳи роҳи оҳани Ленинобод ниҳоят серодам буд. Коргарони пешқадами корхонаҳои саноатӣ, колхозчиёни зарбдор, аълочиёни таҳсили мактабҳои олӣ ва миёна, олимон, нависандагон, коркунони матбуот, роҳбарони ташкилотҳои партиявӣ, комсомолӣ ва советӣ ҷамъ омада буданд. Котибони комитети шаҳрии партия Ашот Карамиян, Рӯзибой Шерматов ва дигар коркунони масъул низ дар он ҷо ҳозир буданд. Аксарияти одамон хабарӣ набошанд ҳам, ташрифи нависандаро шунида, худ ба худ барои истиқбол омада буданд.

Соати 9-45 дақиқаи бегоҳӣ бо вақти маҳаллӣ поезд омад. Ашот Карамиян, Рӯзибой Шерматов, ман ва чанде аз рафиқон сӯи вагон давидем. ҳанӯз мо аз зина ба болои вагон набаромада Айниро дидем, ки дар баромадгоҳ ҳозир ба фаромадан истодааст. Дар рӯшноии чароғҳои электрикӣ дидан мумкин буд, ки Айнӣ дар сар тӯппии сабзи тошкандӣ, дар тан камзӯли сафеду нави нӯғайча ва ба пояш мӯзаи хром дорад. Ришаш ҳам кӯтаҳакак буд, мӯйлабаш ба худаш хеле мезебид.

Ман дар байни ҳозирон аз ҳама ҷавонтар ва чаққонтар менамудам ва барои ҳамин ҳам як хез зада, ба роҳрави вагон баромадам ва баъд аз даст дода вохӯрӣ кардан ба нависанда «Хуш омадед!» гуфтаму ҷомадонро аз дасти он кас гирифта, аз вагон фаромадам.

20 нафар коргардухтарони комбинати абрешим, толибаҳои институтҳо, техникуми педагогии занона ба нависанда гулдастаҳо тақдим намуданд. Колхозчиёни колхози ба номи Айнӣ, ки онҳо дар пахтасупорӣ аз дигар колхозҳо пешкадам буданд, бо байрақҳои лоларанги худ ба пешвози нависанда баромаданд. Дар баромадгоҳи истгоҳи роҳи оҳан митинги кӯтоҳмуддате барпо гардид. Раиси колхоз Зокиров дар бораи рафти пахтасупорӣ ба Айнӣ рапорт дод.

Дар митинг Айнӣ низ нутқ эрод кард. Вай муваффақиятҳои беназири колхозчиёнро табрик намуда, ба Партияи Коммунистӣ ва ҳукумати Советӣ, ки ба мо ин ҳаёти хушбахтонаро муҳайё кардаанд, раҳматҳо гуфт. Садоҳои «Зинда бод! Ура!» ба шарафи партия ва ҳукумат, ба шарафи нависанда дар гирду атроф ғулғула афканд.

ШАБНИШИНӢ ДАР МЕҲМОНХОНА

Худи ҳамон шаб дар зали ресторани меҳмонхонаи Хӯҷа Камол (дар табақаи дуйум, ҳозир китобхонаи шаҳрӣ) зиёфат ташкил карда шуд. Дар ин шабнишинӣ роҳбарони ташкилотҳои шаҳрӣ, намояндагони корхонаҳои саноатӣ, раисони баъзе колхозҳои наздишаҳрӣ, коркунони илм, муаллимон, аълочиёни таҳсил, ходимони матбуот ҳузур доштанд. Намояндагони он нависандаи мӯҳтарам ва меҳмони азизро табрик намуда ба корхонаҳои худ даъват мекарданд.

Нутқи ҷавобии Айнӣ хеле таъсирнок буд. ҳозирон ӯро бо шавқ гӯш мекарданд. Айнӣ дар бораи гузаштаи лаънатӣ, дар бораи ҳаёти мардуми Хуҷанди собиқ, ки вай дар сафари соли 1913 дар ин ҷо дида буд, нақл кард.

- Ман шаҳри шуморо ҳанӯз надидаам. Чунки поезд бегоҳӣ, пас аз расидани торикии шаб ба ин ҷо омад. Инчунин ба хонаҳои шумо нарафтаам. Вале мебинам, ки шумо ҳаёти осудаҳолона доред. Инро ҳатто аз он роҳи сангфаршу васеъ, ки мо бо он аз истгоҳи роҳи оҳан то ба ин ҷо омадем, аз ин бинои дуошёнаи зебое, ки ҳоло мо бо шумо дар сари мизи пур аз нозу неъмати ӯ нишаста, сӯҳбати дӯстона мегузаронем, аз либосҳои наву оҳарӣ, ранги рӯҳои беғубори шумоён муайян кардан мумкин аст, ки шумо чӣ ҳаёти хушбахтонае доред. Ман медонам, ки ленинободиҳо одамони меҳмондӯстанд. Аммо ин навозишу меҳмондории имрӯзаи шумо аз ҳудуди тахминкардаи ман хеле ва хеле берун аст. Ман инро чунин мефаҳмам, ки ин ҳам натиҷаи ҳаёти хушбахтонаю осудаҳолонаи шумост. Далели дигаре, ки муваффақиятҳои шуморо ҳанӯз нодида дар пеши назари ман ҷилвагар месозад, ба шаҳри қадимаи шумо дода шудани номи Ленини бузург мебошад ҳамаи ин пешравию комёбиҳо, ҳаёти хушбахтонаю осудаҳолонаро ба мову шумо партияи пуршарафи ленинӣ додааст! - гуфт Айнӣ ва дар чашмонаш ашки шодӣ барқ зад.

ҳозирон ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ ба ӯ «Зинда бод!»-ҳо мегуфтанд ва нутқи ӯро бо чапакзаниҳои дуру дароз пешвоз мегирифтанд.

Пас аз шабнишинӣ мо якчанд нафар ӯро то ба ҳуҷраи меҳмонхона ҳамроҳ гирифта рафтем. Айнӣ аз ин қабули мардуми Ленинобод то ба дараҷае ба ҳаяҷон омада буд, ки ҳатто барои изҳори хурсандӣ сухан намеёфт.

ИНТИХОБИ КИТОБ

Мо, мутасаддиёни меҳмондорӣ, ба чунин фикр будем, ки баъд аз кӯфти роҳ, ташвиши митингҳою шабнишинӣ Айнӣ бояд дар рӯзи дигар истироҳат кунад. Аммо вай розӣ нашуду гуфт, ки «Ин митингу шабнишиниҳо барои ман ранҷ нею роҳат буданд». ӯ ҳаргиз монда нашудааст ва баракс хеле қувват гирифтааст. ҳар ҷое, ки мо бурданӣ хоҳем, вай бо шавқу завқи калон мунтазири он соат мешавад. Фақат хоҳиш кард, ки барои ӯ як «Воқеанависи хушхат» пайдо кунем. Чунки вай ҳам бо мардум сӯҳбат карда ва ҳам ҳамаи гапҳои гузаштаро барои худ қайд карда наметавонад. Зеро ин кор вақти бисёри ӯро талаб ва талаф мекунад. Як каси тезнависе бошад, ки ӯро аз ин заҳмат озод кунад

Котиби комитети шаҳрӣ Карамиян ин масъаларо дар худи ҳамон ҷо ҳал кардан хоста, ба ман нигоҳ кард. Ман якчанд рафиқонро ном бурдам. Вақте ки номи шоир Муҳиддин Аминзодаро ба забон гирифтам, Айнӣ зуд ба ман нигоҳ карда:

- ҳамон Аминзода, ки ҳам шоиру ҳам танбӯрнавоз аст? - гуфта пурсид.

- ҳа, ҳамон, - ҷавоб додам ман.

Ба фикрам Айнӣ хеле хурсанд шуд ва бо як қиёфаи ҷиддӣ:

- ҳа, ҷавони хубе аст. ӯро дар Самарқанд бисёр ҳурмат мекунанд. Агар ӯ ҳамроҳ мешуд, хеле хуб буд - гуфт ва худи ҳамон замон бо изтироб илова намуд: - боз ба кораш халал нарасад?

Ман фаҳмондам, ки вай мудири қисми бадеии театр аст ва аксар вақт дасташ холист.

ВОХӮРӢ ДАР МАКТАБИ БА НОМИ АЙНӢ

Бахшида ба эҷодиёти С. Айнӣ газетаҳои «Бо роҳи Ленин» ва «Стахановец» саҳифаҳо доданд. Инчунин чанд Чораҳои дигар дида шуданд, то ки ба Ленинобод ташриф овардани устод хотираи абадӣ гардад. Яке аз ин гуна чорабиниҳо ба номи Айнӣ гузошта шудани мактаби нав сохта шуда ва навкушоди даҳсола буд.

21 сентябр мо Айниро ба он мактаб бурдем. Ин мактаб дар саргаҳи кӯчаи Сангбуррон (ба номи Орҷоникидзеи ҳозира) воқеъ гардидааст. Ин мактаби дуошёна он вақтҳо аз ҳамаи биноҳои мактабҳои дигари шаҳр беҳтарин ба шумор мерафт. Баробари ба он ҷо омадан Айнӣ бо сифати хониш, тартиби дарсдиҳӣ, дараҷаи дониши муаллимон, китобхона ва адабиёте, ки дар он мавҷуд аст, як ба як шинос шуд.

Охири рӯз дар рӯи ҳавлии мактаб ҷамъомади калоне барпо гардад. Нотиқон ба минбар баромада, ба нависанда табрикҳо гуфтанд.

Вақте ки қарори Президиуми Совети шаҳрӣ дар бораи ба ин мактаби нав дода шудани номи Айнӣ хонда шуд, нависанда бо ҳайрат ба ман нигоҳ кард. Ман ба он кас чизе нагуфта, чашмак задам ва табассуми табрикомез кардам. Ба ҷои ҷавоби хушнудона дар чашмҳои нависанда равон шудани ашкро мушоҳида кардам. Айнӣ рӯймолчаро гирифта, дар пеши назари ҳама оби чашм пок мекард. Дар ҳамон лаҳза намояндаи комитети иҷроия қарорро бо папкае ба дасти устод дод ва он касро ба оғӯш кашида бӯсид. Садои қарсакҳои пурмавҷ баланд шуд. Бачаҳо ба нависанда гулдастаҳо оварданд, муаллимон як-як омада, дасти ӯро мефушурданд ва табрикҳо мегуфтанд. Айнӣ ба вазъияте дучор шуда буд, ки механдид ва мисли кӯдакон аз дидаҳояш ашк меборид.

Аз он рӯз беш аз 25 сол гузаштааст ва на ҳамаи он маросимот дар хотир мондааст. Аммо хуб дар хотир дорам, ки дар охир худи Айнӣ сухан талаб кард. Вай бисёртар дар бораи айёми бачагӣ, бо чӣ машаққат дар айвончаи шӯрзадаи масҷиди деҳаи Хоҷа Соктаре, ки хафви дар ҳар дақиқа фурӯ рафтан дошт, таҳсил кардани худро нақл карда, ба бачаҳо ин мактаби дуошёнаро нишон медоду онҳоро ба хуб хондан даъват мекард. ҳозирон гаштаю баргашта қарсакҳо мезаданд. Дар охири нутқ устод ду кӯдаки ҳафт-ҳаштсоларо, ки дар ду тарафи ӯ истода буданд, бо ду дасти худ ба оғӯш гирифта, онҳоро рост бардошт ва гуфт:

-Шумо одамони хушбахттарини замонед. Ленинбобо гуфтааст, ки хонед, хонед ва боз хонед!

Вакте ки Айнӣ кӯдаконро ба замин гузоштанӣ шуд, ман хостам, ёрӣ расонам. Айнӣ бачаҳоро ба замин гузошт ва якбора маро ба оғӯш кашида сахт бӯсид ва якчанд бор «Раҳмат» гуфт. Ман чунин фаҳмидам, ки Айнӣ гумон кардааст, гӯё ҳамаи ин корҳоро ман ташкил карда бошам. Бинобар ин ман ин гумонамро оҳиста ба устод фаҳмондам ва гуфтам, ки: ташаббускори ҳамаи ин чорабиниҳо комитети шаҳрии партия ва комитети иҷроияи шаҳрӣ мебошанд. Айнӣ ҳам бе ҳеҷ фикр:

- Ман дар шахси шумо намояндаи Партияи Коммунистӣ ва ҳукумати Советии шаҳр ва халқи Ленинободро бӯсидам! - гуфт ба таври ҷиддӣ.

