(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз бо натиҷагирӣ аз фаъолияти баъзе вазорату идора, сохторҳои низомӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тағироти кадрӣ ба амал бароварда, онҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули сатҳи роҳбарӣ таъин шуданд, ба ҳузур пазируфтанд. Нахуст Сардори давлат ҳозиринро вобаста ба иҷрои вазифа ва масъулияти роҳбарӣ бо тарзу усулҳои муосир, меҳнати софдилона баҳри ободии Ватан ва таъмини фазои шаффофу мусоиди кору фаъолият дар ниҳодҳои зери роҳбариашон ҳидоят намуданд.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисони судҳои ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Шаҳристон, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, раисони суди шаҳрҳои Бохтар, Леваканд ва ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, раиси суди ноҳияи Мурғоби ВМКБ, раиси суди иқтисодии ВМКБ, раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон, муовини раиси суди иқтисодии вилояти Суғд, муовини раиси суди шаҳри Ҳисор, судяҳои суди як қатор шаҳру навоҳии мамлакат аз ҳисоби ҷавонону мутахассисони варзида ва поквиҷдону масъулиятшинос таъин карда шуданд. Мутобиқи банди 8-и моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Муминзода Бахтиёр Мумин бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бобозода Хисрав Хоркаш муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигард таъин гардиданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон прокуророни ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Муминободи вилояти Хатлон, прокуророни шаҳрҳои Гулистон, Истиқлол, ноҳияҳои Ашт, Деваштич ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд таъин гардида, дар якчанд Раёсат ва сохторҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия низ тағироти кадрӣ сурат гирифт.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Носир - Директори муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, Давлатзода Сайфиддин муовини Вазири маориф ва илм, Аҳмадзода Орзу - муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Ширинҷонзода Маҳмуд – муовини аввал, Қаландарзода Ҳабибулло – муовини Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қурбонзода Амирхон Файзулло – муовини Раиси вилояти Хатлон таъин гардиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат зимни сӯҳбат ҳар як хизматчии давлатиро таъкид намуданд, ки дар доираи санадҳои танзимкунандаи фаъолияти соҳавӣ кори бонизому дуруст ва самараноки самти вобасташударо таъмин намуда, дар иҷрои вазифаву масъулият бо ҷиддият, поквиҷдонӣ садоқат ба Ватану миллат муносибат намуда, тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонӣ ва таҷрибаи касбкардаро баҳри ободии сарзамин ва мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷомеа ва сабабу монеаҳои пешрафту тараққиёти кишвар равона намоянд.

“Дар шароити зудтағирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва авзои минтақа афроди огоҳу ҳушёр, соҳибкасбу баномус ва дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ метавонанд оромии сарзамин ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз намоянд”, -таъкид намуданд дар фарҷоми сӯҳбат Пешвои миллат.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...