(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаҳои коркарди меваву сабзавоти шаҳри ХуҷандРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои коркарди меваву сабзавот аз як қатор корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд боздид намуд. Дар инбора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Зимни боздиди Раиси вилоят аз ҶСК “Хуҷандпакижинг” иттилоъ дода шуд, ки ин корхонаи истеҳсолкунандаи шарбатҳои мевагӣ се сол инҷониб фаъолият надорад. Солҳои пеш дар ин корхона то 100 нафар бо ҷойи кор таъмин буданд ва маҳсулоти истеҳсолии он илова бар бозорҳои дохилӣ ба кишварҳои Қазоқистону Гурҷистон ва Федератсияи Россия низ ба фурӯш бароварда мешуд.

Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дубора фаъол намудани корхонаҳои бозистода ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ба масъулини корхона дастур дод, ки дар фурсатҳои кутоҳтарин иқтидори пешина барқарор карда шавад.

Зеро фаъолияти мунтазами корхонаи саноатӣ аз як тараф барои коркарди меваҳои тару тозаи вилоят мусоидат намояд, аз ҷониби дигар даҳҳо нафар соҳиби ҷойи корӣ хоҳанд шуд.

ҶСК “Корхонаи консервабарории Хуҷанд” аз зумраи корхонаҳоест, ки дар гузашта хеле маъруф буд ва дар он то 1000 нафар кор мекарданд. Баъди иваз намудани шакли моликият ва бинобар муфлисшавӣ ин корхонаи азим як муддат аз фаъолият боз монд ва солҳои охир дубора фаъол гардид. Вале иқтидори корхона ҳамоно пурра истифода намешавад.  Имрӯзҳо дар “Корхонаи консервабарории Хуҷанд” ҳамагӣ 20 нафар фаъолият мебаранд ва дар он асосан хамираи помидор истеҳсол мегардад.

Дар суҳбат бо роҳбарияти корхона Раиси вилоят аз дастгириҳои давлатӣ ёдовар шуд ва таъкид намуд, ки барои дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат имтиёзҳои зиёд дода шудааст. Бинобар ин, роҳбарияти корхонаро зарур аст, ки барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот ва то ба 4 миллион қутии шартӣ расонидани иқтидори истеҳсолӣ аз имкониятҳои мавҷуда истифода баранд.

Ҳангоми боздид аз ҶСК «Лаъл» Раиси вилоят таъкид кард, ки барқарор намудани фаъолияти корхона ҳамаҷониба манфиатбахш хоҳад буд. Бо насби хатҳои технологии ҷадид “Лаъл” метавонад талаботи корхонаҳои консервабарорӣ бо зарфҳои шишагинро то андозае қонеъ намояд.  Дар назар аст, ки дар корхона зарфҳои шишагини гуногунҳаҷм истеҳсол карда шавад.

Сипас, Раиси вилоят бо фаъолияти ҶДММ “Пешсаф-1” шинос гардида, аз фаъолияти муназзами ин корхона изҳори қаноатмандӣ намуд. ҶДММ “Пешсаф-1” соли 2016 ба фаъолият оғоз кардааст ва дар он 15 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шудаанд. Дар корхонаи мазкур дар як шабонарӯз то 2 ҳазор литр шир коркард ва 8 намуди маҳсулоти ширӣ истеҳсол мешавад. Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти ин корхона тавсия дод, ки доираи фаъолиятро васеъ намуда, ба банду баст ва сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда аҳмияти бештар дода шавад.

ҶДММ “Нӯшокиҳои Муҳаббат” аз ҷумлаи дигар корхонаҳоест, ки мавриди таваҷҷуҳи Раиси вилоят қарор гирифт. Ин корхона соли 2017 ифтитоҳ гардидааст ва дар он 16 нафар бо ҷойи корӣ таъминанд. Аснои шиносоӣ Раиси вилоят ба роҳбарияти корхона тавсия дод, ки дар намоишгоҳҳои минтақавию байналмилалӣ иштирок намуда, маҳсулоти хушсифати худро муаррифӣ намоянд. Зеро меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон, махсусан афшураҳо дар хориҷи мамлакат низ харидорони худро дорад.

Дар поёни боздид Раиси вилоят бо фаъолияти соҳибкори инфиродӣ Ҷамшед Сатторов, ки ба истеҳсоли хамираи помидор машғул аст, шинос шуд. Тарзи фаъолияти корхонаи соҳибкор мавсимӣ буда, иқтидори он ба коркарди то 3 тонна помидор дар шабонарӯз баробар аст. Тавре соҳибкор зикр дошт, айни ҳол ба маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо талабот хело зиёд аст.  Аз ин рӯ онҳо тасмим гирифтанд, ки истеҳсолотро дар шаклҳои дигар низ ба роҳ монанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...