Мо барпо гардидани ин ҳама мулоқоту тантанаро пешакӣ ба Айнӣ нагуфта будем.

Пас аз тамошои шаҳр, Айнӣ ба ман гуфт, ки ин шаб ба ҳеҷ ҷой нахоҳад рафт. Фақат дар ҳуҷра монда, ҳамаи қайдҳояшро бо Аминзода тафтиш хоҳад кард, то ки баъзе рақамҳо, далелҳо, номи одамон ва ғайра, ки ин рӯз бо онҳо сӯҳбат гузарондааст, аз хотир набарояд. Ман чунин хулоса баровардам, ки вай ба ҳамаи гапҳоро навишта гирифтани котиб боварӣ надорад ва мехоҳад, ки дар сари вақт ӯро аз имтиҳон гузаронад.

Ман аз одамони ба Айнӣ наздик шунида будам, ки он кас якравӣ доранд ва агар ба ягон коре азм кунанд, ба он монеъ шудан амри маҳол аст. Бинобар ин гапи устод маро ба ташвиш андохт. Чунки дар бораи вохӯрӣ дар мактаб ба ҳама хабар дода шуда буд. Бо ҳамин сабаб ман дар меҳмонхона саросема шуда мондам ва бо мақсади «вақт нарафта, зудтар равам ва воқеаро ба котиби комитети партиявии шаҳрӣ ва раиси совети иҷроия фаҳмонам», зуд-зуд аз тиреза ба берун нигоҳ мекардам. Ин саросемагии маро Айнӣ дигар хел фаҳмида, аввал ба кӯча, яъне ба он тарафе, ки ман нигоҳ мекардам, кунҷковона назар андохт ва баъд ба ман дӯғ зада гуфт:

- ҳа, чӣ шуд? Магар маҳбубаатро дар кӯча дидӣ? Хайр, рав!

- Не маҳбуба не... - гуфта ҳақиқатро фаҳмонданӣ шудам. Аммо дидам, ки гап фоида надорад, аз меҳмонхона баромада, ба сӯи комитети шаҳрии партия давидам. Дар он ҷо котиби комитети шаҳрӣ ва раиси комитети иҷроия мунтазири ман будаанд. Воқеаро ба онҳо баён кардам. Раиси комитети иҷроия ноумед шуда, афсӯс хӯрд. Аммо котиби комитети шаҳрии партия Карамиян як хандаи сеҳромез карду гуфт:

- Ғам нахӯред! ҳар кас ҳар қадаре, ки сахтгир бошад, ҳамон қадар раҳмдил ҳам мешавад.

Вай аз раиси совети шаҳрӣ илтимос кард, ки ба фойтунаш савор шуда, ба назди мудири мактаб равад. Чор-панҷ нафар бачаҳои зирак ва гапдонро нағз пӯшонда, ба меҳмонхона, ба назди нависанда фиристонад. Худи бачаҳо ӯро барои дар ҷамъомаде, ки ба муносибати расми кушоди бинои нави мактабашон барпо мегардад, даъват кунанд. Ба ман фармуд, ки дар ҳамон вақт ягон корро баҳона карда, ба назди Айнӣ равам ва дар бораи мактаби пешқадамтарини шаҳр будани он маълумот диҳам. ҳамин тавр ҳам кардем. Айнӣ даъвати бачаҳоро дида, ҳеҷ чиз гуфта натавонист ва бо назари савол ба ман нигоҳ кард. Ман фурсатро аз даст надода, он мактабро таърифу тавсиф кардам. Плани Карамиян дуруст баромад.

- Хайр, чӣ ҳам мекардем? Агар бачаҳо намешуданд, рад мекардам, - гуфт Айнӣ. Аммо баъдтар ӯ ин «найранги» моро фаҳмида буд. Вақте ки ман он касро ба Тошканд мегуселондам, дар роҳ бо як оҳанги таънаю шӯхиомез гуфт:

- ҳамаи он шайтониҳои ту будааст. Ман сонитар фаҳмидам. ҳамон рӯз дар меҳмонхона саросема шуда мондани ту бе гап набудааст. Ту рафта ҳамон мактаббачаҳоро овардӣ. Бе ин ҳиллаҳо росташро ба худам мегуфтӣ, намешуд!?

ДАР ЧУСТУҶӮИ ҚАЛЪАИ ТЕМУРМАЛИК

Садриддин Айнӣ дар он вақтҳо одами хеле беқарор буд. Бо вуҷуди он, ки ҳар рӯз чандин корхонаю колхозҳо, мактабу муассисаҳои маданиро медид ва дар ду-се ҷой вохӯрӣ ба вуҷуд меомад, боз шабҳоро то қарибии саҳар ба нақлшунавӣ, сӯҳбати куҳансолону пешқадамони майдони меҳнат мегузаронд. Рӯзи дигар боз аз ман пештар аз хоб хеста, дари хонаи маро мекӯфт ва аз хоби ширини пагоҳӣ бедор карда, аз паи иҷрои нақшаи онрӯза мешуд. Ман ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба Ленинобод омадани Айнӣ фаҳмидам, ки вай дар ҷустуҷӯи кадом як қалъа ва ё ҷои таърихӣ мебошад. Бинобар ҳамин рӯзи дигар мо пас аз мулоқот ва суҳбат бо олимон ва муаллимони Институти мевадори Осиёи Миёна (САПИ), бо хоҳиши ӯ ба тамошои соҳили сои Хоҷа Боқирғон, деҳаҳои Чорсӯ, Ғозиён, кӯҳи Рухак, Дашти Амин ва Қалъача рафтем.

Сои Хоҷа Боқирғон аз кӯҳҳои барфии Испонӣ сар шуда, то ба қишлоқи Такоб (РСС Қирғизистон) меояд ва аз он ҷо ба хоки музофоти Хуҷанди ҳозира дохил мешавад. Дар поёнтар ба ҷӯйҳои Қистакӯзу Селкон об дода, аз саргаҳи деҳаи Овчӣ-Қалъача ба чукурии қариб 20 метр ба қаъри замин даромада меравад ва ин деҳаро ба ду тақсим намуда, боз сӯи шаҳри Ленинобод ҷорӣ мешавад.

Қишлоқи Овчӣ дар соҳили чапи ин дарёча асту Қалъача дар канори рости он. Аҳолии Қалъача тоҷиконанд. Назар ба нақли куҳансолон як вақтҳо ин деҳа макони чорводорони қистакӯзӣ будааст. Онҳо рӯзона чорвояшонро дар даштҳои сералафи он атроф чаронда, шабҳо дар қалъачае, ки барои аз ҳар гуна хатарҳо мудофиа намудани чорво сохта шуда буд, мехобидаанд. Баъдтар аз рӯди Қистакӯз ҷӯй кушода, дар ин ҷо деҳқонӣ ҳам кардаанд ва ба ҳамин тариқ рафта-рафта деҳаи калони Қалъача ба вуҷуд омадааст.

Аҳолии кишлоқи Овчӣ асосан ӯзбекҳо буда, падару бобоёнашон шикорчиҳо будаанд. Як вақтҳо ба ин ҷо се нафар шикорчӣ омада монда будаанд, ки сонитар аз авлоди онҳо аҳолии ин қишлоқ ба вуҷуд омадааст. Дар поёнтари Овчӣ деҳачаи Шайхон ҳам мавҷуд аст, ки дар он асосан шайхҳои мазори Хоҷа Боқирғон зиндагӣ ба сар мебаранд. Ин маҳал ва мазор нисбат ба Овчӣ сонитар ба вуҷуд омадааст. Ин деҳот дар тарафи ҷануб, дар масофаи 17 километр аз шаҳри Ленинобод, дар доманаи сабзу хуррами кӯҳсоре ҷой гирифта, макони лолазор, ниҳоят хушобу ҳаво мебошад.

Дарёчаи Хоҷа Боқирғон аз ҷое, ки дохили қишлоқи Овчӣ-Қалъача мешавад, торафт сарозер рафта, суръаташро ниҳоят тез менамояд ва дар байни тангии харсангҳо боз ҳам бештар печу тоб хӯрда, ғулғула андохта ба атроф воҳима меандозад. Дар назди мазор як ҳавзчаи гирдобӣ мавҷуд аст, ки оби он пас аз чандин бор гирд гаштан, боз ба зери харсангҳо даромада меравад.

Дар атрофи ин ҳавзчаи нисбатан васеъ якчанд харсангҳои бузурге аз синаи замин берун ҷаста, мисли қуллаҳои кӯҳ, аммо рӯ ба поён сар кашидаанд ва дар зери худ ғоре ба вуҷуд овардаанд, ки бинанда ҳатто аз наздик шудан ба он метарсад. Яке аз он харсангҳо, ки ҳамчун поракӯҳе ба назар менамояд, чунон ба поён овезон гаштааст, ки гумон мекунед, ҳамин замон канда хоҳад шуд. Аз байни ин сангҳо якчанд дарахтон рӯидаанд, ки хеле бузурганд ва намедонам, чанд аср умр ба сар бурда бошанд. Аҷибаш ин, ки ин дарахтон қонуни табиатро вайрон карда, монанди растаниҳои дигар сар ба осмон нею шохҳои кӯҳансолу хамидаи худро рӯ ба чуқурӣ, яъне ба сӯи оби дарёча рондаанд. Дар айни нисфи рӯз нури офтоб ба пояи ин дарахтҳо меафтад ва насими хуш аз рӯи об, аз байни баргҳои ларзони он дарахтон вазида, сабзазори атрофро навозиш мекунад ва сайёҳро барои истироҳат даъват менамояд. Санги дигаре, ки дар бузургӣ аз ҳамнишини худ монданӣ надорад, дар сари хамидаи худ як ҷои ҳамвор дорад, ки нимкати аз санги мармар қасдан тарошида шудаеро ба хотир меорад. Ин тахтасанг барои тамошои он манзараҳо нуқтаи баландтарин ва аз ҷиҳати тозагии ҳаво ҷои беҳтарини истироҳат аст.

Айнӣ аз тамошои ин ҷойҳо хеле завқманд шуд ва ба касе чизе нагуфта, рост ба болои он нимкати сангин рафту аз он ҷо ба он ҳама латофату зебоиҳои табиат нигоҳ кард. Дар байни садои баланду ҳаросовари обшор замзамаи булбул ҳам ба гӯш мерасид. Аз амвоҷи кафколуди дарёча ба рӯи сабзаҷоту гулҳои ёбоии соҳил қатраҳои нуқрагин пош хӯрда, ба ҳусни онҳо латофат мебахшиданд. Дар миёнаи ин манзараи пуршукӯҳ нишаста, нависанда сабук-сабук нафас мекашид ва илҳом мегирифт.

Вақте ки аз нуқтаи баландтарини қишлоқи Овчӣ-Қалъача ба сӯи шимол, яъне ба сӯи Ленинободу Хуҷанд нигоҳ мекунед, дар пеши назаратон як манзараи аҷоибе намоён мегардад. Ободиҳои шаҳрро кӯҳи Рухак панаҳ мекунаду ба назар Дашти Амин, Қотма, Тошқӯрғону дашти Сомғор мисли як баҳри хушкшудамондаи заминаш зард намоён мегардад. Кӯҳҳои Қаромазор ва Муғул мисли як пешбанди сангини ин баҳранд. Дарахтзорҳои совхози Овчӣ-Қалъача, қисми кишлоқи Исфисор, Сомғор, Чашмаи Арзанак, ки аз ҳамдигар хеле дуранд, ба назар мисли ҷазирачаҳои хурд-хурди сабз дар байни он баҳри хушк менамуданд.

- Чаро дар канори дарёи пуробу бузург ҳамин қадар даштҳои бегиёҳу васеъ? Чаро дар ин куҳи Рухаки хокаш хуб ягон дона алаф намерӯидааст!

Ба ин саволҳо яке аз шайхҳое, ки дар он ҷо дар назди мо ҳозир буд, ба ин мазмун ҷавоб дод:

- Як замоне ин дашту биёбонҳо хеле сабзазор ва обод будаанд. Пас аз ба замин яксон намудани шаҳри Хайбар ва аз дами теғ гузаронидани барбариҳо ва бастани пеши дарёи Панҷ ҳазрати Алӣ писари Абу Толиб (амакбачаи Муҳаммад пайғамбар) барои истироҳат ба Чашмаи Арзанак омадааст. Вай дар ин сарчашмаи хушманзара ва зебо якчанд вақт зиндагӣ ба сар бурдааст. Дулдули ӯ ҳар рӯз ба соҳили чапи дарё гузашта, дар болои кӯҳи Рухак ва даштҳои атрофи ӯ мечаридааст. Ин ҷойҳо чунон серобу алаф будаанд, ки асп сар аз он намебардоштааст. Агар ба Алӣ аспаш лозим шавад, вай онро бо зурӣ ҳам ҷеғ зада гирифта наметавонистааст. Боре Алӣ дар ғазаб шуда дуои бад кардааст, ки рӯи заминҳои алафзору сабзу хуррами он кӯҳ ва даштҳои атрофи он чаппа гардад ва Дулдул як дона ҳам алаф наёфта, зуд ба манзилгоҳ баргардад. «Муноҷоти ҳазрати Алй ба даргоҳи Қозиюл-ҳоҷот қабул гардид ва дар мудати як чашм пӯшида кушодан рӯи замини он кӯҳ ва даштҳо чаппа шуд!».

- Не, ҳамаи ин сафсатта! Сабаби беалафии ин кӯҳу даштҳо аз беборонӣ ва беобист. Дар шароити ин диёр бе об ҳеҷ чиз намерӯяд, - гуфт раиси колхоз Полвонов.

- Эҳтимол! Аммо бояд иқрор шуд, ки ҳамаи таҷовузкорон харобиовар буданд! -гуфт Аинӣ бо тамасхур. - Нақлҳо дар бораи онҳо низ ҳамон маъниро доранд. Аз рӯи нишондоди таърих Алӣ ҳеҷ гоҳ ба ин диёр наомадааст. Ин нақлро худи халқи пурдони ин ҷо ба муқобили таҷовузкорон бофта баровардааст, аммо бо «каромат»-и хурофотӣ пардапӯш карда мондааст. ҳар як одами каму беш ақлнок мефаҳмад, ки ин афсона чӣ маънӣ дорад!

Вақте ки мо бо шайхҳо хайрухуш карда, аз «Қилкупрӯк»-и назди масҷиди мазор, аз болои сой ба тарафи Қалъача гузаштем, С. Айнӣ аз баландӣ боз якчанд дақиқа ба сӯи қишлоқи Шайхон ва мазори Хоҷа Боқирғон нигоҳ карда истод ва баъд ба мо рӯ оварда гуфт:

- Хоҷа Боқирғонатон ҳам мисли ҳамаи дигар гузаштагони ҳаммаслакаш одами казоӣ набудааст. Ҷои хушманзараи истироҳатгоҳро хуб ҷудо карда метавонистааст. Бинед, чӣ ҷои аҷоибе?

Мо аз он ҷо роҳи тарафи дашти Сомғорро пеш гирифтем ва бо кема ба соҳили рости дарёи Сир гузашта, аз қалъаи нест шуда рафта истодаи Султонобод (ҳоло дар рӯ ба рӯи он стансияи электрикии обии Қайроқкум сохта шудааст) сар карда, нимҷазираи совхози ҳозираи Палос, арали Унҷӣ, арали Оқтеппа, нимҷазираи Сумчак, арали Усто Турсун, арали Раззоқ ва ғайраро як-як дидем.

Айнӣ лаб-лаби дарё гашта, ҷазираи Темур Маликро меҷуст, аммо ҳеҷ кадоме аз он ҷазираю нимҷазираҳо ба ӯ маъқул напгуд. Вай тамоми рӯз кунҷковона ба ман саволҳо медод. Мо ба шаҳр хеле бемаҳал баргаштем.

ҳамон шаб дар меҳмонхона сӯҳбат дар бораи Тути Калон рафт. Ман дар ин хусус чизеро, ки аз куҳансолон шунида будам, ба Айнӣ нақл кардам: як замоне канори дарёи Сир то таги ҳамин тут будаасту аз тарафи саргаҳи дарё мардуми Фарғона бо амад ва қайиқҳо харбуза меовардаанд ва онро дар Хуҷанд, ки шаҳри калон буд, мефурӯхтаанд. Ҷои фаромади онҳо дар наздикии Бозори Гӯсфанд (ҳоло наздики артели қаннодии «Маишат») будааст. Замоне яке аз амадчиён ҳамин Тути Калони ҳозираро барои бастани амад мех карда, ба замини лаби дарё зада будааст. Он мех сабзида, дарахт шудааст, ки то ба ҳол бо номи Тути Калон машҳур аст. Дар ҳакиқат, дар ин музофот аз он кӯҳнатар ва аз он калонтар дарахте нест.

Ин нақл ба нависанда ниҳоят маъқул шуд ва ӯ ба расидани торикии шаб нигоҳ накарда, маро маҷбур кард, ки худи ҳамон замон ба он ҷо равем. Мо пиёда мерафтем. Айнӣ ба торикии шаб, каҷу килебии тангкӯчаҳо эътибор надода, тамоми роҳ қариб, ки медавид. Пас аз ним соат роҳгаштан мо ба маҳалли Тути Калон расидем. Торикӣ кайҳо атрофро фаро гирифта, ҳашамат ва бузургии дарахт дуруст дида намешуд. Бинобар ин аз рафтани мо он қадар фоидае набуд. Аммо дар он ҷо як воқеаи аҷибе ба вуқӯъ омад.

Эҳтимол шаби душанбе ё ҷумъа будааст, ки одамони хурофотпараст ирим карда, дар чанд ҷои атрофи Тути Калон нӯкчаҳо даргиронда монда буданд. Он нӯкчаҳо сӯхта қариб тамом шуда бошанд ҳам, як қисми танаи бадвоҳимаи тут ва қисми аз шохҳои хамидаи он, инчунин суфаи калони тарафи шимолӣ-шарқии онро равшан мекард. Айнӣ ба болои суфа баромаду ба тут наздик рафта, танаи дарахтро бо дастҳояш қапида дид. Ба назар чунин намуд, ки гӯё вай панҷаҳояшро ба он тути боҳашамат молида, онро зиёрат мекунад. Дар ҳамин ҳангом аз куҷо як одами муллобашара давида омада, рӯ ба қибла худро чорзону ба замин партофт ва бо садои қориёна ким-кадом сураи куръонро хондан гирифт.

Айнӣ эҳтимол бо мақсади «халал нарасонам» бошад, худро ба канор гирифт. Вай ҳам ба тут ва ҳам ба ҳаракатҳои он «қорӣ» зуд-зуд нигоҳ мекард. Он шахс пас аз тамом кардани тиловат омин карду ба Айнӣ рӯ оварда, «Илоҳи зиёрататон қабул гардад ва ҳар муроде, ки дар дил доред, ба он расед!» гӯён даст ба рӯ кашид. Маълум гардид, ки кадом як муфтхӯре аз ин дарахти куҳансоли оддӣ барои нафси худ ҳамчун «зиёратгоҳ» истифода мебурдааст ва худро «Шайх» нишон дода, аз одамони бесавод «назру ниёз» мечидааст.

Ман аз шарму хиҷолат ба як ҳолати нобобе афтода будам. Айнӣ дар ғазаб шуда, якчанд калимаҳои обдореро ба унвони он «Шайх» ҳавола кард. Шайх сонитар эзоҳ дод, ки вай аслан худро ба мо нишон доданӣ набудааст. Аммо ба дарахт даст расонидани Айниро дида, ба либосҳои он кас назар андохтаасту ба хуҷандӣ набудани вай боварӣ ҳосил карда, «одами бегонаи зиёратталаб» ақида карда, барои аз даст надодани «сайди муфти саҳроӣ» ба хизмати ӯ давида омадааст.

Мо баргашта ба меҳмонхона омадем. Дар тамоми роҳ Айнӣ димоғсӯхта менамуд. Баъзан ман барои рӯҳияи ӯро тағйир додан аз ҳар ҷо гап мекушодам. Вале вай дар ҷавоб қариб чизе намегуфт. Фақат баъзан: «Аблаҳон», «мардумфиребон», «муфтхӯрони беор» барин калимаҳои пур аз нафрат аз даҳони ӯ шунида мешуд. Маълум буд, ки вай ҳанӯз дар бораи «шайх» фикр мекард. Вақте ки ба меҳмонхона расидем, Айнӣ ба хона даромадан нахост ва аз ман хоҳиш намуд, ки агар хаста нашуда бошам, «барои шамол хӯрда омадан» то ба соҳили Сир равем.

Мо аз кӯчаи ҳасти Буво (ҳазрати Бобо) гузашта, рост ба соҳил баромадем ва аз он ҷо ба тарафи Бутхона рафта, бо кӯчаи назди Урда роҳи майдони Чоршанберо пешгирифтем.

Қалъаи Чоршанбе ё ки ба забони худи ленинободиҳо гӯем, Урдаи шаҳрӣ дар торикии шаб боҳашамат ва бадвоҳима менамуд. Аҷибаш ин, ки худи ман ленинободӣ бошам ҳам, то ба ҳол ба ин «хосияти» Урда аҳамият надода будаам.

Дар роҳ Айнӣ ба ман савол дод, ки аз таърихи ин қалъа чӣ медонам? Ман, ки то он дам ба ин масъала ҳеҷ аҳамияте надода будам, чизе дар бораи таърихи он гуфта натавонистам ва фақат афсонаи халқии «Гови Тилло»-ро ҳикоя кардам. Ба хаёлам Айнӣ ин афсонаро писандид ва хеле бо диққат шунид. Баъдтар, вақте ки дар ҳуҷраи меҳмонхона хӯрок мехӯрдем, вай гуфт:

- Ҷазираи мудофиавии Темур Малик ҳамин ӯрда набошад? Вақте ки соҳил як вақтҳо дар маҳаллаи Тути Калон бошад, дар ҷазира воқеъ шудани ин ӯрда аҷаб не! Ғайр аз ин кӯҳи он сӯи дарёро ҳам кӯҳи Муғул мегӯянд. Муғулҳо аз он ҷо ба шаҳр наздик омада, ҳуҷум кардаанд. Ба ҳар ҳол, фардо он ҷоро дурусттар дидан лозим!

Рӯзи дигар мо ба болои ӯрда баромадем ва пас аз тамошои он ба тарафи Камар Туқай равон шудем.

ТИРОЗИ ҶАҲОН

Кадом рӯз буд, дар хотир надорам, аммо яке аз рӯзҳои пеш аз ба Кони Бодом рафтани Айнӣ буд. Дар вақти хӯроки шом Айнӣ ба ман изҳор кард, ки пагоҳ бояд ҷои Хуҷанди қадим - «Тирози Ҷаҳон»-ро пайдо кунем. Барои сафар ба он тарафи Сир тайёрӣ бинам.

- Шумо оё роҳи он ҷое, ки Фолбинак ном дораду думчаи кӯҳи Муғул тамом мешавад, медонед? Аз он ҷо дашти Дилварзин сар мешуда аст, - пурсид устод.

- ҳа, кӯҳи Фарҳод-дия! - ҷавоб додам ман.

Айнӣ хоҳиш кард, ки пагоҳ бояд ба он ҷо равем ва илова намуд:

- Дар ин сафар Аминзода лозим нест. Вай одами «нимҷон», монед пагоҳ истироҳат кунад! ҳар дуямон меравем. Сафар эҳтимол тӯл кашад. Ба Николай (шофер) гуфта монед, ки ғид-ғид накунад. Ба гумонам роҳ ҳам набояд он қадар хуб бошад. Агар аз резинҳо эҳтиётан якчанд дона гирад, бад намешавад!

Мо бо шофёр маслиҳат карда, асбоби роҳро омода кардем. Ман медонистам, ки «роҳ» дар ҳақиқат роҳ набуд. Аммо ба Айнӣ гуфтанро раво надонистам. Эҳтимол гумон кунад, ки «Ин худаш рафтанро намехоҳад». Мо пагоҳӣ барвақт аз кемаи қишлоқи Ёва ба Сартуқай гузаштем ва аз он ҷо ба тарафи Камартӯқай равон шудем. Дар сари роҳ раиси колхози «Политотдел», мӯйсафеди ҳафтодсола Аҳмад Бобокалонов ба мо вохӯрд. Азбаски вай маро аз рӯзҳои аввали кор дар Шӯъбаи сиёсии МТС мешинохт ва меҳмон, яъне ҳамроҳи ман нависанда Айнӣ буданашро фаҳмид, мисли ширеш ба мо сахт часпид ва ба таври қатьӣ «Як пиёла чой нанӯшида, аз ин ҷо намераветон!» гуфт.

- Аз ин роҳ то ба сари ҷӯи Дилварзин машина рафта наметавонад ва агар хоҳед ман ду асп медиҳам,-ҳатто худам метавонам бо шумоён ҳамроҳӣ кунам ва агар розӣ шавед, шуморо то ба кӯҳи Фарҳод бурда ҳам мемонам. Чунки домани заминҳои колхози мо қариб то ба он ҷо мерасад, - гуфта илова кард Аҳмад Саркор.

Ман дар ин ду-се рӯз одати Айниро омӯхта будам. Вай дар ҳар ҷой бисёр меҳмон шуда, бекор вақт гузарониданро дӯст намедошт. Бинобар ин бо назари савол ба ӯ нигоҳ кардам. Айнӣ як табассуми кушоде кард. Дар чашмҳои ӯ як шодмоние ҳис кардам.

Як рӯз пеш мо дар Институти мевадории Осиёи Миёна будем. Нависанда бо олимон, профессорон ва муаллимон дар бораи навъҳои меваҳои Осиёи Миёна ва аз он ҷумла меваҳои Ленинобод сӯҳбат гузаронд. Бо вуҷуди он, ки забони русиро дуруст намедонистам, дар ин гуна сӯҳбатҳо вазифаи тарҷимониро низ иҷро мекардам. Гап дар бораи ангури Маска ва Биҳиштии Бухоро, ангури Сафеду Тагобии Ленинобод фарқи шиннии Пермаси Бухоро ва шиннии курутаки Қистакӯз мерафт. Ман то он вақт ба забони русӣ «бекмес» будани шинниро намедонистам. Чй тавре ки чандин бор шунида будам, «виноградная мёд» тарҷима кардам. Айнӣ бо шиддат гапи маро бурида: «Бегмес, Бегмес!» гуфт. Ба забони тоҷикӣ, бо як дӯғи дабдабанок маро коҳиш карда:

- Дорулфунун тамом кардаеду истилоҳи оддии русиро намедонед! - гуфт.

Аз ҳамон муддат то чанде қавоқи Айниро овезон медидам. Шодмонии ҳозираи ӯ маро ниҳоят хурсанд кард. Мо ба шипанги колхози «Политотдел» барои дамгирӣ фаромадем. Аҳмад Саркор обу дастурхон карда, аз хонааш ба назди мо меваҳои зиёде баровард. Дар байни онҳо писта, бодом, ангуру анор ва ғайра буд. Дар охир вай як тарбузи сафеду дарозеро овард, ки дар ҳақиқат дарозиаш қариб ба қади ман баробар буд. Вазнашро мо дуним пуд тахмин кардем. Аз калонӣ. ширинӣ ва сохти ин тарбуз завқи Айнӣ омад. Вай аз тарбуз сар карда, дар ҳаққи чандин меваҳо якчанд чистонҳо гуфт:

Кадом он гунбаде, ки дар надорад?

Калиди оҳанин қуфлаш кушояд.

ҳазорон бача ҷо дар ишками он,

Зи ҳар бача дусад модар бизояд!

(Тарбуз)

Аҷоиб санъати нодида дидам,

Парирӯён ба бӯстон тоза дидам.

Чу даст кардам, гул аз боғаш бичинам,

Ба як махмал дусад дурдона дидам.

(Анор)

Он чист, ки пову сар надорад,

Гирд асту дарозу дар надорад?

Андар шикамаш ситорагонанд,

Чуз исми ду ҷонвар надорад?

(Харбуза)

Чист он лӯъбати писандида,

Ҷомаи сабзу сурх пӯшида,

Дар миёни ду ҳуққаи чӯбӣ,

Бо дусад иззу ноз хобида?

(Писта)

Устод дар он ҷо боз хеле чистонҳо гуфта буд. Аммо муаллифи ин сатрҳо онҳоро ба дафтари хотира қайд накарда будааст.

Сӯҳбати Айнӣ бо Аҳмад Саркор хеле пухт. Раис дар бораи номҳои атроф, қуллаҳои гуногуни кӯҳи Муғул, сию ду дара доштани он, номи онҳо нақл кард. Айнӣ дар бораи «чаро Камартӯқай» гуфта шудани ҷои колхоз, чанд гектар пахтазор доштани он ба Аҳмад Саркор саволҳо медод ва ба онҳо ҷавобҳои муфассал мегирифт.

Дар он рӯзе, ки мо омада будем, пахтакорони ин колхоз аз ҳар гектар 23 сентнерӣ ҳосил ғундошта, плани давлатиро барзиёд иҷро карда буданд. Аз номи колхозчиён Аҳмад Саркор ба нависанда, ба меҳмони азиз ваъда дод, ки пахтаро то ғози охиринаш чида, аз ҳар гектар 30 сентнерӣ ҳосил хоҳанд гирифт. Айнӣ ин гуфтаҳои раисро ба дафтари хотираи худ навишта гирифт. Баъдҳо, боре (тахминан дар аввалҳои моҳи январи соли 1937) Айнӣ дар яке аз мактубҳояш иҷрои ваъдаи колхозчиёни колхози «Политотдел»-ро аз ман пурсида буд.

Азоби роҳ баъд аз Қамартӯқай сар шуд. Мо се нафар аспакӣ лаб-лаби дарё мерафтем. Назар ба нақли Айнӣ, ҳафтод ҳазор муғулҳо барои ба шаҳри Хуҷанд гузаштан, дар кадом як нуқтаи ин ҷо муддати се моҳ аз кӯҳ санг кашонда, ба дарё партофтаанд. Эҳтимол он ҷое, ки Фарҳод меноманд ва дарё пур аз санг аст, ҳамон ҷои бастанӣ шудаи муғулҳо бошад ва баъдтар одамон ин ҷоро барои об баровардан ба сари ҷӯи Дилварзину Мирзочӯл истифода бурданӣ шудаанд.

Шаҳри Хуҷанди қадим - Тирози Ҷаҳон низ дар ин наздикиҳо будааст. Айнӣ дар он вақт ҷои Хуҷанди қадимро дар ҷои касалхонаи коргарии шаҳрчаи Бегобод тахмин карда буд.

Баъд аз дидани кӯҳи Фарҳод аз он ҷое, ки ҳоло барои заводи сементи ба номи Хилков (шаҳри Бегобод) санг мегиранд, мо бо иҷозати яке аз мӯҳандисони кӯҳкафони заводи номбаршуда ба вагонетка савор шуда, ба тарафи соҳили чапи дарёи Сир гузаштем. Айнӣ пас аз тамошои сари ҷӯи Мирзочӯл ба сари ҷӯи Ойим Ариқи гӯршуда рафт. Хулоса, боз чандин маҳалҳои он атрофро аз назари тадқиқ гузаронида, ба назди машинаи худ омадем ва бо Аҳмад Саркор хайру хуш карда, аз роҳи райони Нов ба Ленинобод баргаштем.

ВОХӮРӢ ДАР КОЛХОЗИ БА НОМИ АЙНӢ

Дар шабнишинии рӯзи аввали ба Ленинобод омадани Айнӣ коргарони қариб ҳамаи корхонаҳои шаҳр, хонандагони мактабҳо ва колхозчиёни ҳамаи колхозҳо нависандаро ба меҳмонӣ даъват карда буданд. Дар он вақтҳо дар Ленинобод 42 артели хоҷагии қишлоқ (36 пахтакорию боғдорӣ, ҳашт ғаллакорию чорводорӣ) мавҷуд буд. Агар корхона ва конҳо, мактабу муассисаҳои маданиро ба ҳисоб гирем, ин шумора қариб ба сад мерасид. Аз ҳамаи инҳо ба унвони комитети шаҳрии партия ва комитети иҷроия ба таври расмӣ даъватномаҳо омада буданд. Худ аз худ

маълум. ки ба ҳамаи онҳо рафтан ва сӯҳбатҳо гузаронидан мумкин набуд. ҳатто барои вохӯрӣ бо колхозчиёни колхози ба номи худи нависанда фақат баъд аз чор рӯз вақт муҳайё гардид.

24 сентябр (1936) мо ба колхози ба номи Айнӣ рафтем. Дар он рӯз ин колхоз нисфи плани пахтасупориашро иҷро карда буд. Дар ин бора раиси колхоз Зокиров ба Айнӣ рапорт дод.

Фаъолони колхоз меҳмонро ба сари дастархон даъват карданд. Аммо Айнӣ аввал ба саҳро рафтан, хоҷагии колхозро дидан хост. Нависанда азбаски корҳои деҳқониро хуб медонист, сӯҳбати вай бо деҳқонон хеле гарму ҷӯшон буд. Айнӣ дар вақти аз назаргузаронии хоҷагии колхоз ва дар натиҷаи сӯҳбат бо колхозчиён дар кори тақсими рӯзи меҳнат, муайян кардани нормаи кор як қатор камбудиҳо ёфт ва ба правления маслиҳат дод, ки онҳоро ҳарчи зудтар бартараф кунад.

Айнӣ, дар ҳақиқат, одами хеле кунҷков буд. Вай ҳамеша дар чустуҷӯи чизи нав мегашт. Он рӯз ҳам вай баъд аз он қадар сайри саҳро боз хост, ки ҳавлии якчанд колхозчиёнро бинад ва бо ҳаёти онҳо аз наздик ошно шавад. Мо ба хонаҳои чанд нафар колхозчиён меҳмон шудем. Дар яке аз ин гуна меҳмонӣ як воқеаи аҷиберо шунидем.

Дар як ҳавлӣ, дар пеши даричаи хона марди миёнсолу зани қарси сафедбаста духтари тахминан 17-18 солаи хушқаду қоматро миёнагир карда, танбеҳ медоданд. Аммо духтар якравӣ мекард ва ба саволҳои падараш ҷавобҳои густохона медод. Зан ҳам аз мӯи духтар кашида:

- ҳой, Шамсияҷон, гапи дадотро нагардон! Медонӣ, ки мо бадии туро намехоҳем, бачаҳояш ҳам фарзандони худамон, - мегуфт.

- Не, ман ба вай намерасам! - мегуфт духтарак ба таври қатъӣ. - Агар ба бачаҳои вай раҳматон омада бошад, гирифта тарбия кунед.

Падари духтар, ки либосҳои оддии деҳқонӣ пӯшида буд, калтак дар даст ҳар замон ӯро заданӣ мешуд, вале модар монеъ мешуд.

- Хоҳӣ-нахоҳӣ гап ҳамин. Туро ба ҳамон ҳасан медиҳаму халос. Агар аз раъйи ман бароӣ, саратро аз тан ҷудо мекунам! - мегуфт мард. Баногоҳ аз омада мондани мо бохабар шуда, падари духтар калтакро ба замин партофт ва ба зану духтараш «Раветон, ба хона дароетон!» гӯён худаш ба сӯи мо давид, ба Айнӣ ва раис вохӯрӣ карда:

- Канӣ, бетон, марҳамат, нури дидаю тоҷи сар! - гуфта ба сари суфа барои нишастан таклиф кард.

Дар вақти пурсуҷӯй маълум шуд, ки Шамсинисо Абдунабй ном ҷавонеро дӯст медоштааст. Абдунабӣ падару модар надошта, баъд аз хизмати ҳарбӣ дар колхози ҳамсоя ронавдаи машина шуда кор мекардааст. Чанд ҳафта пеш бо розигии худи Шамсия вай ба ҳавлии духтар хостгор фиристодааст. Аммо падари Шамсия бо баҳонаи «сари духтарамон ба дигар ҷой банд» хоҳиши Абдунабиро рад кардааст. Вай Шамсинисоро ба писари занмурдаи бародараш, ки бо се фарзанд бе сару сомон монда буд, доданӣ будааст. Шамсинисо ба ин зид баромадааст ва ба мурдан розию ба амакбачааш расидан розӣ нашудааст.

Падару модар акнун ӯро танбеҳ медодаанд, ки вай бояд аз баҳри «хаёли хом» гузар кунад ва ба гуфти онҳо розӣ шавад. Вале ҳамаи кӯшишҳои онҳо бе натиҷа баромадааст.

Раиси колхоз Зокиров ба падари духтар дӯғ зад:

- Агар духтаратро ба дилхоҳи худаш надиҳӣ, туро ба суд дода ҳабс мекунонам! -гуфт вай.

Аммо Айнӣ ба ин сахтгирии раис зид баромад ва бо падари духтар суҳбати дӯстона гузаронд, якчанд мисолҳои фоҷиавии дар натиҷаи бо зӯрӣ ба шавҳар додани духтарон ба вукӯъ пайвастаро нақл кард. Дар охир ҳамчун бародар аз падари духтар хоҳиш намуд, ки вай аз феълаш баргардад. Эҳтимол таъсири каломи нависанда бошад, падару модари Шамсия духтарашонро ба дилхоҳаш дода, Абдунабии шофёрро хонадомод карданӣ шуданд. Пас аз чанд моҳ ман шунидам, ки ҳамин тавр ҳам кардаанд.

Рӯзе, ки мо дар колхози ба номи Айнӣ будем, он рӯз барои колхозчиён чун ид буд. Мактаббачаҳо ҳама либосҳои нав пӯшида, бо гулдастаҳо ба пешвози нависанда ба маркази қишлоқи колхозӣ омаданд ва барои хуб хондан ба Айнӣ ваъдаҳо доданд. Колхозчиён дар ҷамъомади худ қавл доданд, ки то рӯзҳои охири сафари нависанда плани пахтасупориро барзиёд иҷро мекунанд. Дар ҳақиқат, 12 октябр дар район аз ҳама пеш планашонро иҷро карда, ҳам ба давлат ва ҳам ба нависанда рапорт доданд.

Худи ҳамон шаб бо колхозчиёни колхози ҳамсоя (колхози «Москва»-и ҳозира) низ мулоқоти гарму ҷӯшон барпо гардид.

Ман ҷавону айни авҷи кувваю матонатам буд. Вале дар он рӯз бо ин нависандаи серғайрату пурҳарорат саҳро ба саҳро гашта, хеле хаста шудам. Аммо Айнӣ ҳеҷ гоҳ «монда шудам» намегуфт.

ҶАНГИ ХУҶАНДИЁН БО МУҒУЛҲО

Шӯҳрати колхози «Коминтерн» дар тамоми мамлакат паҳн шуда буд. Онро на факат дар Ленинобод, балки дар республика ва ҳатто дар Осиёи Миёна низ медонистанд. Ин колхоз дар чорводорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва бинокорӣ низ дар сафи пеш буда, ҳатто дар ҳамон солҳо газетаи чопии бисёртираш дошт, ки ҳар ҳафта як маротиба мебаромад. Барои тамошои хоҷагии намунавии ин колхоз, махсусан барои дидани гармхонаи сабзавоткорию кӯчатҳо, клуб-чойхонаи нақшини дуошёнаи босафои он ҳамеша аз дигар республикаҳои бародарӣ меҳмонҳо меомаданд.

Раиси колхоз Ҷӯра Бобокалонов ва якчанд фаъолон омада, устодро ба колхози худ даъват карданд. Дар яке аз рӯзҳо мо бо Айнӣ ба ин артели хоҷагии қишлоқ рафтем. Баъди маҷлиси вохӯрӣ бо колхозчиён правления зиёфате орост, ки дар он устодони киштзорҳои колхозӣ, деҳқонони куҳансол иштирок доштанд. Дар сӯҳбат гап аз қаҳрамонӣ кушода шуд. Айнӣ дар бораи қаҳрамониҳои Аҳмад Паҳлавони хуҷандӣ, ки сарлашкари Абумуслим буд, зиддиятҳои хуҷандиён бар муқобили Ис-кандари Македонӣ, арабҳо ва ғайра, ки дар китобҳои таърихии қадима дарҷ ёфтаанд, нақлҳо мекард. Махсусан нақли устод дар бораи ҷанш хуҷандиён бар муқобили қӯшуни 70-ҳазораи муғулҳо, ки ба он фарзанди вафодори халқи тоҷик Темурмалик сардорӣ мекард, хеле таъсирнок буд.

...Соли 616 ҳиҷрӣ (1220 милодӣ). Хабарҳои воҳиманок пахш мешаванд: Чингизхон ном подшоҳи хунхор бо лашкари бешумори худ аз Шимол ба тарафи Мовароуннаҳр ҳуҷум карда меомадааст. Ин подшоҳи золим дар сари роҳи худ ҳар чизе, ки пеш ояд, несту нобуд карда, шаҳрҳоро вайрон, биноҳои таърихиро ба замин яксон мекардааст. Киштзорҳоро сӯзонда, чорворо сар набурида мехӯрдааст. Дар шаҳрҳои тасхир кардааш аз каллаи мардуми он ҷо манораҳо месохтааст. Ин воҳимаҳо қаҳрамони халқи тоҷик, ҳокими шаҳри Хуҷанд Темурмаликро натарсониданд. Вай монанди дигар хонҳою ҳокимоне, ки халқи худашонро партофта гурехтаанд, гурехта, ҷон ба саломат бурданро ба худ ор медонад. Темурмалик қарор медиҳад, ки то дами охир дар майдони ҷанг мубориза бурда, баробари халқ барои Ватан ҳалок шавад. Бо ҳамин мақсад ба ҷанги нобаробар омода мешавад.

Хуҷандиён дар ҷазирае қальаи мудофиавӣ месозанд, тиру туфанг, камону сипар, киштиҳои ҳуҷумовари намадпӯш, озуқаворӣ ва дигар масолеҳро тайёр мекунанд. Сарлашкари кордон Темурмалик аз байни ҷавонони хуҷандӣ ҳазор нафар йигитҳои барбасту солим ва ҷасуру ватанпарварро ҷудо карда, ба онҳо пешакӣ илми ҷанг меомӯзонад.

Чингизиён баъд аз ба даст даровардани шаҳри Бинокат ба тарафи Хуҷанд раҳсипор мешаванд. Бист ҳазор аскари савории муғул, 50 ҳазор асирон, ки аз ҷумлаи ҷавонони ҳунарманд буданд, бо сардории лашкаркаши муғул Улоқнуён аз тарафи Паскент ба кӯҳи Чоруғдаррон мерасанду аз он ҷо ба шаҳри Хуҷанд ҳамла меоранд.

Ҷанг сар мешавад. Ҷавонони Темурмалик дар илми ҳарб то ба дараҷае маҳорат пайдо карда буданд, ки ягонта ҳам тирашон хато намехӯрад. Муғулҳо ҳар гоҳ, ки ҳуҷум карда, ба канори дарё меоянд, ҳазор-ду ҳазор аскарони худро талаф дода, ба ақибнишинӣ маҷбур мешаванд. Киштиҳои намадпӯши хуҷандиён низ душманро ба танг меоварданд. Илова бар ин йигитҳои Темурмалик муғулҳоро дар урдугоҳашон низ осуда намегузоштанд ва ҳар шаб ба бошишгоҳи онҳо шабехун зада, садҳо аскарони душманро мекуштанд. Чархҳои нафтандоз, манҷаниқҳои сангандозаки муғулҳо, ки дар он вақтҳо аз беҳтарин аслиҳаҳои ҷангии замон буданд, дар соҳили Сир бечора монданд. Бо вуҷуди он, ки ба ёрии муғулҳо пай дар пай қушӯнҳои нав ба нав меомаданд, ҳеҷ илоҷи ишғол кардани ин шаҳри қаҳрамононро намеёфтанд. Дар охир муғулҳо хостанд, ки дарёро баста, шаҳру қалъаи Темурмаликро ишғол кунанд. Бо ин мақсад қариб 45 ҳазор асирони аз дигар ҷойҳо овардашуда муддати қариб ду моҳ аз кӯҳ санг кашонда, ба дарё мепартофтанд. Аммо киштиҳои Темурмалик ба давом додани кор ба онҳо имкон намедоданд. Ба ҳамин тариқ, ҷанг қариб се моҳ давом кард.

Муғулҳо диданд, ки бо зӯрӣ хуҷандиёнро мағлуб карда наметавонанд, роҳи маккориро пеш гирифтанд. Бо Аҳмад ном савдогари хуҷандӣ, ки ба шаҳрҳои дар тасарруфи муғулҳо буда рафтуомад дошт, ба воситаи ҷосусҳо алоқа бастанду ба вай вазифаи ҳокими музофоти Хуҷандро ваъда доданд. Аҳмад-савдогар ба халқи худ хиёнат карда, роҳи ишғоли шаҳрро ба душман нишон дод.

Чингизиён дар ҷои аз майдони ҷанг дурдаст, дар ҷангалзори соҳили рости дарёи Сир губсар ва салҳои бисёре созонда, як қисми қӯшуни худро аз тангии Маҳрам, аз ҷое, ки киштиҳои ҷангии Темурмалик ба он ҷо намерафт, ба соҳили чап гузаронда, махфиёна то ба дашти Занбарӣ расиданд.

Савдогарон, рӯҳониён ва дигар сустиродагони хоин, ки бо ташвиқи Аҳмад-савдогар ба муғулҳо фурӯхта шуда буданд, шабона дарвозаҳоро бо дасти худ ба рӯи душман кушоданд.

Хуҷанд дар он вақт шаҳри хеле бузурге буд. Қасру кушкҳои босафо, корвонсаройҳои пуродам, масҷиду мадрасаҳо, манораю гунбазҳо, ҳаммому ороишгоҳҳо, боғу растаҳои бисёре дошт. Халқаш серҳунар, заминаш пур аз боигарӣ буд.

Муғулҳо шаҳри аз қалъаи мудофиавӣ ҷудо бударо бе ҷанг ишғол карда, молу амволи халқро талаю тороҷ намуданд. Ҷавонон ва ҳунармандонро аз байни мардум ҷудо карда гирифта, боқимондаи халқро аз кӯдаки ширхор то пирони нотавон, - хоҳ марду хоҳ зан - ҳамаро аз дами теғ гузаронданд. Биноҳои шаҳрро сӯзонда, яксон ба замин карданду барои он, ки дигар аз зери хок сар набардорад, ба шаҳр об сар доданд. Аз ҳама фоҷианокаш ҳамин буд, ки агар кӯдакҳои ба шуду солим ба назарашон намуда монад, зуд талош карда, аз дасти модарашон кашида мегирифтанду дар пеши назари ҳама сандуқи дилашро чок карда, қалбашро канда мегирифтанд ва хому хунолуд фурӯ медоданд. Аз аҳли ин шаҳр фақат Аҳмад-савдогари хоин, шайху муллоёни ватанфурӯш дар болои хокистари шаҳр ва ҷасадҳои пора карда шудаи ҳамшаҳриёнашон зинда монданд. Қалъаи дар ҷазира будаи Темурмалик ҳамчун қалъаи пӯлодин ҳанӯз дар ҷои худ барқарор буд. Темурмалик ва йигитҳои ӯ душманро дар ҳеҷ ҷо осуда намегузоштанд. Аммо фоҷиаи ишғоли шаҳр ва қатли оми мардум ба Темурмалик зарбаи сахти рӯҳӣ расонд. Вале ӯ фикри таслим шуданро надошт ва рӯҳафтода ҳам набуд. Фақат ғазаби ӯ нисбат ба душману хоинон афзуд. Акнун вай ба фикри интиқом афтода буд. Темурмалик бо мақсади ба хоинон ҷазои сазовор додан, бо баҳонаи таслимшавӣ сардори хоинон Аҳмад-савдогарро бо чанд нафари дигар шайху муллоён ба қалъаи худ - ҷазираи байнидарёи даъват кард. Баробари дохили ҷазира шудани онҳо Темурмалик сари Аҳмад савдогарро худаш бо зинтабар ду палах кард ва ба йигитҳояш фармуд, ки ҷасади ӯро ба даште, ки макони шағолҳост, бурда партоянд...

Нақли устод Айнӣ ба колхозчиён чунон таъсир бахшид, ки суханони ӯро дам назада мешуниданд. Баъзеҳо сӯзиши дили худро пинҳон дошта натавониста, филиқ-филиқ гиря мекарданд, ба тухмашон лаънатҳо мефиристоданд. ҳикояти Айнӣ махсусан дар бораи сӯҳбати охирини Темурмалик бо йигитҳои бокимондааш, пеш аз қалъаи байниобиро партофта рафтан шабона ба шаҳр рафта, як каф аз хоки хокистаролуди он гирифта омаданаш ва он хокро ба миён баста рафтанаш, тасвири видоъ бо Ватани азизаш ҳамаи шунавандагонро ба ҳаяҷон овард.

Ашк дар чашмони худи Айнӣ ҳам пайдо шуд магар, ки вай даст ба киса андохта, дар ҷустуҷӯи рӯйолча шуд, аммо онро наёфт. Дастрӯймол, аз афташ, дар кисаи камзӯл, дар меҳмонхонаи болои боми сарои колхоз монда буд. Вале ҳеҷ кас онро оварданӣ шуда аз ҷой нахест. Чунки давоми ҳикояро ношунида берун рафтан намехост. Аз ҷумла худи ман ҳам, ҳатто ҳурмати устодро «фаромӯш» карда, намехостам, ки аз шунидани охири нақл маҳрум шавам. Хуб ба хотир дорам, ки ин хизматро ман ба нависанда ҳоҷӣ Содиқ, ки дар он вақтҳо мухбири фаъоли газетаи мо ва котиби колхози «Коминтерн» буд, фармудам. Вай кисакобиро раво надида, давида ба хонаи худ рафтааст ва аз он ҷо рӯймолчаи гулдори наверо гирифта омадааст.

- Ин чӣ, магар барои нақли маро шунидан пора овардӣ? - гуфт Айнӣ бо як оҳанги шӯхиомезона. Ин шӯхӣ каме бошад ҳам, диққати одамони ба зери бори ғами Темурмалик афтодаро ба сӯи худ кашид ва дар баъзе лабон осоре аз табассум пайдо шуд. Аммо ҳоҷӣ Содиқ мисли лола сурх шуд. Шарми духтаронаи ӯро мушоҳида карда, мо якчанд рафиқон хандидем.

Айнӣ дид, ки бо ин ҳазл бори андӯҳи ҳамсӯҳбатонашро тавонист як дараҷа кам кунад, фурсатро аз даст надода, сари суханро ба дигар кӯча тофт:

- Он замонҳо бебозгашт гузашта рафтанд. Халқи қаҳрамони Хуҷанд на фақат шаҳрашро аз нав бунёд кард, шӯҳраташро барқарор намуд, инчунин вай соҳиби зиндагонии озодона шуд ва ҳоло бо қадамҳои калон ба сӯи коммунизм пеш меравад. Мо дар замони советӣ зиндагӣ мекунем, ба ҳаёти мо ҳеҷ кас таҳдид карда наметавонад. ҳар кореро, ки хоҳем, онро карда метавонем ва барои равнақи ҳунарамон ҳамаи шароитҳо муҳайёанд. Ман мебинам, .ки хуҷандиён мисли аҷдодонашон ҳоло ҳам қаҳрамониҳои беназир нишон медиҳанд. Масалан, дур нарафта, колхози шуморо мисол гирем. Шумо дар натиҷаи меҳнати садоқатмандонаи худ чунон машҳур шудаед, ки ҳар кас ҳавас мекунад, мисли шумоён бошад. Чунин ҳосили фаровони пахтаро, ки шумо аз ҳар гектар ба даст овардаед, алҳол ҳеҷ кас ва дар ҳеҷ ҷой ба даст наовардааст. Ман боварӣ дорам, ки фарзандони шумо аз шумоён ҳам беҳтар кор хоҳанд кард.

Сӯҳбат хеле бо мароқ гузашт. Мо бо колхозчиён хайру хуш карда, бо хурсандӣ ба шаҳр баргаштем.

ДАР ҶУСТУҶӮИ МЕҲРБОДОМ

Намедонам, кадом рӯз буд, мо аз қишлоқи Қистакӯз гузашта ба сӯи Кони Бодом мерафтем. Айнӣ дар тамоми роҳ саволҳои бисёри кунҷковона медод. ҳар як кӯҳ, ҳар як дара, ё теппа, деҳа ва ҳатто номи ҷӯйҳоро мепурсид. Агар ба саволаш ҷавоби қаноатбахш нагирад, машинаро медоронд ва аз он атроф ягон касеро ҷеғ зада, ҷавоби саволашро аниқ мекард. Ман акнун дар ин чанд рӯз ба ин одати Айнӣ омӯхта шуда будам.

Аз байни дашти санглох гузашта, сар-сари соҳили чапи дарёи Сир ба тарафи Шарқ мерафтем. Дар он ҷое, ки ҳоло стансияи насосии Хоҷабоқирғон сохта шудааст, як пасхамии бисёр аҷибе воқеъ гардида буд, ки ин ҷарӣ диққати Айниро ба худ ҷалб кард. Вай он манзараро тамошокунон аз ман номи он маҳалро пурсид.

- Ин ҷоро Обхӯра мегӯянд. Чӯпонҳо чорвоёнашонро оварда, дар ин ҷо аз дарё об медиҳанд, - ҷавоб додам ман.

- А? Обхӯра? Чӣ номи аҷибе! Машинаро доред! - гуфт Айнӣ ба шофёр хитоб карда ва аз машина фаромада, рӯ ба соҳил рафт. Ман ҳам фаромадам. Мо то соҳили Сир рафтем. Айнӣ бо диққат ба чаҳор тараф назар андохта, боз пурсид:

- Дар ин наздикиҳо бояд посбонхонае бошад. Он дар куҷост?

- Посбонхонаро намедонам. Аммо дар тарафи чап, дар чор-панҷ километр дуртар аз ин ҷо қишлоқи Чигдалик мавҷуд аст, - гуфтам ман.

Он деҳа аз сари роҳ дур бошад ҳам, мувофиқи хоҳиши нависанда ба машина савор шуда, ба он ҷо рафтем. Аммо он деҳа ҳеҷ як аломати таърихӣ надошт. Мардумаш ҳам қиргизҳои аз куҷои дигар ба ин ҷо кӯчида омада буданд ва дар бораи гузаштаи он диёр чизе намедонистанд. Айнӣ якбора худ ба худ:

- Савор шаветон! Ин ҷо не. Дар он ҷо бояд гунбаз бошад. Бо мурури замон вайрон шуда рафта бошад ҳам, нишонаҳояш боқӣ мондагист, - гуфт.

- Гунбаз? - пурсидам ман ва зуд ба хотирам омад, ки дар қарибии қалъаи Маҳрам, дар як дашти секунҷаи канори дарё дар ҳақиқат як гунбази қаровулхонае мавҷуд аст. Худаш ҳам бо номи «қаровулхона» машҳур аст. Онро ман ба нависанда нақл кардам. Айнӣ ҷаста аз ҷои худ хест, дасти росташро шоф карда гуфт:

- Эй, йигит-е! Охир аз аввал ҳаминро намегӯед? Ана, ҳамон қаровулхона даркордия!

Мо ба он сӯ равон шудем.

- Дар ин наздикиҳо, намедонам дар куҷое шаҳри Меҳрбодом ҳам бояд бошад. Ё ки ҳамин Маҳрам дар як замонҳо номи Меҳрбодомро доштааст. Ман инро дар як ҳуҷҷати қадима хондаам, - гуфт Айнӣ ва ба нақли он сар кард:

...Пас аз марги вазири оқилу дурандеши ҳусейн Бойқаро - Алишер Навоӣ, салтанати Гургонӣ рӯ ба таназзул ниҳод. Дар натиҷаи шӯришҳои бисёр ин давлат торафт камқувват мегардид. Дар ҳамон вақт ду салтанати боқудрат: яке дар Мовароуннаҳр ба номи Шоҳибекхон, ё Муҳаммадхон Шоҳибонӣ, дигаре дар Шимоли Ғарбии ин салтанат, яъне дар Озарбойҷон ба номи Шоисмоили Сафавӣ зоҳир шуда ва аз ду тараф боқимондаи давлати Темуриёнро дар миён гирифтанд.

Маълум, ки Шоҳибонихон аз авлоди Чингизхон буд. Вай дар соли 906 ҳиҷрӣ дар Мовароуннаҳр давлати амирони ӯзбек ё шоҳибониро ташкил кард. Дар солҳои 911-912 ҳиҷрӣ бо хунрезиҳои зиёде ҳамаи мулки Хуросонро ба даст даровард.

Шоисмоил - писари Султонҳайдари Сафавӣ низ дар худи ҳамон соли 906 ҳиҷрӣ, дар синни 14-солагӣ дар шаҳри Табрез (Озарбойҷони Эрон) ба тахти салтанат нишаст. Феодалҳои онвақта ин ҷавони ҳанӯз ба балоғат нарасидаро «сардор» карда, ба ҳар мамлакат тохтутоз мекарданд, Ироқ Эрон ва ғайра кишварҳоро ба тасарруфи худ медароварданд.

Шоҳибонӣ медид, ки ба муқобили вай як давлати зӯре бархостааст. Дар соли 911 ҳиҷрӣ вай омодаи ҳамла ба Хуросон шуд. Дар он вақт ҳусейн Бойқаро ҳанӯз зинда буд ва дар Хуросон салтанат дошт. Аммо ин салтанате буд, ки рӯз то рӯз бештар аз байн мерафт. ҳусейн Бойқаро пиру афсурда шуда, ба касалии фалаҷ гирифтор буд. Вай ба ин беқудратии худ нигоҳ накарда, ба ҷанги муқобили Шоҳибонӣ лашкар кашид. Вале ҳанӯз ба наздики қӯшуни душман нарасида, дар Алангбобо вафот кард. Одамони вай бар муқобили Шоҳибониҳо истодагӣ карда натавонистанд ва гурехта дар хоки Шоисмоил паноҳ ёфтанд. Шоҳибекхон аз ин ғалабаи худ мағрур шуда, ба чаҳор тараф номаҳо фиристод ва ҳамаи шоҳону хонҳоро барои бегуфтугӯ ба вай итоат кардан маҷбур сохт. Аз он ҷумла ба Шоисмоил ҳам ултиматум фири-стода буд, ки дар он чунин гуфта мешуд:

«Давлати Шоҳибонӣ мағлубнашавандааст. Бо хубӣ ва бо ихтиёри худ ба ин давлат итоат кунед, хутбаро ба номи ман хононед, сиккаро бо расми ман бароред, боҷро ба ман фиристонед, вагарна сарлашкарони номдори худро бо кӯшӯнҳояшон ба муқобилатон мефиристонам, ки хоки музофотатонро ба саратон тӯфон мегардонанд!..»

Соҳиби ултиматум исми сарлашкарон, амирон ва музофотҳоеро, ки тобеи он аст, нишон дода, дар ҷое мегӯяд: «Маҳди Баҳодурхонро бо иҷтимои умарою диловарон ва асокири диндор, ки аз Андиҷон, Меҳрбодом, Кандбодом, Сархона, Тошканд ҷамъ оварда шудаанд, хоҳам фиристод...»

- Маълум, ки Кандбодом ҳамин Кони Бодом аст Аммо Меҳрбодом дар куҷост? Ё ки ҳамин Маҳрам дар замони гузашта Меҳрбодом номида мешудааст? - худ аз худ пурсид Айнӣ.

Нақли нависанда ҳанӯз ба охир нарасида мо ба қаровулхона расидем. Айнӣ гунбази нимвайронаро дида, мисли кӯдаконе, ки падарашон аз бозор омада, ягон чизи ширине ба дасташон медиҳанд ва мағрурона шодмонӣ мекунанд, шодмонӣ мекард. Эҳтимол аз хурсандии беканор бошад, сонӣ бо як садои тантанаомез гуфт:

- Шумоён ҷавонед-дия. Муҷассамаҳои таърихи гузаштагонатон дар пеши поятон ғелида мехобанду шумо ба онҳо нимнигоҳ намекунед ва эътибор ҳам намедиҳед!

Машина ба назди гунбаз рафта истод. Айнӣ ба наздики он қаровулхона рафт ва девори нимвайронаи аз гилу шағал омехта шудаи гунбазро ба даст шикаста дидан хост. Аммо вай хеле сахт буд.

- Ин девор чунон сахт, ки боз ҳазор соли дигар фурӯ нахоҳад рафт, - гуфт Айнӣ ба мо нигоҳ карда.

Баъд аз он аз гунбаз ба тарафи шимол як масофаи махсусро қадам карда шумурд. ҳамин тариқ тарафҳои шарқӣ ва ҷанубиро низ чен карда диду илова кард:

- Ин ҷое, ки ҳоло ману шумо истодаем, майдони ҷангҳои шадид ва ҳарбу зарбҳои бисёре будааст. Хок ва сангҳои ин ҷо ҳама аз хуни инсон олуда мебошанд. Қалъаи Маҳрам ва ин каровулхона аз хеле замонҳо боз маълум аст. Дар гузашта ин ҷо ҳамчун дарвозаи Фарғона (номи қадимиаш Фаровона) ба шумор мерафт. Ин гунбазу калъаи Маҳрам бо забони ҳол аз таърих гап мезананд. Дур нарафта, лоақал давраи ҳукмронии амирони Фарғона ва Бухороро мисол гирем. Дар ин майдон на фақат хуни аскарони ду тараф рехта шудааст, ннчунин аксар вақт заминҳои ин ҷо аз хуни мардуми худи ҳамин ҷо ҳам лолагун гаштаанд. Зеро аскарони амирон ҳам дар вақти гурез ва ҳам дар вақти ғалаба халқи ин ҷоро кушта, моли онро тороҷ мекарданд. Девори ин қалъа чандин бор вайрон гардида ва боз бо қувваи халқи ин ҷо аз нав сохта шудааст.

Нақли як воқеаи аҷибе, ки таърихи он на он қадар дур аст, дар ин ҷо бемаврид нахоҳад буд.

Вақте ки кушӯни императори рус ба Тошканд ҳуҷум овард, аскарони Қуқанд ҳам ба ёрии онҳо рафтанд. Тошкандиён диданд, ки қувваашон кифоят намекунад, ба амири Бухоро Музаффархон ариза фиристода, ёрӣ талабиданд. Амир Музаффархон фавран сад ҳазор аскар ҷамъ карда, ба роҳ даромад. Аммо вай ба сӯи Тошканд нарафт, баръакс ба ин ҷо, яъне ба назди қалъаи Маҳрам омада, хайма заду аз ин ҷо ба шаҳрҳои водии Фарғона ҳуҷум овард. Музофоти аз мардуми яроқнок холӣ мондаро талаю тороҷ кард, аз ҷумлаи мардони куҳансол ва занони бепаноҳ монда асирони бисёре гирифта, то ба ин қалъаи Маҳрам овард ва онҳоро дар ин ҷо қатл карда, дар ин дашт аз сари онҳо манора сохт, духтарони бисёреро дуздида, роҳи Бухороро пеш гирифт. Ин гуна ҳодисот дар ин макон чандин бор рӯй додаанд. Ин аст, ки гузаштагони мардуми ин ҷо одамони бисёр кулфаткашида мебошанд.

Пас аз чанде мо ба қалъаи Маҳрам даромадем. Дар он ҷо аз биноҳои қадима нишоне боқӣ намонда буд. Дар майдони васеи дохили қалъа трактор ва машинаҳои бисёри хоҷагии қишлоқ меистоданд. Акнун дар он ҷо МТС-и Маҳрам макон гирифта будааст. Якчанд коргарон ва тракторчиён машғули таъмири шикасту рехти машинаҳо буданд. Айнӣ-.бо онҳо сӯҳбати гарму ҷӯшон гузаронд. Шароити кор, аҳволи зиндагии онҳоро пурсид ва хост, ки аз онҳо дар бораи гузаштаи он қалъа баъзе нақлҳо шунавад. Аммо ҳамаи тракторчиён ҷавонон буданду ба саволҳои Айнӣ ҷавобҳои равшан дода наметавонистанд. Бе пир марав, ту дар амонӣ, Гарчанд Сикандари замонӣ. - гуфт Айнӣ худ ба худ ва сари афсӯс ҷунбонд. Мо дар ҷустуҷӯи ягон марди куҳансол, пиёда ба тарафи қишлоқи Маҳрам рафтем. Дар роҳ Айнӣ киштзорҳои ҷувории сафедро дида, хеле хурсанд шуд:

,- Нағз, ки ин зироатро дар ин ҷо то ба ҳол мекоштаанду тухмашро нигаҳ доштаанд. Оши ҷуворӣ хӯроки бисёр хуб ва дору ҳам мебошад. Пайяаш низ бад не, барои чорво хӯроки серию ширин. Аммо дар Самарқанд ин чиз кам ёфт мешавад. ҳатто тухми ҷуворӣ мисли тухми анқост.

Дар қишлоқи Маҳрам мо ба як чанд куҳансолон рӯ ба рӯ шудем ва Айнӣ бо онҳо мусоҳибаҳо кард.

ДАР КОНИ БОДОМ

Дар нимаи дуюми рӯз мо дар шаҳри Кони Бодом шудем. Дар он ҷо Айниро хеле бо тантана пешвоз гирифтанд. Дар маркази шаҳр намояндагони коргарон, колхозчиён, муаллимон, мактаббачагон ва хизматчиёни идораҳо ҷамъ омада буданд. Митинги калон барпо гардид. Коркунони ташкилотҳои партияӣ, советӣ, муаллимон ва аълочиёни таҳсил ба минбар баромада, нависандаро табрик карданд ва ба вай гулдастаҳо тақдим намуданд. Пионерон ба гардани Айнӣ галстуки сурх баста, ӯро ба мактабҳои худ даъват карданд. Айнӣ дар нутқи ҷавобии худ ба ин қабули гарму ҷӯшони конибодомиҳо миннатдории бузург изҳор кард.

Худи ҳамон рӯз як мактаби миёнаи марказии шаҳр ва заводи консервбарориро дида баромадем. Шабаш дар хонаи котиби якуми комитети партиявии район рафиқ Хидиров хобида, рӯзи дигар ба кони нафти САНТО, ки номи КИМ-ро дошт, рафтем. Роҳе, ки аз шаҳри Кони Бодом ба сӯи кон мерафт, мисли кӯчаҳои ҳозираи шаҳрҳо бо асфалти табиӣ пӯшонида шуда, ниҳоят ҳамвору хушрафт буд. Нависанда, ки дар ин чанд рӯз роҳҳои вайронаро бисёр тай карда буд, ҳоло аз равон ва беозор рафтани машина ҳузур мекард.

Дар кон мо ба сари чандин манора (вышка)-ҳои нафт истеҳсолкунанда рафта, кори самараноки машинаҳоро тамошо кардем. Айнӣ ба сари ҳар як пармаи заминкоб рафта, ҷидду ҷаҳди коргарон ва амалиёти машинаҳоро бо диққат аз назар мегузаронд ва бо коргарон сӯҳбатҳо мекард. Дар бозгашт мо бо кори совети қишлоқи Пӯлодон шинос шуда, пахтазорҳои якчанд колхозҳоро дида баромадем. Дар қишлоқи Кучкак, ки дар вақти ба таври оммавӣ коллективонидани хоҷагиҳои деҳқонони яккадаст шӯриши калони кулакҳо сар зада буд, бисёртар истодем. Нависанда дар он ҷо бо шоҳидони зиндаи он воқеаи фоҷиавӣ мусоҳибаҳо кард. ҳатто ба қишлоқи Шаҳид Қароянтоқ рафта, ҷои кушта шудани раиси совети қишлоқи онвақта - ҳамробоевро дид. Вақте ки мо аз он ҷо баромада роҳи Ленинободро пеш гирифтем, офтоб ба манзилгоҳи шабонааш кайҳо фурӯ рафта, торикӣ ҳама ҷоро фаро мегирифт. (Дафтари қайдҳои сафари Кони Бодом гум шудааст. ҳар чизе, ки ба хотир мондааст, аз ёд навишта шуд. Т. У.)

СӮҲБАТҲОИ ШАХСӢ

Ин гуна суҳбатҳо хеле кам муяссар мегардид. Сабаб он ки Айнӣ ҳамеша серкор буд. Нақшаҳои сафарии ӯ хеле васеъ буду сабаб чӣ, ки вақти кам дошт. ӯ мехост, ки ҳама ҷоро бинад, ҳамаро фаҳмад ва аз рӯи нақшаи пеш тартибдодааш ягон чизро аз хотир набарорад. Аз нақлҳои зикршуда ба осонӣ фаҳмидан мумкин аст, ки вай ба Ленинобод барои таҳқиқоти илмӣ, бо мақсади материалҷамъкунӣ, бо корҳои эҷодии нависандагӣ, омӯхтани ҳаёти нави меҳнаткашон омада буд. Натиҷаи ҳамин сафар буд, ки Айнӣ баъдтар асарҳои таърихӣ-бадеии таърифии худ: «Тирози Ҷаҳон» ва «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» ва дигар мақолаҳои илмӣ-оммавӣ оид ба ин диёр навишт. Бинобар ин вай кори бисёре дошту ба меҳмониҳои алоҳидаи ғайрирасмӣ, сӯҳбатҳои шахсӣ намерафт.

Боре ман «як шаб ба кулбаи мо ҳам қадам ранҷонед» гӯён хоҳиш кардам. Аммо Айнӣ ҷавоби манфии қатъӣ дод:

- Меҳмондорию меҳмоннавозӣ аз ин зиёд намешавад. Ба даъвататон бисёрҳо раҳмат! Аммо барои ин гуна зиёфатхӯриҳо вақт нест. Ғайр аз ин агар ба хонаи шумо равам, ба ҳавлии дигар рафиқон ҳам рафтан лозим мешавад. Бед, монед! Ин дафъа ман бо кору ба таври расмӣ омадаам. Пас аз чанде барои гашту истироҳат меоям ва ана дар он вақт рост ба манзили шумо, ба меҳмонӣ меоям, - гуфт.

Хабар дорам, ки даъватҳои рафиқони дигар ҳам бе натиҷа монданд. Бинобар ин сӯҳбатҳои «шахсии» мо аксаран дар вақти рафтан ба ягон роҳи дур, дар сари хӯрок ва ё дар вақти интизории ягон вохӯрӣ (яъне то сар шудани ягон маҷлиси расмӣ) ба вуқӯъ мепайваст. Боре, дар яке аз ин гуна мавқеъҳо ман ба устод Айнӣ банохост чунин савол додам:

- Агар хато накунам, шумо нависандагиро дар аввал аз назм сар карда будед. Чаро акнун фақат наср менависеду шеърҳоятон дар рӯзномаҳо чоп намешаванд?

Айнӣ мисли он, ки мунтазири ин гуна саволе набуд, якбора чашмҳояшро калон кушода, ба ман нигоҳ кард. Ба назари ман чунин расид, ки Айнӣ аз ин саволи ман ранҷид ва ҳозир ба ман «Ту кию ба ман ин гуна савол додан чӣ?» мегӯяд. Аммо вай ин тавр нагуфт. Баъд аз ба ман зеҳн мондан камтар ба фикр фурӯ рафту эзоҳ дод:

- Шумо ҷавони таҳсилкарда, муҳаррири як рӯзномаи ба назар намоён. Бояд донед, ки доираи назм назар ба доираи наср хеле танг аст. ҳаминро ҳам шояд фаҳмед ки тараққиёти бо ин суръати барқосо пеш рафта истодаи ҷамъияти моро фақат бо назм тасвир кардан номумкин аст. Ғайр аз ин бо боварии комил метавон гуфт, ки ояндаи адабиёт бештар ба наср тааллуқ дорад. Бинобар ин дар ин замон насрнависӣ воҷибтар аз назм аст. Ғайр аз ин гуфтан лозим, ки гузаштагони адабиёти мо шеъргӯиро ба дараҷаи олияш расондаанду аммо ба наср аҳамият надодаавд. Албатта, ман ҷангномаҳою афсонаҳо, «Маликаи ҳазорсавол» ва «Калилаю Димна» барин асарҳоро дар назар надорам. Ман ҳикоя, повест, роман барин асарҳои бадеиро мегӯям. Ин, албатта, сабабҳо дорад. Нависавда - гӯяндаи умеду орзуҳо, мубориза ва ҳаёт, ғам ва шодиҳои халқи худ мебошад. Мо бояд ҳамаи соҳаҳои ҳаёти халқамонро дар бар гирем. Гузашта ва ҳозираи ӯро ба воситаи адабиёт, яъне бо ка-лимоти латифу зариф, ки маънии бузург дошта бошад, нишон диҳем. Барои ин мақсад фақат доираи назм тангӣ мекунад. Ин аст, ки ман ба насрнависӣ шурӯъ кардам ва дар ин роҳ шавқи калоне пайдо кардаам.

Рӯзе, ки мо дар Камартӯқай, дар меҳмонии Аҳмад Саркор будем, Айнӣ дар як бари шипанг рост истода, бо ҳасуд ба чаҳор тараф нигоҳ мекард ва худ ба худ гуфт:

- Чӣ манзараҳои зебое! Канӣ наққоши Чин Монӣ, ки аз ин нафосат ва зарофатҳо нақш бардорад?

Азбаски ман бо тарбузи бесулақай «дар мубориза» будам ва онро мағлуб гардонда, пора мекардам, ғайр аз ин он манзараҳоро қариб ҳар рӯз медидам, ба ҳисси шодмонӣ ва шавқи устод ҳамдардӣ накардам. Эҳтимол, Айнӣ гумон кард, ки ман ба шавку завқ ва шодмонии ӯ аҳамият намедиҳам. Вай беҳавсала як хамёза кашиду «як уф» ҳам гуфта, баъд ба сари дастурхон омада нишаст. Аҳмад Саркор ҳанӯз аз паси обу ош даву ғеҷ карда мегашт. Ман нисфи тарбузро пора карда, нисфи дигарашро коса кардам, ки ба назар як заврақ барин менамуд. Ман аз ин бузургии косаи тарбуз ба завқ омада, бо чеҳраи хандон ба Айнӣ нигоҳ кардам, ки боз табъаш хира шудааст. Бо мақсади он, ки «гуноҳи» беаҳамиятии худро харам, бо шӯхӣ гуфтам:

- Домулло, неъмати табиатро ҳам бинед! Ин косаи тарбуз аз пиёлаи сангини Рустами Достон, ки дар саҳни масҷиди ҷомеи шаҳри Бухоро гузошта шудааст, ҳеҷ монданӣ надорад.

Айнӣ як табассуми сохта кард ва намедонам аз чӣ сабаб буд, калимаи зебоиро якчанд маротиба такрор намуд.

- Нависанда, - гуфт Айнӣ, - бояд ҳар чизи зебоеро дида тавонад ва онро дӯст дорад, бо каломи латиф ва зарофати махсус, мисли наққош (агар лозим шавад, ҳатто аз будааш беҳтар) онро тасвир намояд, мисли ҳайкалтарош муҷассамаи барҷаста карда нишон диҳад. Инро на ин ки бо калимоти зебои интихоб кардашуда, балки бо афкори зебо, яъне маънии бо мантиқу манфиатнок, шавқовар ифода кунад.

Ин гуфтаҳои Айнӣ дар бораи табиатро омӯхтан ва зебоиро дида тавонистан ҳанӯз дар ҳамон вақт ба ман як таъсири бузурге бахшиданд. Рӯзи охири меҳмонии Айнӣ дар Ленинобод буд. Пагоҳ субҳи барвақт устод бояд ба Тошканд ва аз он ҷо бо поезд ба Самарқанд мерафт. Нависанда мехост дар сари роҳи Тошканд баъзе маҳалҳоро бинад, махсусан роҳеро, ки муғулҳо аз тарафи шимол то ба Хуҷанд омадаанд, муайян намояд. Ғайр аз ин вагоне, ки аз истгоҳи роҳи оҳани Ленинобод ба сӯи Самарқанд мерафт, дар истгоҳи роҳи оҳани Хавос чордаҳ соат истода мемонд.

Як гурӯҳ талабагон, ки Айнӣ ба мактаби онҳо рафта натавониста буд, паси ҳам ба мулоқот ба меҳмонхона меомаданд. Ғайр аз ин тайёрии роҳро низ дидан лозим буд. Дар байни ин ташвишҳо Айнӣ ба ман изҳор кард, ки вай мехоҳад ба колхози «Болшевик» равад ва бо колхозчиёни пешқадами он сӯҳбат гузаронад, каме бошад ҳам, саргузашти онҳоро навишта гирад.

Ба ин кор камаш чор соат мерафт. Хостам Айниро «аз роҳ занам» ва ба он колхоз нарафта, ба сафар тайёрӣ бинем. Бо ҳамин мулоҳиза гуфтам:

- Ин қадар сӯҳбатҳо гузаронидед, саргузашти одамони бисёрро навишта гирифтед, магар кофӣ нестанд?

- ҳар вакте ки қалами нависандагӣ ба даст гиред, баъд хоҳед фаҳмид. Барои повест ва ё роман навиштан сад саргузашт бошад ҳам, кам аст. Зеро саргузашти ҳар яке аз ин коргарон, колхозчиён манбаъи беҳамтои материалҳо барои саргузашти қаҳрамонҳои асар мебошад. Агар ин гуна саргузаштҳои аҷоиб бисёртар дар даст бошад, монанди устои хонасоз, ки материалҳои бинокориро ба ҷой-ҷояш кор фармуда, иморат рост мекунад, нависанда ҳам бо суханҳои ширини адабӣ ин саргузаштҳоро ба ҷой-ҷояш гузошта, устокорона ба ҳам мепайвандад. Баъд мебинед, ки повест ва ё роман ба вуҷуд омадааст.

Ин гуна сӯҳбатҳо борҳо ба вуқӯъ меомад. Аммо гуноҳи муаллифи ин сатрҳо дар он аст, ки на ҳамаи он сӯҳбатҳоро дар дафтари хотира қайд карда будааст.

САФАРИ ТОШКАНД

Рӯзаш ба хотирам намондааст, нимаи аввали моҳи октябр буд. Мо бояд ҳамроҳи Айнӣ ба Тошканд мерафтем. Роҳи Ленинобод-Тошканд он қадар дур (155 км) набошад ҳам, хеле вайрон буд. Машинаамон низ кӯҳна буда, шинҳои эҳтиётӣ надошт. Ба замми ин Айнӣ мехост, ки худи ҳамон шаб аз Тошканд бо поезди Москва - Ашкобод то Самарқанд равад. Бинобар ин мо бояд рӯзона ба пойтахти ӯзбекистон расем ва барои сафар бо роҳи оҳан билет ба даст орем. Ин буд, ки мо ҳанӯз субҳ надамида аз Ленинобод баромаданӣ шудем. Бо ҳамин сабаб Айнӣ ҳанӯз аввали шаб бо рафиқон хайрухуш кард ва мо пагоҳи барвақт аз меҳмонхона баромадем. Аммо назди дари меҳмонхона пур аз одам буд. Инҳо намояндагони як қатор корхонаҳои саноатӣ, колхозҳои назди шаҳрӣ, муаллимон ва ғайра буданд. Онҳо ба торикии саҳар нигоҳ накарда, барои гуселонидани нависанда ба ин ҷо омадаанд. Айнӣ бо онҳо гарму ҷӯшон хайрухуш карда, ба машина савор шуду мо ба соҳили дарё, ба он ҷое, ки кема интизори мо буд, равон шудем.

Машинаи мо рӯ ба боло, ба сӯи Чоруғдаррон мерафт. Акнун аввалин шарораҳои офтоб куллаҳои баландтарини кӯҳҳои Қаромазор ва Муғулро сурх карда буданд. Ин куллаҳо дар байни сангҳои сиёҳ ва гуламух мисли манқали оташ менамудавд. Дар тарафи дасти рост дарёи Сир мисли тасмаи сафеде печу тоб хӯрда, намоён мегардид. Дар китфи рости ӯ дашти 10 ҳазор гектари Сомғор тӯл мекашид, ки аз гиёҳ асаре надошт. Дар саргоҳи шарқии ин дашти бегиёҳ дарахтони сабзу хуррами қшлоқи Сомғор мисли гулдастаи сабз ба назар метофтад. Аммо кӯҳи «Маховтоғ», ки дар оқибгоҳи он «гулдаста» воқеъ гардидааст, бо намуди «нозебои» худ ҳамаи файзи он сабзазорро аз байн мебурд. Айнӣ дар назди ронанда нишаста буд. ҳар замон ягон чизеро мепурсиду чор тарафро тамошо мекард. Дар пеш даввони Чоруғдаррон. Ба нохост ба гӯши ман як садои замзамае расид. Чор тараф нигоҳ кардам. Дар машина Айнӣ, ман ва ронанда. Ронанда одати сурудхонӣ надошт. Ман ҳам, ки бедорхобу серташвиш будам, ба замзама ҳеҷ ҳавсала надоштам, Айнӣ кадом як ғазалеро бо садои пасти зеридимоғӣ мехонд. Ғазал аз Камол ё аз ҳилолӣ буд.

Ман дар аввал ҷуръат карда: «Эй домулло! ҳамин қадар ҳунаратон будааст-а!» гуфтанӣ шудам. Зеро дар ин муддати як моҳ бо Айнӣ ҳамроҳ гашта, ба ҳамдагар хеле ошно шуда будем ва баъзе гапҳоро беистиҳола мегуфтем. Боз бо фикри «беҳтараш ин ки аз ин гуна густохӣ худдорӣ кунам», ба нависанда чизе нагуфтам ва хомӯш монда, атрофро тамошо мекардам. Гӯшамро наздиктар бурда, калимаҳои ғазалро дурусттар шуниданӣ мешудам. Мо аз даввони Чоруғдаррон гузапгта, ба фаромадгоҳи Кони Мансур (Консой) расидем ва аз он ҷо гузашта, ба дашти Мирзоработ баромадем. Машинаҳои боркашон ба сӯи конҳои Такалӣ ва ғайра рафтуой мекарданд. Вақте ки мо ба сероҳаи Янтоқ расидем, Айнӣ, эҳтимол, «роҳро гум накунем» гуфта, хавотир бошад, ки пурсид:

- Ба роҳи тарафи рост машинаҳо бисёр рафтаанд. Магар он роҳи Тошканд нест?

- Не. Он роҳ ба деҳаи Сардоб меравад. Дар он ҷо кони нави маъданҳои ранга кушодаад, -ҷавоб додам ман.

Кӯҳи Муғул, Кони Мансур, Такалӣ, Дашти Мирзоработ ҳам ақиб монданд. Мо ба қишлоқи Янтоқ расидем. (ҳозир маркази райони Масчоҳи нав. 55 км аз шаҳри Ленинобод). Дар он ҷо ғайр аз се ҳавлича ва як чойхонаи аз кумури мӯрӣ сип-сиёҳ гардида дигар иморате набуд. Ба чойхона даромада як чои гарм нӯшиданӣ шудем. Аммо Айнӣ рӯяшро турш карда, бо аломати «не» сар чунбониду гуфт:

- Пас аз он ҳама манзараҳои зебо дар ин чойхонаи сип-сиёҳ даромада нишастан таъсири хубу табъи хушро хира мекунад. Беҳтараш ин ки дар ягон ҷои хушманзарае дам гирем!

Мо ба зудӣ аз он ҷо роҳи Пискентро пеш гирифтем. Маҳалҳои Етимчуққӣ, адири Шутургардан, саргоҳи деҳаи Барзу, Мурод Алиро ақиб гузошта, ба маркази райони Пискент, соҳили дарёи Оҳангарон расидем. Дар сари роҳ ба як чойхонаи барҳаво дам гарифтем.

Айнӣ чанги либосу мӯзаи худро афшонда, дасту рӯ шуст ва дар ҳолате ки бо сачоқ дасту рӯй пок мекард, ба лаби кати чойхона, ба назди ман омада, бо тааҷҷуб калла ҷунбонд:

- Чӣ номҳое! Сомғор, Чоруғдаррон, Даввон, Кони Мансур, Мирзоработ, Деҳаи Барзу, Сардоб, Шутургардан, Етимчуққӣ, Пискент, Оҳангарон! Номҳоеанд, ки ҳоҷат ба баён нею худашон ба худашон гувоҳӣ медиҳанд, - гуфт.

Ман ҳам бо сарчунбонӣ тасдиқ кардам. Айнӣ ҷомадонро кушода, як бутилка конякро гирифт ва ба ман дод, ки даҳонашро во кунам. Мо дар он ҷо хеле нишаста наҳор хӯрдем ва пас аз чойнӯшӣ боз ба роҳ баромадем.

Билетгарӣ ба поезд он қадар мушкил нашуд. Пас аз гарифтани билет хотирҷамъ шуда, бо машина кӯчаҳои шаҳри Тошкандро давр задем. Айнӣ барои бачаҳо чӣ тӯҳфаҳое хариду худи ҳамон шаб мо ӯро ба поезд савор карда, гуселондем. Хайру хуши мо бо Айнӣ хеле гарму ҷӯшон буд. Айнӣ аввал шофер Николай ва баъд маро ба оғӯш кашида, сахт-сахт бӯсид ва барои меҳмондориамон миннатдорӣ изҳор кард. Он шабро дар Тошканд гузаронда, рӯзи дигар ман ва Николай ба Ленинобод баргаштем...

Як ҳафта пеш аз вафоташ барои зиёрати Айнӣ ба боғи Совети Вазирон рафтам. Пас аз каме сӯҳбат яке аз ҳамшираҳои тиббӣ, ки хеле зебо буд, ба бемор дору овард. Ман аз диққати назари устод бехабар ба он духтарак бо ҳавас нигоҳ карда мондам. Баъд аз берун рафтани ҳамшираи тиббӣ Айнӣ бо табассум ба ман нигоҳ карда гуфт:

- Меҳмонхонаи Хоҷа Камол ба хотирам меояд. Ёд доред, ки шумо чӣ хел аз тирезаи он ба духтарони роҳгузар нигоҳ мекардед?

Дар чашмҳои устод Айнӣ ман як завқи ҷавониро дидам. Бори дигар дар он ҷо фаҳмидам, ки нависандаи маҳбубамон то дами охир сафари Ленинободро ба ёд дошт.

Тоҷӣ Усмон
Таҳияи Маҷид САЛИМ
Бознашр аз маҷаллаи «Садои Шарқ», №9, соли 2016

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...